Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Рамзи ҳастии миллат

Инсоният дар таърихи тӯлонии хеш вобаста ба вазъу ҳолатҳои гуногун ва печида ба ҳадафҳояш рамзҳои зиёдеро эҷод намудааст. Парчам низ чун рамз таърихи хеле қадима дорад. Имрӯз ҳеҷ як давлатро бе парчам тасаввур карда наметавонем. 


Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома»-и худ таърихи пайдоиши парчамро чунин шарҳ додааст. Заҳҳок барои морони сари китфаш ҷавонони зиёдеро қурбон мекунад. Ҳамроҳи ин ҷавонон 17 писари Коваи оҳангар ҳам туъмаи морони Заҳҳок мегарданд. Коваи оҳангар барои қассос гирифтан аз Заҳҳоки хунхор мешӯрад ва пешдомани чармини хешро бар сари найза кашида, халқро ба шӯриш даъват мекунад ва ба пирӯзӣ мерасад. Баъди ғалабаи Коваи оҳангар шоҳ Фаридун ба сари тахт меояд ва ӯ пешдомани Коваи оҳангарро «Ковиёни дурафш» (дурафши ковиёнӣ) мехонаду бо зару зевар меорояд ва муқаддас медонад. Дурафш, шакли дигараш дирафш ҳаммаънои парчам аст. Дурафши ковиёнӣ солҳои сол мояи ифтихору ғурур ва пешбари пирӯзиҳои ворисони Фаридун будааст ва ниҳоят, арабҳо иистилогаронро ҳангоми ҳамла ба Эронзамин ба яғмо бурдаанд. Минбаъд ҳар шахсе, ки ба сари қудрат меомаду кӯлоҳи сарварӣ ба сар мениҳод, парчамро азиз медошт ва баланд меафрохт. Ба тадриҷ шоҳон дирафши ковиёниро боз ҳам оростатару мунаққаш карданд, то ба ҷое, ки дар шаби тор мисли офтоб медурахшид ва ба мардум фараҳу умед ҳадя мекард. Ҳамин тавр, парчам дар саросари ҷаҳон рамзи маъруф гардид. 


Дар ибтидо парчам бештар чун рамзи нерую тавоноӣ, лашкаркашию кишваркушоӣ пазируфта шудааст. Таърихи инсоният собит намудааст, ки дар вақти ҷангҳо ҳар лашкар парчами афрохтаи худро доштааст. Барои дар сафи пеши лашкар устувор доштани парчам сипоҳии далеру неруманде интихоб карда мешуд, ки ӯро аламдор, яъне парчамдор меномиданд. 


Дар сарчашмаҳои таърихӣ шаш вожаи парчам маъруфанд: Дирафш ё дурафш, алам, ливо, байрақ, парчам, роят. Вожаи қадимтарини тоҷикӣ асл вожаи дирафш ва парчам аст. 


Вожаи алам истилоҳи арабӣ аст. Байрақ бошад, истилоҳи туркӣ. 


Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон зарурати таҳияи рамзҳои давлатӣ пеш омад. Вакилони мардумӣ бо камоли масъулият дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ, Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ вожаи парчамро пазируфтанд ва «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. 


Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ Парчами давлатӣ гардид. 


12 майи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зери Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии ҶТ» имзо гузошт. Инчунин бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯз ҳамасола бо шукуҳу тантана қайд карда мешавад. 


Маҳбуба Ғаффорова, мутахассиси шуъбаи ҷавонон оид ба духтарон