Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Аз марги ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова ҳангома насозед (Ҷавоб ба сомонаи ифротии «Паём.нет»)

Паём.нет, ки минбари ифротзадаҳо, лаинҳо ва ватангумкардаҳост бо часпонидани акси ду шахсияти таърихӣ: Ҳошим Гадо ва Файзинисо Воҳидова дар зери сарлавҳаи Ф. Воҳидова: Шӯравӣ нисбат ба дину диндории мо ин қадар зулм намекард» ва «Зан буд бар сони гурде савор» ба таблиғи тиҷоратӣ даст зада, таваҷҷуҳи мардумро аз мусибати мардум дидаву дониста, ба сӯйи ҳангомаву хабарсозӣ бурдааст. Чанд бор гуфтем, боз мегӯем, ки мисли марҳум Файзинисо Воҳидова дар Тоҷикистон ҳазорҳо зани ҷасур ҳастанд ва онҳо ҳам марбути ин хоку буманд. Дар гӯшаи хотирашон ҳатто фикре намеомад, ки Ватанро тарк кунанд ва мисли афроди беъурзаву нанг, дар сиёҳкунии сарзамини бобоӣ ва мақомот бар оташи душман равған резанд. 


Ҳоло наҳзатиҳои «Ансоруллоӣ», ки қаноти хобрафтаи ҳаракатҳои ҷангӣ дар Аврупо мебошанд, аз чеҳраи дунявии Файзинисо Воҳидова башиддат бибиотуну бибихалифа сохтанӣ ҳастанд. Охир мо шумо палидакҳоро бовар кунем, ё ба чашмонамон. Ӯ зане буд озода ва дигарандеш ва аз башараи сиёҳпӯшони доишӣ ва наҳзатӣ безор буд. Озод зист ва озод реҳлат кард. Дар Ватани худ ҷоно ба ҷонофарин супорд. На мисли наҳзатиҳои оташандоз ва террорист, ки дар замини ғарибӣ ҳатто як вачаб хоке намеёбанд, ки худу авлодашонро гӯр кунанд. 


Ҳамсари Файзинисо Воҳидова - Ғайрат Воҳидов чунончӣ дар ҷавоб ба Абдусаттор Бобоеви хиёнаткор ва ватанфурўш ӯро «беномус хонда, суистифода аз марги ҳамсарашро хилофи арзишҳои инсонӣ дониста аст». Дарвоқеъ, наҳзатиҳои бедину диёнат аз ин хислатҳо барҳақ ориянд. 


Аз ин рў, аз ин ҳодиса ба манфиати худ истифода бурдани бархе аз душманони халқу миллат, аз ҷумла Абдусаттори патинка ва Кури Юнус, ки мақсадашон њамеша ноором сохтани вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тољикистон мебошад, мо шаҳрвандонро бетараф намегузорад. Мо ба ин сагони кўчагӣ, беватану бебунёд, беору беномус ва бефаҳму бешуур гуфтанӣ ҳастем, ки воқеиятро ба тахаюлот мубаддал насозанд ва мардумро гумроҳ накунанд.Ин гумроҳони беимон мехоњанд ба марги табии инсон оҳанги сиёсӣ дода, номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ сиёҳ намоянд ва бо ин роҳ садоқати худро дар назди охундҳои толибманиш нишон диҳанд. 

Як нафар наҳзатӣ бимирад рӯяд аз қабраш гуле, 

Ҷумлагӣ ҳамроҳ бимиранд олам гулистон мешавад. 

Карим Давлат, таҳлилгар