Мақолаҳо
ПАЁМ: Таваҷҷуҳи хосса ба забономӯзӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2018 дар радифи мушаххас намудани муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, инчунин як силсила масоили марбут ба ҳаёти иҷтимоиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Соли гузашта аз ҷониби Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида буд. Ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат боис шуд, ки кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ шавад, имкониятҳои сайёҳии худро ба ҷаҳониён нишон диҳад ва дар роҳи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ қадами ҷиддӣ гузорад. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ низ ба ин масъалаи муҳим, яъне рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ба таъкиди Роҳбари давлат, рушди минбаъдаи сайёҳии кишвари кӯҳии мо ба рушди зерсохторҳо дар деҳоти кишвар алоқамандии бевосита дорад. Аз ин хотир, аз ҷониби Сарвари давлат ба хотири вусъат бахшидан ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самтҳои мазкур пешниҳод гардид, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шаванд.
Воқеан, ин иқдоми наҷиб метавонад дар баробари рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё, ҳифз ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дар самти беҳбуди вазъи зиндагии аҳолии деҳоти кишвар нақши муассир дошта бошад. Зеро Пешвои миллат ҳадафҳои мушаххаси ин ташаббусро чунин шарҳ доданд: “Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад”.
Бояд гуфт, ки ин Паём чун Паёмҳои қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳар як сокини кишварамонро ба он умедвор менамояд, ки кишвари мо, новобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир, таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол то сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоишта ва сулҳу амниятро таҳким мебахшад.
Дар Паём қайд гардид, ки ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул шуда буд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд.
Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем.
Аз ин лиҳоз, Роҳбари давлат ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш доданд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.
Эътимоди комил дорем, ки мардуми сарабаланди тоҷик дар соли ҷорӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро ба харҷ медиҳанд, то бо дилгармӣ вазифаҳои дар Паёми имсола муайянгардидаро бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанхоҳӣ иҷро намоянд ва дар пешрафти Тоҷикистони азизу маҳбубамон саҳм гузоранд.
Кафедраи забонҳои хориҷӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи илми низариявии устодон ва донишҷӯён барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва давлату ҳукумат кӯшиш намуда, кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯро тарбият менамояд, то онҳо дар пешрафти Тоҷикистони азизу маҳбубамон саҳмгузор бошанд.
Шараф Раззоқбердиев, устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ