Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Об – манбаи ҳаёт

Тавре огаҳӣ дорем, санаи 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи А/RES/71/222-ро зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Бояд ёдовар шуд, ки ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд. 


Зимни суханронӣ дар Форум Президенти кишвар зикр карда буд, ки “...таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд”. 


Бинобар ин дар робита ба ин масъала, Сарвари давлат аз минбари ин созмони воломақом аз кулли мамлакатҳои аъзо пешниҳод ба амал овард, то дар идомаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015”, Даҳсолаи нави байналмилалӣ ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо бо мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут обро мавриди муҳокимаи такрорӣ қарор диҳанд ва дигарбора ин иқдомро роҳандозӣ намоянд. 


Бояд гуфт, ки даҳсолаи нав идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” маҳсуб ёфта, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор тарҳрезӣ гардидааст. Зеро об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳам ҳама ба об вобастагӣ дорад. 


Об ин сарчашмаи ҳаёт аст. Қариб 70% организми инсонро об ташкил медиҳад. Об дар организми одам, асосан, барои мубодилаи моддаҳо ва гузаштани ҷараёнхои кимиёиву физиологӣ зарур мебошад. Ҳаҷми муҳити гидросфера дар сайёраи мо ниҳоят бузург аст, вале 96 дарсади онро оби шӯри баҳру уқёнусҳо ташкил медиҳад. Бе об инсон вуҷуд дошта наметавонад. 


Об, пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзӣ масраф мегардад. Бисёрии олимон бар он назаранд, ки масъалаи норасоии об дар дунё вуҷуд надорад, балки истифодаи ғайримақсадноки он боиси ташвиш аст. 


Хушбахтона, Тоҷикистон аз рӯи захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф мебошад. Захираҳои асосии Тоҷикистон асосан дар пиряхҳо ҷойгир шудаанд. Аз рӯи пешгӯиҳо захираҳои оби ошомиданӣ аз ҳисоби заҳролудшавӣ ва обшавии пиряхҳо кам шуда истодааст. Ва мувофиқи тадқиқоти олимони соҳа дар соли 2025 зиёда аз 50% ва дар нимаи аср зиёда аз 75%-и аҳолии давлатҳои сайёра норасогии оби ошомиданиро ҳис мекунанд. Дар баробари ин, дар соли 2050 миқдори аҳолии давлатҳои рӯ ба тараққиоварда, ки ҳоло норасоии оби ошомиданиро ҳис мекунанд, зиёд мешавад. Бинобар ин моро зарур аст, ки ин иқдомоти Сарвари давлатро дастгтрӣ намуда, ба қадри ин муъҷизаи табиӣ расем ва барои поку тоза нигоҳ доштани он ҳамагон пайваста саъю талош варзем. 


Н.Мамадбекова, ассистенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ