Мақолаҳо
Ҳадафҳои олӣ ва роҳи созанда дар Паём
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар замоне ироа гардид, ки Тоҷикистон ба марҳилаҳои нави рушд ворид гардида, мардуми кишвар ба сӯи ояндаи дурахшон дилпурона қадам мегузорад. Хушбахтона, айни замон дар кишвар сулҳу суботи комил ва истиқлолияти энергетикӣ дар равнақу рушд қарор доранд ва ин дастовардҳои беназир боиси ба ояндаи нек назари боэътимод доштани ҳар як сокини кишварро боз як бори дигар таъкид месозанд. Ин масъаларо ба назар гирифта, дар Паёми навбатиашон Сарвари давлат чунин ибрози ақида намуданд:
«Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ амалӣ гардонида истодаем». Маҳз ҳамин нуктаҳо, ки дар Паём садо доданд, моро низ водор кунонданд, ки ҳама дар якҷоягӣ метавонем мушкилиҳоро паси сар карда, Ватанамонро ободтар созем. Дар баробари ин, Пешвои муаззами миллат аз ҳадафи чоруми миллӣ, ки саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, хабар доданд.
Воқеан, ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бо нангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин мамлакат аст.
Паёми Президент, дар ҳақиқат, вусъатнок ва илман асоснок буда, аз шукуфоии ватан ва ояндаи дурахшони кишвару халқамон дарак медиҳад. Аз ин рӯ, Паём барномаи амали ҳар як фарди масъулиятшиноси мамлакат бояд бошад, то ки дар асоси он барои рӯзгори осудаи худу фарзандон, шукуфоии диёр аз сидқи дил меҳнат кунанд. Танҳо дар ҳамин сурат орзуҳои наҷиби ҳар як шаҳрванд метавонад ҷомаи амал пӯшад.
Ин Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳимме, ки самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро муайян месозад, бояд мавриди омӯзиш, тарғиб ва баҳрабардории ҷомеа қарор гирад. Он ҳамчун дастури муҳим натанҳо барои ҳар як аъзои Парламент, балки барои ҳамаи шахсоне, ки вазифаҳои масъули давлатиро бар дӯш доранд, дар таъмини амнияти сиёсиву иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ саҳмгузор бошад.
Бояд гуфт, ки дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди аввали сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бо ҳамин сабаб дар даврони истиқлолият аз ҳисоби буҷет дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3 фоиз, илму маориф 14, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 9,5 ва тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона карда мешавад, дар баробари ин, қисми даромади буҷети давлатӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2010 дар соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расонида мешавад, ки афзоиши он қариб 4 баробар ва ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 фоизро ташкил медиҳад, қайд карданд Пешвои миллат.
Воқеан, амалисозии бомаром ва пайвастаи барномаҳои ҳукуматӣ имкон фароҳам овард, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7% афзуда, то чор баробар зиёд гардад. Ҳамин аст, ки дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми соли гузашта баёншуда соли 2018 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо, аз ҷумла аз ҳисоби лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаҳои энергетика, саноат, сохтмон, алоқа, инфрасохтор, маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ 88 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Ҳоло бошад, дар кишвар татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30 миллиард сомонӣ идома дорад.
Дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст.
Дар ин давра ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон муяссар шуд, ки дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо маблағгузории 36 миллиард сомонӣ иншооти хурду азими муҳимро оид ба истеҳсолу интиқоли барқ сохта, ба истифода диҳад. Чунончи, дар ин давра низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, 1520 мегаватт зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шуданд. Ҳамин сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буд, ки соли ҷорӣ мо на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузоштем, балки бори аввал дар 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт - соат неруи барқ содирот кардем.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баён доштанд: «Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98%-ро ташкил медиҳад».
Мусаллам аст, ки рушди фаъолияти соҳибкорӣ кафили инкишофи боэътимоди иқтисодиёт ва паст гардидани шиддати таъсири буҳрон буда, барои афзун шудани буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад кард. Пешвои миллат дар ин самт пешниҳод намуданд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда шавад.
Вобаста ба ин масъала Сарвари давлат дар Паёмашон чунин зикр намуданд: «Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, чораҳои зарурӣ андешад». Ин, албатта, барои дастгирии соҳибкорӣ ва ба рушди соҳаи сайёҳӣ нигаронида шудааст.
Бо мақсади вусъат бахшидан ба дастовардҳои миллӣ ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод карданд, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардад. Ин иқдом, ба андешаи мо, бисёр саривақтӣ ва зарурист.
Бо боварии зиёд гуфта метавонем, ки ин суханҳои роҳбари давлат дар ин раванд барои таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ, ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, аз худ намудани ҳамаи самтҳои зиндагӣ ҷорӣ намудани навгониҳои илму техника, дарки масъалаҳои афзалиятдоштаи пешрафти мамлакат ва ҳалли саривақтии он равона гардидаасту ин иқдом аз ҳар яки мо масъулияти дучандро талаб мекунад.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони пуртазод бо назардошти иҷрои нақшаҳои муҳими давлату Ҳукумат ҳамаи моро зарур аст, ки дар ҳамбастагию ҳамҷоягӣ корҳои азими созандагиро ба анҷом расонида, ба ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои миллатамон бирасем.
Нурализода А.Н., муовини якум, муовини ректор оид ба таълими ДДМИТ