Мақолаҳо
Неъмати бебаҳо ва кафолати наҷоти аҳли башар
22 марти соли 2018 Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯйи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар доираи санаи биступанҷумини баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об доир гардид.
Об яке аз сарчашмаҳои асосии рӯзгори инсоният мебошад ва бе он мавҷудияти ҳаёт дар рӯйи замин ғайриимкон аст. Захираҳои об дар миқёси ҷаҳон хеле зиёд буда, 71%-и масоҳати кураи заминро об ишғол кардааст. Бо вуҷуди ин, инсоният солҳои охир аз нарасидани оби тоза ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст ва ин масъала ба яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст.
Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар айни замон танҳо 1,2 миллиард аҳолии курраи замин аз оби тоза бархӯрдоранд. Зиёда аз 3 миллиард нафар оби ғайрисанитарӣ истеъмол менамоянд. Ҳар сол зиёда аз 5 миллион нафар аз бемориҳои вобаста ба олудагии об вафот мекунанд.
Кишвари мо ҳарчанд дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор дорад, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад, чунки бо вуҷуди доштани сарчашма ва манбаъҳои бузурги оби тоза мо низ бо ин проблема рӯ ба рӯ ҳастем.
Ҷомеаи инсонӣ аз замоне, ки ақлу дини худро дастрас намуд, аввалин эътиқоди онҳо эътиқод ба унсурҳои табиат: об, хок, бод ва оташ буд. Исоният аз азал хусусиятҳои хоси ин унсурҳоро фаҳмида, муҳимияти онҳоро барои ҳаёт дарк намуда буд. Бозёфтҳои археологӣ низ аввалин маротиба ташаккулёбии инсоният ва ҳамчун қабила-қабила зиндагонӣ кардани инсонҳоро дар наздикии дарёҳо ва баҳрҳо муайян намудааст. Зеро, ки об манбаи асосии зиндагонии одамони аввалин будааст. Ҳоло бошад, қисмати зиёди инсоният дар бисёр қитъаҳои олам аз норасоии об азият мекашанд, ки ин албатта ба зиёдшавии фавт, бемориҳои сирояткунанда ва ғайра оварда мерасонад, ки ин масъала тамоми мардуми курраи заминро дар ташвиш гузоштааст.
Таъмини оби тоза заминаи асосии қонеъ гардонидани талаботҳои асосии зиндагонии инсон, пеш аз ҳама, барои нигоҳ доштани ҳифзи саломатӣ, таъминоти ғизои безарар ва ғайра хеле зарур аст.
Бо ибораи дигар, об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувори инсоният аст. Бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ низ солҳои охир гирифтори хушксолӣ ва обхезиҳои зиёди пайдарҳам гардида истодааст. Ҳамаи ин натиҷаи афзоиши эҳтиёҷот ба захираҳои об мебошад, ки ҳаҷми онҳо маҳдуд аст.
Дар айни замон баҳру дарёҳо, кӯлҳо ва пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии таъминоти об ҳастанд, мисли дигар сарватҳои табиат аз ҷониби одамон бе назардошти оқибатҳои ногувор истифода мешаванд. Аз ҳамин сабаб, масоҳати онҳо торафт маҳдуд мегардад, сифати об коста мегардад, миқдори обе, ки барои зарурати таъминоти инсон лозим аст, сол то сол кам мешавад.
Барои мардуми Осиёи Марказӣ ду масъалаи глобалии экологии дигар, ки аҳамияти махсусан муҳим доранд, ки инҳо масъалаи кӯли Сарез ва баҳри Арал мебошад.
Кӯли Сарез қариб як аср пеш дар баландии 3262 метр, дар натиҷаи канда шудани кӯҳпора ва баста шудани маҷрои дарёи Мурғоб дар макони серзилзила пайдо шуда, 70 киллометр дарозӣ, қариб якуним километр бар ва беш аз шонздаҳ миллиард метрии мукааб оби тозаи нӯшокӣ дорад, ки бо чунин захираи об тамоми аҳолии сайёраро дар давоми як сол бо оби аълосифати нӯшокӣ таъмин намудан мумкин аст.
Тоҷикистон барои пешгирии ин кор тамоми чораҳои заруриро истифода менамояд, вале ниёзманди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ, мутахассисон ва коршиносони варзидаи ҷаҳонӣ мебошанд.
Масъалаи дигари глобалӣ баҳри Арал мебошад, ки дар натиҷаи ба он рафта нарасидани оби дарёҳои Ому ва Сир хавфи шӯршавии заминҳои минтақаро ба вуҷуд овардааст. Солҳои охир гарм шудани иқлими сайёра идома дорад, ки ин боз як хатари нав ба вуҷуд овардааст. Аҳолӣ низ босуръат меафзояд ва бо он миқдори захираҳои об, ки имрӯз ҳаст, имконияти маҳдудияти оби нӯшокӣ аз гумон дур нест.
Умуман, ҳифзи захираҳои об, истифодаи оқилаи онҳо барои наҷоти аҳли башар аҳамияти бештаре пайдо менамояд. Бинобар ин ҳам ҳифзи сифати захираҳои об ва истифодаи сарфакоронаву оқилонаи онҳо вазифаи асосии одамон бояд бошад.
Ҳалли масъалаи марбут ба об бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки мушкилоти нарасидани об барои халқҳои ҳамсоя на воситаи тафриқаандозӣ, балки омили муттаҳидкунанда гардад. Сиёсатмадорон, мутахассисону коршиносон бояд, ки роҳи ба низом даровардани ин мушкилотро бо назардошти манфиатҳои тамоми халқҳои таърихан ҳамсоя ҷустуҷӯ ва пайдо намоянд.
Оби тоза ба мисли неъматҳои дигари табиӣ, аз ҷумлаи сарватҳои миллии мост ва муносибати хоссаро тақозо мекунад. Тамоми мардуми тоҷикро зарур аст, ки барои амалӣ гардонидани ташаббуси Пешвои миллат дар миқёси ҷаҳонӣ оид ба масъалаи глобалии Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» масъулият нишон дода, ба он ҳиссагузор бошанд.
Қутбия Ҳомидова, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ
Муборак Мирзоалиева, ассистенти кафедра