Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Риштаҳои дӯстию бародарӣ поянда бод!

Ҳадиса Ибодуллаева зодаи ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё аст. Се сол дар коллеҷи тиббии ноҳияи Сариосиё таҳсил намудааст. Сипас тасмим гирифт, ки маълумоти олӣ гирад. Он рӯзҳо дар минтақаи онҳо доир ба ДДМИТ тарғибот мерафт. Ҳадиса бидуни дудилагӣ тасмим гирифт, ки ба Душанбе омада, донишҷӯи ин донишгоҳ шавад. Зеро соҳаи молия ва иқтисод самти ояндадор буда, вай мехост махз дар хамин ришта таҳсил намояд. 


Холо донишҷӯи курси якуми факултети МИБ, риштаи иқтисоди ҷаҳон буда, дар гуруҳи англисӣ мехонад. 


- Вақте мо вориди Душанбе шудем, аз истиқболи гарму самимӣ хеле шод гаштем. Қабл аз сафар таассуроти дигар доштем, вале пас аз омадану дидан фикри мо дигар гашт. Ҳама чиз бештару беҳтар аз он буд, ки интизор будем. Зуд дӯстони нав пайдо намудем ва онҳо моро ба сайри шаҳр бурданд, мавзеъҳои диққатҷалбкунандаро нишон доданд ва албатта, таомҳои миллиро чашидем. Хусусан қурутоб ба мо писанд омад. Қурутобе, ки дар Тоҷикистон омода мешавад, таъми дигар дорад… 


Дар гурӯҳи мо 16 нафар таҳсил менамоянд, ки аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва чор нафар зодагони Ӯзбекистон мебошем. Машғулиятҳо хеле шавқовар мегузаранд ва муҳимтар аз ҳама донишҷӯён ба омӯзиш рағбати хос доранд. Дар хобгоҳе, ки зиндагӣ мекунем, шароитҳои хуб мавҷуданд. Накша дорам, ки тӯли таҳсил забони англисиамро беҳтар намоям, ба ҷойҳои таърихии Тоҷикистон сафар намуда, таъриху фарҳанги тоҷиконро бештар омӯзам. Умуман мехостам, ки ҳаёти донишҷӯии худро рангин сипарӣ намоям. 


Фирдавс Турақулов зодаи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё мебошад. Хатмкардаи мактаби миёнаи № 47-и зодгоҳаш ва литсейи академӣ бо тамоюли гуманитарӣ мебошад. 


Фирдавс вақте дар рӯзномаи даврӣ оид ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иттилоъ пайдо намуд, хост ба Тоҷикистон омада, донишҷӯи ин боргоҳи илму дониш гардад. Сипас ба сомонаи донишгоҳ ворид шуда, маълумоти лозимиро пайдо намуд. Вақте ба волидони худ ин тасмими худро гуфт, онҳо розӣ шуданд. Зеро падараш низ замоне ҳамин даргоҳи маърифатро, ки он вақт техникуми молия ном дошт, хатм кардааст. 


Ҳамин тариқ, Фирдавс низ бо дуои хайри падару модар вориди пойтахти тоҷикон гашт. Вақте ки гурӯҳи донишҷӯён ба сарҳади Тоҷикисон ворид шуданд, масъулини донишгоҳ бо автобуси махсус пешвоз гирифта, бо як ғамхории хос муносибат намуданд. Гурӯҳи донишҷӯёни ӯзбекистонӣ аз он шоданд, ки минбаъд бо ҳамсоякишвари худ муносибатҳои неки дӯстона барқарор гаштаасту озодона метавонанд дар чунин шаҳри зебою обод ва донишгоҳи муосир таҳсил намоянд. 


Фирдавс сардори ҷавонони ӯзбекистонии донишгоҳ ва факултет мебошад. Вай дар ихтисоси молия ва бонки факултети молия ва қарз, дар гуруҳи тоҷикӣ мехонад. Зуд бо ҳамсабақонаш унс гирифт ва чӣ хеле ки худи ӯ мегӯяд, бо онҳо мисли хоҳару бародар шудаанд. Ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла ба ноҳияи Восеъ низ сафар намуд. Дар хобгоҳ низ муҳити хубу солим ҳукмфармо буда, дӯстони нав пайдо кардааст. 


- Қабл аз ҳама, аз сарварони кишварҳоямон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорем, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи эшон риштаҳои дӯстии ду кишвари ҳамҷавор, ки решаҳои таърихӣ доранд, мустаҳкамтар шуд. Сониян, аз ректори донишгоҳ ва маъмурияти факултетҳо миннатдорем, ки пайваста моро дастгирӣ мекунанд. Вақте ба зодгоҳамон меравем, бешак, дар бораи ободии ин макон ва донишгоҳ маълумот медиҳем. Ҳамсолонамон бошад, моро бо мароқ гӯш карда, хоҳиши ба Тоҷикистон омадану дар ин донишгоҳ таҳсил намуданро пайдо менамоянд, афзуданд Ҳадиса ва Фирдавс. 


Насрулло Тӯйчизода