Мақолаҳо
Ҳадафҳои олӣ ба рушди иқтисодиёти миллӣ
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26-уми декабри соли 2018) аз Паёмҳои солҳои қаблӣ фарқи калон дорад. Зеро ҳадафҳои стратегие, ки барои раҳоӣ бахшидани тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар дар Паёмҳои қаблӣ мавриди ҳаллу фасл қарор мегирифтанд, то андозае амалӣ гардидаанд. Дар ин миён ҳадафҳои навин, аз қабили ба кишвари энергетикӣ табдил додани Тоҷикистон ҳамчун давлати истеҳсолкунандаи қувваи барқ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва ба масъалаи саломатии ҷомеа, дастгирӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз қабили соҳибкорӣ, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таъмини бозори дохилӣ ба маҳсулоти хушсифати истеъмолию доруворӣ ва эълон кардани ҳадафи чоруми Стратегияи миллии рушд - саноатикунонӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир гардид. Ин ҳама аз ҷумлаи нуктаҳоеанд, ки аз Паёмҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад.
Воқеан, Паёми имсола фарогири қисмати бештари соҳаҳо, аз ҷумла соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг ва ғайраҳо мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳар Паёми хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф ва субъектони фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла ҷиҳати таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи онҳо аз дигар соҳаҳо дида, таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Тавре дар Паёми навбатӣ ироа гардид: «Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар». Ҳамчунон, қайд карда шуд, ки агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем. Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси омӯзгоронро боз ҳам тақвият бахшанд. Яъне, ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида мешаванд.
Дар Паём дар самти субъектони фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳи хосса дода шудааст, ки «Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, чораҳои зарурӣ андешад». Илова ба ин, барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, таъмин намудани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки соли 2019 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ”-ро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Инчунин, бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон пешниҳод гардид, ки дар кишварамон “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда шавад».
Қобили зикр аст, ки бо мақсади раванди саноатикунонӣ, рушди истеҳсолот ва механизми дастгирии давлатӣ ва имтиёзҳо барои сармоягузорон ва истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти ватанӣ вобаста ба андозу гумрук як қатор пешниҳодҳои нав аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ пешниҳод гардиданд.
Қайд карда шуд, ки дар 11 моҳи соли 2018 аз ҷониби низоми бонкӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи 7 миллиарду 250 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 201 миллион сомонӣ ё 3 фоиз зиёд мебошад. Вобаста ба ин, ба Бонки миллии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми қарз ба бахши хусусӣ ва махсусан, ба соҳаҳои истеҳсолӣ, нигоҳ доштани суботи низоми бонкӣ, беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасониҳо, омода кардани мутахассисони соҳаи бонкдорӣ ва баланд бардоштани савияи касбии онҳо чораҳои қатъӣ андешад.
Бояд қайд намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, мо мардуми шарафманду бонангу номуси кишварро мебояд баҳри расидан ба ҳадафҳои дар Паёми Президенти кишвар зикршуда тамоми кӯшишу ғайрат ва нерую тавонмандиро сарф намоем ва ба ин васила, тавониста бошем то дар пешрафту шукуфоии ватани азизу маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Куҳзод Шодиев, устоди кафедраи таҳлили иқтисодӣ