Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Рафтору гуфтори ғайримеъёрии афроди ҷомеа

Аз замонҳои қадим боз одамон дар муносибати байни худ арзишҳоеро офаридаанд, то ки рафтору гуфтори худро ба тартибу танзим дароваранд. Ин арзишҳо ба монанди як ченаки баҳодиҳӣ, дастурамал ва раҳнамо баромад мекарданд. Дар илм бошад, арзишҳо гуногунанд, ба монанди маданӣ, миллӣ, динӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, сиёсӣ, умумиинсонӣ ва ғайра. Баъзе меъёру арзишҳо аз динҳои гуногун ва бархеи дигар аз панду ҳикматҳо ва андарзу насиҳатҳои хирадмандону ҳокимони одил ба мо омада расидаанд. Барои мисол шиори форсҳои қадимро овардан мумкин аст, ки чунин буд: «Гуфтори нек, кирдори нек, пиндори нек». Бештари олимон бар он назаранд, ки ин шиори Зардушт аст, аммо, дар асл, ин шиор таърихи бениҳоят қадима дорад. Ин шиор дар давраи Куруши Кабир ва пеш аз он ҳам вуҷуд дошт, яъне дар тӯли таърихи зиндагии ориёиҳо ин шиор бо онҳо ҳамқадам буд. Ақидае дар миёни аҳли ирфон мавҷуд ҳаст, ки ин шиор аз осмон ба аввалин Одам омадааст, то ки ба фарзандонаш онро бирасонад. 


Мантиқан ин фарзия дуруст аст, зеро Бобои Одам бояд ба фарзандҳои худ панду андарзи хубе мекард ва ин шиор яке аз беҳтарин ва сарчашмаи ҳамаи насиҳатҳо шумурда мешавад. Ин шиор гуфтори забон, амалкарди рафтор ва фикру нияти одамро дар бар мегирад ва ҳамаи он бо як калимаи нек фарогир аст. Пас аз ин бармеояд, ки некӣ гавҳари гаронбаҳо, ҷавҳар ва мазмуни асосии ҳаёти инсон аст. Ҳикмати неку бад мавзӯи калон мебошад. Аммо масъала дар он аст, ки кадом рафтору гуфтор нек ҳаст ва кадоме бад. Муайян кардани сарҳадоти неку бад тавассути арзишҳо имконпазир аст. Ба ҳар ҳол, накукорӣ инсонро сарбаланд месозад. Агар одамон нек бошанд, дунё наку хоҳад гашт. Чунончи, Шайх Аттор фармудааст: 
Гар ба олам обрӯ мебоядат, 
Доимо хулқи наку мебоядат. 


Дар байни инсонҳо арзишҳое ҳастанд, ки онҳо ба ҳамдигар монанданд ва онҳоро арзишҳои умумиинсонӣ меноманд. Ба монанди дуздӣ накардан, одам накуштан, дашном надодан, ситам наварзидан, меҳмоннавоз будан, меҳрубонӣ, дилсӯзӣ ва ғайра. Албатта, ҳаст рафтору гуфтори баъзе инсонҳо, ки барои онҳо иҷрои чунин амал раво дониста мешавад, аммо барои дигар мардумон ин амал писандида нест. Чунончи, дар мамолики Аврупо нӯшокиҳои спиртӣ озод фурӯхта мешаванд ва истеъмоли он ҳамарӯза мебошад, аммо дар мамлакатҳои Араб ва дигар манотиқи мусалмоннишин ин амал маҳкум аст ва як рафтори ғайримеъёрӣ ҳисобида мешавад. Инчунин, гӯшти говро баъзе одамон мехӯранд, аммо барои мардуми ҳинду гов муқаддас буда, куштану хӯрдани он манъ аст. Ё ин ки тоҷикон ба нону дастархон эҳтироми зиёд ва аҷр мегузоранд, аммо баъзе мардумон, агар аз рӯи арзишҳои мо баҳо диҳӣ, ба нону дастархон эътиное надоранд. Яъне, баъзе сарҳади арзишҳо бо ҳам печидаанд, бо ҳам муқобилу зиданд, ки яку якбора ҳақиқату ботил, раво ва нораво, дурусту нодуруст ва неку бад будани ин ва ё он амал, ё гуфторро ташхис кардан, хеле душворӣ меорад. 


Баъзе арзишҳо бо мурури замон иваз мегарданд. Масалан, тамокукашӣ дар худи Аврупоу Амрико аввалан як муд шуда буд, аммо бо пешравии илми тиб ва фаҳмидани мардум зарари марговари ин одати бад, аллакай наздик, ки дар ҳамаи гӯшаи ҷаҳон ба рафтори ғайримеъёрӣ дохил шуда истодааст ва ҳатто дар сатҳи давлатӣ қонунҳо қабул карда шудааст, ки дар ҷои ҷамъиятӣ тамокукашӣ манъ аст.


Бояд гуфт, ки инсон дар ҷомеа бо рафтори мусбии намунавӣ соҳиби эътимоду эътибор хоҳад гашт. Барои соҳиб гаштани чунин рафтори намунавӣ ҳар як фард бояд рӯ ба арзишҳои волои маънавӣ оварад. Иззату эҳтироми ҳар як инсон ҳамчун инсон аз тарафи дигар инсонҳо, новобаста аз дину миллат ва забону нажод, яке аз дастовардҳо ва арзишҳои маънавии инсоният аст. Дилхоҳ шахс дар ҷомеа маҷбур мешавад, ки мутобиқи арзишҳое, ки дар ҷомеа пазируфта шудаанд ва онҳоро ҳамчун меъёру қоидаҳо истифода мебаранд, рафтору гуфтор намояд. Вагарна, дар натиҷа, ба чунин ашхосе, ки меъёрро вайрон кардаанд, аз тарафи мардум баҳои паст дода мешавад. 


Аз диди ахлоқи ҷамъиятии инсонҳо гузаштан дар чароғаки сурх дар роҳи мошингард ин рафтори ғайримеъёрӣ ҳисобида мешавад, ки ин меъёрро бештари одамон риоя намекунанд. Ин гуна рафтор аз нигоҳи илм каҷрафториҳои иҷтимоӣ номида мешавад. Омилҳои асосии каҷрафториҳои иҷтимоӣ риоя накардани қоидаҳои умумиҷамъиятӣ ва арзишҳои ахлоқӣ ва дигар рафтори номатлуби инсон мебошад. Чунончи, баъзе ҷавонони бадахлоқ дар ҷои ҷамъиятӣ суханҳои қабеҳ, дағал ва носазоро ҳамчун воситаи муоширати муқаррарӣ истифода мебаранд. Ба ҳамдигар амалҳои зиштро раво мебинанд. Аз шӯхиҳои ҳазломезона сар карда, пас ба лагадкӯб намудани якдигар мегузаранд. Дар баъзе мавридҳо ин рафторҳои ғайримеъёрии ҷавонон ба фалокат оварда мерасонад, ки ин боиси нигаронии омӯзгорон ва сохторҳои гуногуни ҷомеа мегардад. Бинобар ин ба насли наврас ва ҷавонон мебояд, ки аз меъёрҳои волои инсонӣ баҳраманд бошанд, то ки ба чунин рафторҳои ношоям даст назананд. 


Бояд гуфт, ки арзишҳои маънавии халқи тоҷик бениҳоят ғанианд, ба монанди ҳурмати волидайн, ҳурмати калонсолон, ҳурмати нону дастархон, ҳурмати меҳмон, дуст доштани Ватан, гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ ва ғайра. Аз ин лиҳоз, ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, нисбат ба Ватану миллат арҷгузор бошанд, то ки таъриху фарҳанги волои миллатро ба ояндагон бегазанд расонанд. 


А.Шарипов, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ