Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Мулло-ҷорӯби дастархон (Сухане чанд андар гуноҳҳои кабираи Маҳмадсаид Ризоӣ)

Эшону мулло ҷорӯби дастархон мебошанд, гуфтаи ҳакимест, ки басо нишонрас хислати разилонаи шахси чалласавод ва ёғии собиқадори Маҳмадсаид Ризоиро бозгӯӣ мекунад. Даврони бесару сомонӣ М.Ризоӣ, ки шуъбаи фарҳангро дар ҳизби мамнуи террористӣ иҷро мекард, сари минбар мебаромад ва аз иршоди исломӣ таблиғ мехонд. Мавъизаи бесару нӯг ва аз воқеият фарсахҳо дур буд ин минбарбароиҳо. Ҳаёро гум карда, бо кач кардани даҳон ба наҳваи лаҳҷаи теҳронӣ худро саводнок вонамуд карда, М.Ризоӣ музахрафотро ба забон меовард. Ризоӣ дар партави нусхабардорӣ аз васиятҳои нораво ва пойдарҳавои Саид Қутб ва дигар саркардаҳои «Ихвон-ул- муслимин» ҳарф мегуфт, талош дошт ин маънавиёти ботилро бо он ҳам пучиву ҳамоқатнигорӣ (абсурдизм)дар шароити Тоҷикистон пиёда созад. На аз иршод гапу сухан буд ва на аз маърифати исломӣ бӯе. Ҳозирон чун ба гуфтаҳои ин наттоқ пай намебурданд ва ҳеҷ чизро намефаҳмиданд, ҳар маҳфил бо арбадаву хархаша ба итмом мерасид. 


Нафси кабираи Ризоӣ, ки ба сони охундҳо худро аз Ризоев ба Ризоӣ табдил ном кардааст, ҳама вақт бедор аст. Ҳатто дар ҳалқаҳои наздик наволаро нахоида фурӯ бурдани ӯ вирди забонҳост. Дар пурхӯрӣ ва руфтани дастархон улгу ва намунаи ибрат аст. Мегӯяд, ки мулло аслан ғар мешавад, чун дар кучое набошад, болонишин аст, ва хонаш аз мағзу чағз пур. Аниқтараш хонаш аз моли рабудашудаи мардум пур. 


Ҳоло падару писар (Маҳмадсаид ва Нурмуҳаммад) ду ҳаракати ифротиро ба инҳисори қудрат гирифта, боз аз ҳама баланду пурсадотар дар бораи «режими худкома» ҳарф мезананд. Садқа шавам Худоро, Як бому ду ҳаворо. Маълумоти ҷолиби диққат дар бораи ин ҷуфти ифротӣ ба даст омадааст ва инак мо онро барои огоҳсозии аҳли ҷомеа ифшо месозем. Ин бозиҳои хатарнок, ки падару писар рӯйи даст гирифтаанд, пайомади мудҳиш дорад. Инак асли қазия, худ бубинед ва қазоват кунед: 


Аз доираҳои наздик ба роҳбарияти ҳизби мамнуъ дар яке аз шаҳрҳои Аврупо маълумот ворид шудааст, ки дар бораи аз азхудкунии маблағи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз сӯи М.Ризоӣ ҳикоят мекунад. Ин маблағ ба баҳонаи кӯмак ба «мустазафин» таъин шуда, амалан ба чайби хонаводагии М.Ризоӣ сарозер шудааст. Гап дар сари он меравад, ки бинобар қаробатҳои идеявӣ ва ғоявӣ байни аҳзоби исломии минтақа бо хадамоти махсуси охундӣ, М.Ризоӣ муваззаф мегардад, ки соли 2018 2 гурӯҳи террористи худкушро ба Тоҷикистон мефиристад. Аз масъулони СПИИ 23 ҳазор доллари ИМА-ро гирифта, дар шоҳидии яке аз аъзои аршади ҳизби наҳзат ваъда месупорад, ки вазифаи хоҷагони хориҷиро иҷро мекунад. Бо мурури 1 сол на аз пул нишоне асту на аз гурӯҳхои худкуш хабаре. М.Ризоӣ, ки худро дар барномаҳои телевизионӣ шахси бовиҷдон метарошад, маълум мешавад, ки ин фиреби назари ошкоро буда, ин ҳама «адолатхоҳӣ»-ву «ҳақпарварӣ» барои рӯйпуш кардани пулситонӣ аз хориҷиҳо будааст. 


Амалан, агар амиқ бингарӣ, кореро ки Ризоиҳо ҳамчун абзори ҳизби террористӣ дар се даҳсолаи охир анҷом доданд, иборат буд аз: ба бероҳа кашонидани суботи ҷомеа; дар мадди сонӣ зарба ба арзишҳои дини Ислом дар ҷомеа буд. 


Ризоӣ бо сагбачааш дар замони ҳокимияти Шӯро худро дар сатҳҳои поёнии ҷомеа айёрона ҷой карда, бо насиҳати таълимоти Саид Қутб ва Ҳасани Бано, раҳбарони ҳизби ифротии «Ихвон-ул-муслимин», ба ислоҳотҳои ба ақидаи худашон «созанда» даст заданд. Дине ки 1400 сол арзи вуҷуд дошт, ниёзу талаботи ин диндорони наҳзатиро бароварда намесохт. Онҳо корҳоеро дар чорчӯби дин анҷом медоданд, ки хилофи суннатҳои қадимии миллӣ арзёбӣ мешуданд ва ҳадаф аз ин качравиҳо ҳамоно, мубориза бар зидди асосҳои фарҳанги миллӣ буд. Ҳоло ин гумроҳон, ки ҷуфти болозикршуда ҷузъи онҳост, ин амалро дар шароити хориҷа такрор мекунанд. Чун бо тахт минбар баробар шавад, Ҳама ном Маҳмаду Нурмаҳмад шавад. 


Зафар Саронов, таҳлилгар, ш.Бонн