Мақолаҳо
Заминаи воқеии рушди сайёҳӣ
Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт, бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои милодӣ, феномени иқтисодии садсола эътироф гаштааст. Сайёҳӣ ҳамзамон ба даромади соҳибкорон таъсири мусбӣ мерасонад, сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуда, аз ин ҳисоб буҷаи давлат ганӣ мегардад.
Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар гардидани симои сайёҳии Ватанамон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа, соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.
Самараноки имкониятҳо барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, мукаммалгардонии омори сайёҳӣ, ҷалби сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат заминаи мусоид мегузорад.
Дар самти ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти устувори соҳа ва татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №80 Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020 тасдиқ гардид. Бояд қайд кард, ки тибқи ин барнома то соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд беш аз 1 млн. сайёҳро қабул намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва дорои захираҳои табиӣ мебошад, ки барои рушди сайёҳии дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта, соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ самти афзалиятноки иқтисодиёти миллиро ташкил медиҳад.
Бахши сайёҳӣ ҳамчун падидаи нав ва яке аз самтҳои сердаромадтарини иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир арзёбӣ мегардад, ки солҳои охир даромаднокии ин бахш аз даромаднокии саноати нафту газ, автомобилсозӣ ва кимиё баландтар баҳогузорӣ гардида, ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ корҳои мушаххас анҷом дода шуда, то ба имрӯз дастгириҳои беназире дар рушди инфрасохтори сайёҳи ба чашм мерасад. Аз ҷумла, якчанд минтақаҳои байналмилалии сайёҳӣ ташкил карда шуда, меҳмонхонаҳо ва марказҳои тиҷоратии ба талаботи муосир ҷавобгӯ сохта ба истифодаи умум пешниҳод карда шуданд, ки таъсири он ба рушди иқтисодиёти миллӣ зиёд аст.
Бояд қайд намуд, ки рушди бахши сайёҳӣ барои ташкили ҷойҳои кории нав мусоидат намуда, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии некуаҳолии халқ мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
Тоҷикистон кишваре мебошад, ки чашмаҳои сафобахш ва манзараҳои беҳамторо дорад ва бо назардошти мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ, таърихию фарҳангӣ, экологӣ, сайёҳӣ метавонад яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақаҳо бошад, ки манзараҳои нотакрору чашмасорону обҳои шифобахш ин минтақаи биҳиштосо, таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст. Яке аз ин минтақаҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, ки бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳои сар ба фалак ва манзараҳои беҳамто дар ҷаҳон шӯҳрати калон пайдо кардааст. Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят, инчунин мавҷудияти ҷойҳои таърихию табобатӣ, ба монанди кӯли Сарез, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Биби Фотимаи Зуҳро, қаторкӯҳҳои баландтарин дар ҷаҳон пиряхҳои Помир ва 4 санатория мусоидат менамоянд.
Минтақаи дигари кишвар ин вилояти Хатлон мебошад, ки айни ҳол дар вилоят 4 ширкати сайёҳӣ, аз ҷумла ширкати сайёҳии ҶДММ «Сари Хосор тревел» дар ноҳияи Балҷувон, ширкати сайёҳии ҶДММ «Морхӯр» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ширкати сайёҳии ҶДММ “Ориёӣ” дар шаҳри Кӯлоб, ширкати сайёҳии ҶДММ “Истироҳатгоҳи Пули Сангин” дар шаҳри Норак фаъолият доранд.
Ба вилоят сайёҳии кӯҳию варзишӣ, экологӣ рост меояд, ки бештар дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Норак, Сарбанд, Хуросон, Шамсидин Шоҳин ва Ховалинг созгор буда, дар ин замина, сохтмони роҳи Балҷувон-Сари Хосор, Кӯлоб-Чилдухтарон ба мақсад мувофиқ аст. Инчунин шаҳрҳои қадимтарин Қалъаи Ҳулбук, кӯхи Хоҷа- Муъмин, мазори Чилдухтарон, Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар мавзеъҳои таърихиро дорост.
Ҷиҳати пайдо намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи бахши сайёҳӣ, аз таҷрибаи ҷаҳонӣ маълум мегардад, ки барои ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ба бахши сайёҳӣ, давлат аввалан самтҳои афзалиятноки онро муайян карда, ба он имтиёзҳо ҷудо менамояд. Инчунин зарур аст, ки дар марҳилаи аввал давлат бахши хусусиро барои сармоягузорӣ ҳавасманд гардонида, барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ заминаҳои зарурии иқтисодӣ ва ҳуқуқиро таъмин намояд. Пас аз гузаштани фосилаи муайяни вақт (аз 3-5 сол) онҳо ба манбаи муҳими воридоти асъори хориҷӣ табдил хоҳанд ёфт.
Бо истифодаи ин усул Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор имтиёзҳои муҳими андозию гумрукиро ба рушди соҳаи сайёҳӣ фароҳам овардааст. Аз ҷумла, ширкатҳои сайёҳӣ дар тӯли панҷ соли аввали фаъолияти худ аз андози фоида озод карда шуда, воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд. Инчунин боҷи воридотӣ ба автомашинаҳои нав 50% коҳиш дода шуд, ки ин тадбирҳо барои рушди соҳа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. (Бо ҳамин усул рушди сайёҳӣ дар ҷумҳуриҳои Туркия, Анталия, Измир ва Қирғизистон амалӣ карда шудааст).
Ҳамин тавр, Тоҷикистон имконияти беҳтарини рушди соҳаи сайёҳиро дорост ва самтҳои афзалиятноки бахши сайёҳӣ, сайёҳии экологӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ, саёҳати сайругаштӣ таърихию фарҳангӣ, куҳнавардӣ ва шикор ба шумор мераванд, ки он ба иқтисодиёти мамлакат мусоидат намуда, ба марказонида шудани он дар як ё якчанд корхонаи калон роҳ медиҳад, заминаи асосии баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар маҳалҳо ба шумор меравад, талабот ба маҳсулоти маҳаллӣ ва ё мутахассисони маҳаллӣ метавонад барои ташаккули заминаи воқеии рушди соҳаҳои дигари саноат мусоидат намояд.
Ш. Нуров, мудири кафедраи менеҷменти молиявӣ