Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Об ҳамчун манбаи бузурги истеҳсоли неруи барқ

Тоҷикистон кишвари соҳиби об ба ҳисоб рафта, қариб 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбад. 

Эмомалӣ Раҳмон 


Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии ташаббускор барои ҳалли масоили глобалии минтақа ва ҷаҳон вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф шудааст. Ҳарчанд, ки доир ба ҳалли масъалаҳои об ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об пешрафтҳои назаррас ба даст омадаанд, вале имрӯз низ дар миқёси ҷаҳон наздик ба 1 миллиард аҳолии сайёра аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ доранд. 


Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иқдому ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори кишварҳои пешрафтаи дунё дар масъалаи ҳалли проблемаҳои обию экологӣ табдил ёфтааст. Пешниҳоди чоруми ҷониби Тоҷикистон дар масоили дасрасӣ ба об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ қабул гардид. 


Баъд аз қабул гардидани ин пешниҳод Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об эътироф шуд. 


Масъалаи ниҳоят муҳими экологӣ, ки имрӯз мавриди омӯзиш ва баррасии ҷомеаи ҷаҳонии муосир қарор дорад, ин норасоии оби ошомиданӣ аст. Аз пайдоиши ҷомеаи инсонӣ то кунун доир ба нақши об дар зиндагии рӯзмарраи инсон муҳаққиқон, сиёсатмадорон ва коршиносон кашфиёту тадқиқотҳои зиёд ба анҷом расонидаанд. Дар натиҷаи тадқиқотҳо аён шудааст, ки имрӯз дар ҷаҳон 1 миллиарду 200 миллион нафар дар минтақаҳое зиндагӣ доранд, ки дастрасӣ ба оби нӯшокӣ барояшон мушкил аст. 


Бино ба маълумотҳои оморӣ тақрибан 750 миллион дар сайёра ба оби тоза ва 2,5 миллиард нафар ба шароити кофии беҳдошт дастрасӣ надошта, дучори сахттарин бемориҳои сироятӣ мегарданд. Офатҳои табиии марбут ба об ба ҳисоби миёна ҳар сол ба кулли сокинони ҷаҳон беш аз 60 миллиард доллари америкоӣ хисорот мерасонад. Хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба сарчашма ва василаи зиндагии 1 милларду 200 ҳазор нафар одам таҳдиди ҷиддӣ мерасонад. 


Шоири англис В. Ауден гуфта буд: «Ҳазорон нафар бе муҳаббат зистаанд, вале як нафар ҳам бе об зиста наметавонад». Дарвоқеъ, об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат буда, унсури асосии ҳаёт ба шумор меравад. Пайдоиш ва ташаккули зиндагии инсон, умуман мавҷудоти зинда аз об вобастагии калон дорад. Маҳз об воқеияти ин ҷаҳону зиндагиро таровати зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. 


Мутобиқи Қатъномаи МУ СММ, ҳадафи асосии даҳсола ҳалли масъалаҳои мубрами вобаста ба истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ мебошад. Дар асоси санади мазкур доир ба ҳифзи захираҳои обӣ, коҳиш додани суръати обшавии пиряхҳо, тоза нигоҳ доштану оқилона истифода бурдани об ва беҳбудӣ бахшидани вазъи обёрии заминҳои кишт барномаю лоиҳаҳои дахлдор роҳандозӣ шуда, ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ вусъат мегиранд. 


Тавсеаи ҳамкорӣ ва ширкат дар ҳамаи сатҳҳо барои татбиқи вазифаю ҳадафҳои марбут ба истифодаи оқилонаи захираҳои об, такмили дониши кормандони соҳа ва осонгардонии дастрасӣ ба донишу таҷрибаи пешқадам дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа мешаванд. 


Албатта, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», 2005-2015 самараи хуб дод ва дар кори наҷиби таъминоти саривақтии мардум бо оби нӯшокӣ, иҷрои лоиҳаҳои мухталиф дар кишварҳои ҷаҳон, истифодаи босарфа ва самараноки об аз худ осори шоиста боқӣ гузошт. Дар ин давра садҳо миллион нафар одамон ба оби нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намуданд, ҳолати тансиҳатӣ ва санитарии худро беҳтар гардониданд. 


Дар Тоҷикистон низ даҳҳо лоиҳаҳо тарҳрезӣ ва амалӣ карда шуданд. Дар кишварҳои мухталиф конфронсу симпозиумҳо ва ҷамъомадҳо баргузор гашта, иҷрои вазифаҳои пешбинишуда ба таври васеъ матраҳ гардиданд. Бояд зикр намуд, ки ҳоло ҳам проблемаҳои мухталифи вобаста ба об ҳалли пурраи худро наёфта, аз имконоти истифодаи «неруи сабз» ҳамаҷониба истифода бурда нашудааст. Дар ин замина, ҳанӯз дар байни кишварҳо ва минтақаҳо якдигарфаҳмӣ ҷиҳати эҳтиёт намудани муҳити зист ба назар намерасад, ки ин бар зарари аҳли башар мебошад. 


Об ҳамчунин манбаи бузурги истеҳсоли неруи барқ низ мебошад. Дар сурати пурра ба кор даромадани НБО Роғун дар якҷоягӣ бо дигар неругоҳҳо, махсусан неругоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 истеҳсоли солонаи неруи барқ боз ҳам зиёдтар мешавад. Ин миқдор қувваи барқ барои дар амал татбиқ гардидани нақшаи мавҷуда имкон дода, он на танҳо талаботи ба неруи барқ доштаи Тоҷикистонро қонеъ месозад, балки барои ба давлатҳои ҳамсоя содир намудани қувваи барқ шароит фароҳам меоварад. 


Нақшаҳои кишвар дар ин бора дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қайд гардидаанд. Мутобиқи ин ҳуҷҷати дурнамо дар даҳсолаи оянда истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон зиёда аз ду маротиба афзоиш меёбад. Табиист, ки мутаносибан содироти барқ низ зиёд гардида, ҷуғрофиёи кишварҳое, ки аз барқи Тоҷикистон истифода мебаранд, тавсеа пайдо мекунад. 


Баъзе олимон ва сиёсатшиносони мамлакат бар ин ақидаанд, ки Тоҷикистон бо назардошти манфиати давлатҳои минтақа оид ба инкишоф додани соҳаи гидроэнергетика бояд ташаббускори таъсис додани як Иттиҳоди нави истифодаи захираҳои об дар минтақа гардад. 


Ба ин Иттиҳод дар баробари Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин Афғонистон ва Покистон ҷалб карда шаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавҷудияти 947 дарёи хурду бузург ва 14 ҳазору 509 адад пирях ҳамзамон бо иқтидори 527 миллиард киловатт соат қувваи барқ дар минтақа дар фарози сарчашмаҳои обҳои ширин қарор дошта, тавлидгари беш аз 60 фоиз аз обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. 


Бо чунин захираи бойи обӣ Тоҷикистон дар ягон сурат худро аз мушкилоти норасоии об дар кулли сайёра канор намегирад. Зеро ҳар мушкилие, ки имрӯз дар ин самт мавҷуд аст, на танҳо мушкилии як давлату як минтақа, балки мушкилии тамоми башарият мебошад. 


Дар ибтидои қарни 21 дар ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ мушкилоти оби тоза мавқеи махсус пайдо намуд. Чун норасоии оби тозаи ошомиданӣ боиси хавотири ҷиддии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар кишварҳои инкишофёфта ва навинкишоф нарасидани оби тозаи нӯшокиро бештар эҳсос намуда, барои ҳалли ин мушкилот аз тамоми имкониятҳо истифода мебурдагӣ шуданд. 


Аз ин рӯ, дар тӯли 10 соли охир аз тарафи маҷмааи СММ чанд қатънома қабул гардида, дар Кореяи ҷанубӣ, Ҷопон, Бразилия, Тоҷикистон, Дания ва Туркия конфронс ва форумҳои байналмилалӣ доир гардиданд. Дар садсолаи нав об натанҳо сарвати табиӣ ҳамзамон чун яке аз маҳсулоти ниёзи аввалияи арзишманд мақоми хосса дорад. Об омили бархурдҳои шадиди сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳамзамон дипломатияи мубодилаи созанда гаштааст. Тибқи таҳлили коршиносон то соли 2025 агар мушкилоти норасоии оби тоза роҳи ҳалли худро наёбад, наздик ба 3 миллиард сокинони сайёра ба шадидтарин мушкилӣ дучор гардида, қурбони норасоии оби ошомиданӣ мегарданд. 


Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар миқёси минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Аз ин рӯ, мо бояд дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва амалишавии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат саҳми босазо гузошта, ҳамчун кишваре, ки обро асоси дипломатияи муътадил ҳисобидааст, пешсафу пешкори чунин ташаббусҳо бошем. 


Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ҳуҷҷатҳое, ки моҳи марти соли равон байни кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расиданд, имкониятҳои истифодаи захираҳои вобаста ба обу барқи минтақа махсусан таъкид гардиданд. Яъне, дар ин соҳаҳо ду кишвари дӯсту бародар ҳамкории мутақобилан судмандро густариш хоҳанд дод. 


Масъалаи таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби нӯшокӣ сол то сол ба мушкилоти аввалиндараҷа табдил меёбад. Ба гуфти коршиносон, баъди соли 2030, ки теъдоди аҳолии ҷаҳон аз 10 миллиард нафар мегузарад, ин масъала боз ҳам печидатар мегардад. 


Захираҳои оби Осиёи Марказӣ, ки қисми зиёди он аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд, миёни ҷумҳуриҳои минтақа тақсим шудааст. Замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар тақсимот саҳми Афғонистон ба инобат гирифта нашуда буд. Ҳол он ки бо беҳтар шудани вазъият мумкин аст, ки 300 000 гектар замини қисмати шимоли Афғонистон тавассути дарёи Аму обёрӣ шавад. 


Ташаббусҳои глобалии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳон баҳои баланд гирифтанд ва шахсиятҳои бузург ин нуктаро борҳо зикр намуданд. Чор ташаббуси бузурги Сарвари давлат дар масъалаҳои ҳалли проблемаҳои марбут ба об дар рушди устувори кишварҳо марҳилаи муҳим гардиданд. 


Талошҳо дар ҷаҳорчӯбаи ташаббусҳое, чун «Соли байналмилалии оби тоза», 2003, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», 2005-2015 ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 хеле муассир ҳастанд. 


Вобаста ба пешниҳодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбари СММ моро зарур аст, ки ҳамчун мардуми кишвари ташаббускор тамоми чорабиниҳои нақшавиро пайгирона, мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем, то онҳо баҳри рушди устувор самараи дилхоҳ дода, дар ҷомеаи муосир мақому манзалати сазовор пайдо намоянд. 


Сайдалиева Г.М., Файзалиев С., устодони кафедраи забонҳои хориҷӣ