Мақолаҳо
Баландшавии нуфузи Тоҷикистон душманонро ором намегузорад!
Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин неъматест, ки насиби ҳар халқу миллат мегардад. Мо-тоҷикон низ аз ин неъмат бархӯрдорем ва шукрона аз он мекунем, ки дар ин ҷаҳони мураккабу пуртаззод соҳиби як порча замини худ ҳастем. Порчаи замине, ки хонаи ормони тамоми тоҷикони ҷаҳон аст ва он рӯз то рӯз рушду нумӯъ карда истодааст. Қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки дар пешравии ин сарзмини биҳиштосо саҳми арзандаи худро гузорем.
Дар тӯли 27 соли соҳибихтиёрӣ мардуми шарифи Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои бузург ноил шуда истодаанд. Яке аз мисолҳои исботи суханҳои гуфташуда ин ба истифода дода шудани агрегати аввали НБО Роғун мебошад, ки ин ҳодиса бори дигар азму иродаи матини мардуми Тоҷикистонро нишон дод. Ин ҳодисаи таърихӣ исбот кард, ки мардуми Тоҷикистон танҳо ободиву созандагӣ ва пешравиро хоҳонанд.
Иштироки меҳмонони зиёди хориҷӣ аз ҷумла аз Иттиҳоди Аврупо дар маросими ба истифода дода шудани ин иншоот бори дигар аз баланд будани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ва эътироф шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ дарак дод. Аммо аз чунин эътироф на ҳама шод буданд. Ҳанӯз ҳам ҳастанд ашхоси алоҳида ва ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъи ифротӣ, ки қудрати дидани пешравиҳои Тоҷикистон ва махсусан баландшавии обруву эътибори Сарвари онро дар сатҳи ҷаҳонӣ надоранд. Ин қувваҳои аҳриманӣ бо роҳҳои гуногун аз ҷумла навиштани мақолаҳои беасоси пур аз туҳмат ва ташкили тазоҳуротҳои беиштирокчӣ дар кӯчаҳои шаҳрҳои Аврупо мехоҳанд шаъну шарафи Тоҷикистони азизи моро паст зананд. Аммо ин гуруҳҳо бояд дониста бошанд, ки ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои касифи худ намерасанд. Зеро пеш аз ҳама онҳо аз дастгириҳои мардуми Тоҷикистон маҳруманд ва баъдан ҷомеаи ҷаҳонӣ аллакай аз ҷиноятҳои онҳо воқиф шуда истода, чеҳраи воқеии онҳоро шинохта кардааст.
Имрӯзҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ хабари ташкил кардани гирдиҳамоӣ дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин пойтахти Олмон паҳн шуда истодааст, ки моро бетараф гузошта наметавонад. Ташкилкунандаи ин чорабинӣ ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзти исломии дар Тоҷикистон мамнуъ буда, тариқи зерсохторҳои, худ аз ҷумла «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ» мехоҳад ин ҷинояти худро пинҳон кунад. Тибқи суханҳои ташкилкунандагони ин ҳамоиш мақсади онҳо ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон мебошад. Душманон бояд огоҳ бошанд, ки дар Тоҷикистон Конститутсия ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ амал мекунанд, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҷумҳуриро ҳимоя мекунанд. Ҷомеаи Тоҷикистон ҳеҷ ниёзе ба «маслиҳатҳо»-и ин гуруҳҳои ба ном фаъоли ҳуқуқи башар надорад. Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр буда, бе дахолти беруна ташаккул ёфта истодааст ва минбаъд низ ташаккул меёбад. Мо аз таърихи ин гуна ҳамоишҳо бохабарем. Ҳамоишҳои Варшава ва Дортмунд дар соли 2018 бори дигар аз ночиз будани нуфузи қувваҳои зиддиконститутсионии зиддитоҷикии зархарид дар Аврупо шаҳодат медиҳанд. Ҳанӯз корбарони шабакаи интернет он лаҳзаҳои хандомези холигии толорҳои он ҳамоишҳо ва иштироки танҳо аъзоёни оилаҳои роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар ҳамоишҳоро фаромӯш накардаанд. Боварии комил дорем, ки ҳамоиши назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар Берлин низ ба саҳнаи масхара ва объекти шухиҳо табдил меёбад. Зеро қувваи сиёсие, ки тарафдор надорад, ҳеҷ гоҳ муваффақ намешавад ва инро таърих борҳо исбот кардааст.
Мо-раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон гузаронидни гирдиҳамоӣ дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар Берлинро комилан маҳкум намуда, онро амали ифротӣ ҳисоб мекунем. Зеро ташкилкунандагони ин чорабинӣ ҳама ҷинояткор буда, ба муқобили сохтори конститутсионии Тоҷикистон мубориза бурданд. Ҳамчунин аз созмонҳои байналхалқӣ ва давлатҳои алоҳида даъват ба амал меорем, ки баҳри пешгирии минбаъдаи ташаккули терроризми байналхалқӣ, ки ТЭТ ҲНИ ва шахсан роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ фаъолони он мебошанд, барои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шароит муҳайё накунанд.