Он магасандешаҳо, он моли туст (дар посух ба матлаби ахири М. Садриддин)
Дар сомонаи наҳзатӣ матлаби яке аз фаъолони ҷинояткори ТТЭ ҲНИ М.Садриддин таҳти унвони «Нишасти сарони ИДМ ҷуз ширкати Пашиняну “ҷипи” Мирзиёев навгонӣ ё паёми дигаре надошт» интишор ёфт. Аз номгузории матлаби мазкур ҳувайдост, ки нависанда ба ҳамоишҳои сиёсие, ки ба Тоҷикистон марбутанд ва ба хотири таҳкими равобити сиёсию байнидавлатӣ созмон меёбанд, аслан ҳассосият дорад. Оид ба чанд нуқтаи ба қавли Мавлоно, «магасандеша»-ҳои М. Садриддин ба таври иҷмолӣ акидаи худро баён менамоем: 1.М. Садриддин, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад, аз дидани манзараи хуби ҷараёни баргузории ҳамоиши Сарони кишварҳои аъзои ИДМ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хашм омада, нишасти роҳбарони давлатҳои мазкурро муғризона «театри сиёсӣ» номидааст. Албатта, Садриддинро фаҳмидан мумкин аст, зеро ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳеҷ эътибор надорад ва касе ӯро намешиносад, ба ҷуз ду-се нафар хешу ақрабояш, ки дар доираи хурофоту таассуби мазҳабӣ фикр мекунанд. Дар зимн, ҳамин ба истилоҳи Садриддин, «театри сиёсӣ» тайи сӣ соли ахир корҳои зиёди сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва фарҳангиро ба субут расонидааст. Гузашта аз ин, ташкили сатҳи баланди мулоқоти раҳбарони ИДМ, сайругашти идона ва амсоли инҳо баёнгари он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меҳмонон ва бахусус, меҳмонони сиёсӣ ва давлатӣ дар сатҳи баланд пазироӣ менамояд. Саммити сарони ИДМ ба сифати ниҳоди муассири сиёсӣ дар бисёр масъалаҳо, минҷумла мубориза ва муқовимат бо терроризми байналхалқӣ, амалӣ намудани тарҳҳои иқтисодӣ, инфрасохтори ҳарбӣ, ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардидааст. Ҳамаи инро нодида гирифтан ва ҳеҷ шуморидан танҳо нотавонбинӣ ва ноинсофисту бас. 2.М. Садриддин аз сарвазири Арманистон ҷаноби Никол Пашинян таърифу тамҷид мекунад. Албатта, ҳар яке аз роҳбарияти ИДМ сазовори эҳтиром аст ва роҳбарӣ ба як давлат кори саҳлу осоне нест, чуноне ки М. Садриддин мешуморад. Фаъолияти фейсбукии Пашинян, ки Садриддин ба он часпида, тавсиф намудааст, кори маъмулист ва ҳар нафар аз роҳбарияти дигар кишварҳо ҳам аз васоити интернетӣ истифода мебаранд ва сомонаҳои расмӣ доранд, ки корашон интишори расмиёти давлатист. Бинобар ин, Пашинян аз саҳифаи худ барои пахши иттилоот истифода мебарад, ки ин кори хуб аст, аммо онро ба унвони бартарӣ дар сиёсат ва давлатдорӣ муаррифӣ кардани М. Садриддин аз рӯйи ғараз ва кина мебошад. Бухлу кина ва нотавонбинӣ инсон (дар мисоли М. Садриддин)-ро ба ҳар кори баду шанеъ раҳнамун месозад ва раҳи инсофу муҳаббатро мебандад. Ин аст, ки М. Садриддин Роҳбари кишвари худро ҳамчун душман шуморида, дар ҳар мавриде ӯро на интиқод, балки мазаммат мекунад, ки дар силсилаи муборизоти сиёсӣ меъёр шуда наметавонад. 3. М. Садриддин, ки сахт хурофотӣ ва мазҳабзада аст, ба риши Пашинян часпида, аз он як символи динӣ-мазҳабӣ ва имонӣ сохтааст, дар ҳоле ки риши раҳбари Арманистон ҷанбаи ҳунарӣ-эстетикӣ дорад ва ин навъи риш, ба ягон ваҷҳ, ба дин ва мазҳаб иртибот надорад. Аммо Садриддин аз ҳар чиз ва падидае дину мазҳаби худро меҷӯяд ва бо хушкандешӣ посух медиҳад. Ман сад дар сад бовар дорам, ки манзури Садриддин аз ин матлаб танҳо риши Пашинян аст, ки дархӯри мабоҳиси ин қабил хушкандешону мазҳабзадагон мебошад. Чун ҳарвақта М. Садриддин ба роҳбарони ИДМ ҳуҷум мекунад ва онҳоро дар мубориза алайҳи дини мубини ислом муқассир медонад, дар ҳоле ки ин роҳбарон, дар баробари хадамоти дунявӣ ба ислом ва мусулмонони кишварҳояшон аз Садриддинҳо ҳазорон маротиба зиёдтар хидмат кардаанд. Барои М. Садриддин риш арзиш дорад ва гӯиё ҳама чизро дар ҷаҳон ҳамин риш ҳаллу фасл мекунад. Воқеан, риши М.Садриддин риши хурофотӣ ва мазҳабӣ буда, ба қавли Мавлоно, бори гарони «магасандешаҳо»-ро мекашад ва зулмати афъоли мутаассибонест мисли М. Садриддин. Ва ҳамон ришест, ки Мавлоно дар «Маснавӣ» онро мавриди тамасхур қарор додааст: Он магасандешаҳо он моли туст, Риши ту он зулмати афъоли туст. 4.Маълум аст, ки Сарвари давлат қариб дар тамоми баромаду суханрониҳояшон, беш аз пеш, ба дини мубини ислом арҷ мегузоранд ва онро ба сифати падидаи бузурги маънавӣ дар ҳаёти мардуми кишвар тарғибу ташвиқ менамоянд. Расму русум ва анъаноти исломӣ ва мазҳабӣ дар кишвар озодона доир мегарданд ва дар иҷрои ибодоти динӣ-мазҳабӣ тамоми сектаю равияҳои динӣ озоданд. Аз ин бештар чӣ мехоҳед? Вале Садриддинҳо зиёд чизҳо мехоҳанд ва агар онҳоро болои сарат ҳам барорӣ, боз ҷилутар рафтан мехоҳанд. Чашми носери онҳо аз ҳеҷ чиз сер намешавад ва онҳоро, ба қавли шоир: «танҳо хоки гӯр сер мекунад». 5. М. Садриддин Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёевро мисол зада, Роҳбари кишварро «душмани деҳқон» муаррифӣ месозад. Аҷабо, Сарвари давлат, ки фарзанди деҳқон ҳастанд ва тамоми умр аз деҳқон ҳимоят кардаанд ва тайи фаъолияти раҳбарӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис дода, заминро ба соҳиби аслиаш – деҳқон ҳадя намудаанд. Имрӯз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон ба кишту кор машғуланд ва фаъолияти озодонаи деҳқон боиси он гардидааст, ки сабади истеъмолӣ афзоиш ёбад ва Тоҷикистон ба кишвари озоди аграрӣ бадал шавад. Бар илова, Сарвари давлат мақомоти марбутаро муваззаф месозанд, ки тарзи озод ва шаффофи пардохтҳоро вобаста ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ба роҳ монанд, то ки деҳқон зарар набинад. Аммо М. Садриддин, ки худ ҳамеша аз пули муллоӣ ва муфтхӯрӣ рӯз бурдааст, бесабаб аз деҳқон пуштибонӣ намекунад. Ҳатман ғаразе дар ин навъи пуштибонӣ ба назар мерасад. Ҳол он ки Садриддинҳо бо амри маъруфи хушку холӣ ва бизнеси молу колои ватанию хориҷӣ деҳқонро ғорат кардаанд ва то имрӯз аз пайи ғорату тороҷи амволи деҳқон машғуланд. Инро дар урфи халқӣ, «ғарию пешхезӣ» мегӯянд. Бинобар ин, изҳори назарҳои М. Садриддин аз пеши пояш ҷилутар намераванд ва танҳо дар доираҳои ба наҳзат наздик вирди забон мегарданду халос. 6.Саммити сарони давлатҳои муштаракулманофеъ паёми хубе дошт, ки он иборат аст аз ҳамгиройии амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ, мафкуравӣ, маданӣ дар шароити ташаннуҷи авзои сиёсӣ ва геополитикии ҷаҳонӣ буд. Дар шароити мураккаби муосири ҷаҳонӣ шарики сиёсии бовариноки сиёсӣ ва низомӣ доштан дар симои давлатҳои аъзои ИДМ ба ҳалли бетаъхири бисёр мушкилот ва масоили муҳимми минтақавӣ ва байнидавлатӣ сабаб мегардад. Аз ин лиҳоз, паёми саммити сарони давлатҳои муштаракулманофеъ, ки ба доираҳои Садриддинӣ намефорад, ба оромиши сиёсӣ ва амнияти миллӣ дар минтақаҳо заминаи мусоид фароҳам меоварад. Фаридун Ориёӣ