Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Об ҳасту ободонӣ ҳаст

Дуруст аст, ки обро ҷузъи муҳими рӯзгор меҳисобанд, чунки бе об ҳаёт нест. Чуноне ки гуфтаанд: «Об ҳасту ободонӣ ҳаст». Об ҳамчун омили асосии мавҷудияти оламу одам барои фароҳам овардани шароити зисти инсон, шустушӯ, омода намудани ғизо ва муҳити солим мавқеи хоса дорад. Дар бораи ин сарвати арзишмандтарини табиат ҳанӯз 4000 сол пеш аз солшумории мо олими Юнони Қадим Арасту гуфта буд: «Об яке аз муъҷизаҳои бебаҳои табиат ва асоси пайдоиши пойдории дунёст». Тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсон бо об алоқаи зич доранд. Қисми зиёди вазни бадани инсон аз об иборат аст ва ӯ дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз беморию дардҳо эмин мегардонад. 
Ҳоло дар бисёре аз кишварҳои олам мардум аз норасоии оби тоза ва ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Беҳуда нест, ки Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба мушкилоти вобаста ба об суханронӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳамкории зич даъват намудаанд. Дар ин замина, мо бояд омилҳоеро, ки чаҳорчӯб ва имконоти ҳамкории ояндаро дар соҳаи захираҳои об муайян мекунанд, дар назар дошта бошем. 
Мусаллам аст, ки Тоҷикистон дорои неъматҳои бойи табиӣ буда, саросари кӯҳистони он пур аз чашмаву обҳои мусаффо мебошад, ки аксарияти онҳо хусусияти табобатӣ доранд. Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон обҳои минералии шифобахш зиёд буда, ба саломатии инсон фоидаи калон дорад. Намнокии замин ҳам, аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд. 
Дар ҷумҳурӣ истироҳатгоҳҳои табобатӣ низ хеле зиёданд. «Хоҷа-оби гарм» ба бемориҳои дил, системаи рагҳои хунгард, торҳои асаб, шуш ва пӯст шифо мебахшад. Ҳамчунин, истироҳатгоҳи табобатии «Шоҳамбарӣ», ки он манбаи оби минералии ошомиданӣ мебошад, барои системаи узвҳои ҳозима, ҷигар, роҳҳои талхадон, ғадуди зери меъда тавсия дода мешавад. Ба ғайр аз ин, оби минералии истироҳатгоҳи «Гармчашма», ки дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ воқеъ мебошад, ба нафарони гирифтори бемории пӯст кумак мерасонад. Инчунин, истироҳатгоҳи «Оби гарм», ки дорои элементи химиявии радон аст, барои шахсоне, ки ба бемории узвҳои нафаскашӣ гирифторанд, тавсия дода мешавад. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд. 
Яке аз чашмаҳои машҳури Помир Гармчашма мебошад, ки дар таркиби он маҳлулҳои гидрокарбонат, хлориди натрий, сулфур, оҳан, оксиди карбон ва ғайра мавҷуд аст. Оби Гармчашма аҳамияти калони шифоӣ дорад. Оби шифоии шаҳри Исфара, ки ба касалии тарбод, меъдаю рӯда шифобахш мебошад. Обҳои Хоҷа оби гарм дар таркибашон пайвастагиҳои радон доранд, ки барои дарди буғум, асаб ва узвҳои ҳаракат шифо мебахшанд. Оби «Файзобод» оби минералӣ буда, ба касалиҳои меъдаю рӯда ва ҷигар дармонбахш аст. 
Ҳарорати обҳои минералии Тоҷикистон якхела набуда, вобаста ба тарзи пайдоиш ва дар кадом сатҳи қишри замин ҷойгир шуданашон гуногун мебошад: чашмаҳои муътадил, гарм ва ҷӯшон; 
Оби табиӣ ҳамеша ғаш дорад. Бо мақсади истифодаи онҳо усулҳои мухталифи тозакуниро истифода мебаранд. Оби нӯшокӣ набояд ғашҳои ҳалшаванда ва микроорганизмҳои касалиовар дошта бошад. Агар обро барои нӯшидан аз кӯл ва дарё гиранд, пас онро дар ҳавзҳои махсус таҳшин мекунанд ва ба воситаи қабатҳои рег филтр менамоянд. 
Оби аз моддаҳои ҳалшаванда тозашударо бо хлор, баъзан бо озон, ё ин ки нурҳои ултрабунафш коркард мекунанд. 
Об сарчашмаи неруи барқ низ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад дар кишварамон бисёр неругоҳҳои хурду калон сохта, ба истифода дода шудаанд, ки аз онҳо хонаҳои мо равшану чароғон аст. 
Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» масъулияти моро нисбат ба истифодаи оқилона ва ҳифзи об боз ҳам меафзояд. 
Мавриди зикр аст, ки аз соли 2000 то 2016 бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 лоиҳаро оид ба об қабул кард. Дар байни онҳо «Соли байналмилалии оби тоза» - 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» - 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. 
Маълум аст, ки роҳи якҷояи мо барои татбиқи вазифа ва мақсадҳои нав дар соҳаи захираҳои об ҳамвору осон нест. Дар баробари ин, моро зарур аст ба як қатор масъалаҳое, ки дар назди мо вазифаҳои иловагӣ ва дастаҷамъонаро мегузоранд, таваҷҷуҳ зоҳир намоем. 


Сайёра Сафарова, ҳуҷҷатнигори кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ