Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Макри Бурҳонов дар ниқоби мазҳаббозӣ (Аз силсилаи «Инҳоро бояд шинохт»)

Шуъбадабозӣ ва кӯлоҳпӯшонии Маҳмудхон Аббосович Бурҳоновро дар муҳити тиҷоратии кишварҳои Халиҷи Форс ҳама медонанд. Шахсест орӣ аз ҳама усулу меъёрҳои инсонӣ. Чун дар бозорҳои ин кишвар ҷалғуза мефурӯшад ва боз ҳам дар байни савдогарони русзабон ба сифати каҷзабонӣ ба ҳайси мутарҷим миёнҷигарӣ мекунад, айёриаш ба ҳама худиву бегона маълум аст. Чун аз пайсаҳои дуздӣ ҷайбаш пур шуд, дар фикри сангадозӣ ба миллат ва ба арзишҳои давлатӣ кард. Ҳомии аҳзоби террористӣ ва ҳаракатҳои ёвасарой шуд. Дар фазои мачозӣ ҳузури густурда пайдо кард. «Дӯстон»-и мисли худаш ландаҳуру бекорхӯҷа пайдо кард. Рӯзҳои танҳоиро ба сиёҳкунии миллат бахшид. Яку якбора ирунӣ шуд. Лаҳчаи теҳрониро меъёр забони форсии точикӣ медонист. Тоҷикро паст мезад, мегуфт миллат нест. Форсмаоб шуд. Шиа шуд. Вале пешопеш қиссаи аҷиб дар бораи тағйироти мафкураи ин фарангимаоби қазвинӣ ба даст омадааст. Маълумоти аз доираҳои наздик ба ин тарафдорони ҷабҳаи зиддитоҷикӣ нион меидҳад, ки бо ин ҳама пуштивонаи фиребкорӣ ва ҳилагарӣ, боз ҳам сарҳади одамгариро убур карда, нотавонии маънавиашро ба намоиш гузошта, дар ҳақиқат мазҳаби бобоиро иваз кардааст. Ҳамин манбаъ мегӯяд, ки дар Истаравшан айёми наврасии Маҳмудхон ба давраи бозсозии Горбачёвӣ рост омад. Дар ин замон буд, ки ба хониши китобҳои зардуштӣ шавқу ҳавас пайдо кард, Зардуштро пешвои анъанавӣ медонист, намози панҷвақтаро фаровардаи дини аҷдодӣ медонист. Вале чанде нагузашт, ки ваҷди риёӣ боло гирифту ба йогаи ҳиндӣ майл кард. Аз хурдани гӯшту равған парҳез мекард. Тамринҳои аҷибу ғариб анҷом медод. Чун мардуми маҳал ба ин гуна машқҳо одат надоштанд, ин каҷравиҳои Маҳмудхонро ҷунуни ҷавонӣ мегуфтанд. Баъдан ба ушуву якҳарбаи буддоӣ тамоюл пайдо кард. Фалсафаи Конфутсийву Лао-тсзи мехонд. Мутолиаи адабиёти ҳазорсолаи тоҷикро сарфи беҳудаи вақт медонист. Сипас, яку якбора хоҳиши демократ шудан кард. Ин ҳам зиёд давом накард. Бо авҷ гирифтани ҳаракатҳои зиддимилӣ, гароиши беандоза ба ифротгароии исломӣ кард. Фаъоли исломӣ шуд. Ба ҳаракати зиддиҳукуматӣ пайваст. Саранҷом, бо гузашти 1 даҳсола ба хулосае омад, к ибо тавсия бародарша кӯри Юнус ба аҳли ташаъйю бипайванад ва бо мазҳаби бобоӣ алвидоъ бигӯяд. Бо ивази кардани мафкураи динӣ, аз ҷониби миссионерҳои хориҷӣ бо маблағ таъмин мегардад. Сомонаву саҳифаи таблиғӣ мекушояд. Ҳоло ин баднафс марбути шаҷарае мебошад, ки дар тарғиби мазҳаби бегона дар минтақа даст дорад. Хуфия аст. Хатти қирмизи муборизаро гузаштааст. Қазоват бар шумост, хонандаи гиромӣ, ки бо ин ҳама тағйирёбиҳои равонӣ ки бемуҳобот хоси одами солим нест, ин гуна ашхос худро нухбаву ашрофи миллат медонанду лоиқ ба насиҳатгарӣ. Агар ин гуна афрод ба сони Бурҳоновҳо нухбаи ин маҳал бошанд, пас дурнамои баде моро интизор аст. Мурод Исломов, сокини Хуҷанд.