Мақолаҳо
Дасисабозии навбатии хоинонро маҳкум мекунем!
Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ барои ҳар халқу миллат неъматҳои бузургтарине мебошанд, ки дар раванди таърих насибашон мегардад. Расидан ба қадри ин неъматҳои бебаҳо қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад.
Дар ҷомеа ҳастанд гурӯҳҳо ва ташкилоту созмонҳое, ки моҳият ва аҳамияту қадри сулҳу ваҳдатро намедонанд ва ҳатто берун аз кишвар бо ҳар роҳ кӯшиш мекунанд Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатиро халалдор кунанд.
Мутаассифона баъзе ашхос ва гурӯҳҳо бо дастгирии маънавию молиявии кишварҳои хориҷӣ фаъолияти тахрибкорона бурда, мехоҳанд бо истифода аз арзишҳои динӣ ба манфиатҳои ғаразноки худ расанд.
Яке аз ин гуна гурӯҳҳо ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳаммаслаконаш мебошанд, ки бо истифода аз мавкеъи дар хориҷа доштаашон дар Берлин роҳпаймоӣ кардан мехоҳанд. Ва чунин сурат гирифтани ин кор тамоми мардуми тоҷику Тоҷикистониро ба ғазаб овардааст.
Расонаӣ шудани ин кор моро ором намегузорад. Дар ба нақшагирии ин кор ҳаминро бояд бигуем, ки дар паси ҳамаи ин Муҳиддин Кабирии хоин ва ватанфуруш меистад, ки бар ивази пулу моли хориҷиҳо бар зидди ватани худ нақшаҳои ғаразнок кашида истодааст.
Хабари роҳпаймоии ТТЭ ҲНИТ аз тарафи хоинони миллат бо роҳбарии Муҳиддин Кабириро расонаҳои иғвоангези дохиливу хориҷӣ ҳамчун як ҳодисаи ба гуфти худашон гӯё «бузург» ва «таърихӣ» нишон додан мехоҳанд. Аммо ин хоинон бехабар аз онанд, ки миллати тоҷик дигар ба найрангҳову фиребҳои душманони дохиливу хориҷӣ дода намешаванд.
Ҳамагон шоҳиданд, ки роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ солҳои зиёд номи дини мубини исломро истифода карда, мехостанд манфиатҳои ғаразноки худро дар кишвари азизи мо пиёда кунанд ва фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари миллати тоҷик бор кунанд. Аммо хиради азалии миллати тоҷик боло гирифт ва душманони миллату хоҷагони хориҷиашон ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд.
То ҳанӯз дар хориҷ аз кишвар нафарони бадхоҳу худбохтае ҳастанд, ки худро ҳомиву дӯстдор ва мубалиғи исломи сиёсӣ медонанд. ТТЭ ҲНИТ аз ҷумлаи онҳост. Аз ин муносибати тундгароҳои ашаддӣ мардуми Аврупо ҳам ба дод омадааст. Ин тоифа қонунпазир нестанд, масъулиятпазир нестанд, ҳукми қонунро як амри ночиз ва дуюмдараҷа медонанд. Шармандаи оламанд. Аз як масълаи чузъӣ ин қадар ҳангомаву «Табли шодӣ задан»-и ҷонибдорони исломи сиёсӣ далели он аст, ки ин нафарон, дар асл, на диндоранду на дунявӣ. Масали тоҷикӣ басо нишонрас омадааст, ки «Зарфи дарунхолӣ, овози баланд дорад».
Ҳадафи асосии Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш аз ташкили чунин роҳпаймоиҳо - ин манқуртсозии аъзоёни боқимондаи наҳзатиҳо ва бо ваъдаҳои «ояндаи фиребанда» ҷалби ҷонибдорон мебошад. Ҳамаи ин талошҳо барои нишон додани «нерӯи қалбакӣ» -и хеш дар назди хоҷагони худ роҳандозӣ карда мешавад.
Мо амалҳои иғвоангезона ва тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИТ-ро куллан маҳкум менамоем ва аз ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорем, ки ин тоифа хоинону бадхоҳонро, ки ба амнияти ҳар як миллату давлати мутараққӣ халал эҷод мекунад дар марзи худ роҳ надиҳанд.
Маҳина Илчибекова, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии донишгоҳ