Мақолаҳо
ФИРОРИЁНИ НАҲЗАТӢ ҚУРБОНИ ТИҶОРАТИ РОҲБАРАШОН МЕШАВАНД
Хиёнат ба меҳану миллат аз қабили рафтору кирдорҳои бадтарин ва пасттарини одамон буда, дар таърихи башар ҳеҷ ҷойи бахшиданӣ ва гузашт карданӣ надорад. Аз замони пайдоиши нахустин давлатҳо ва ташаккул ёфтани миллатҳо хиёнаткорону хоинони давлату миллатро ҳеҷ гоҳ намебахшиданд. Чунки онҳо дидаю дониста бар муқобили манфиатҳо ва арзишҳои миллию меҳании хеш баромада, ба хотири манфиатҳои кӯчаки шахсию гурӯҳӣ манофеи умумимиллию давлатиро осон мефурӯшанд. Бо вуҷуди ин, чунин одамон ба хотири пиёда намудан ва роҳандозӣ кардани нақшаю ҳадафҳои хоҷагонашон, ки онҳо ҳам душманону бадхоҳони миллату меҳани ин худбохтагону нохудогоҳон мебошанд, аз тамоми роҳу воситаҳои истифода менамоянд. Дар ҳолати ошкор ва фош гардидани хиёнат ва амали душманонаашон, боз роҳу усули дигар ҷуста, онҳоро ба дӯши дигарон бор карда, худро дар назди ҷомеа мӯсичаи бегуноҳ ва фаришта намоиш медиҳанд. Ҳамчунин, ин гурӯҳи одамон дар ҷомеаҳои суннатӣ ва қолабӣ аз бовару эътиқоди омма сӯистифода намуда, мардумро ба гумроҳа мебаранд. Ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки бо суханони сохтаю бофта мардумро мунтазам дар ҳолати тарсу ваҳм нигоҳ доданд ва одамонро дар муқобили ҳам мешӯронанд.
Ин усули корӣ ва тарзи амалкард дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ ва дар тамоми давлатҳо хоси афроди хиёнаткору хиёнатпеша буда, чун тарки одат балои ҷон эшонро раҳо наменамояд. Аз ҷониби дигар онҳо маҳз бо истифодаи ин усулу воситаҳо, ки соҳиби молу мулк гардидаанд, мехоҳанд дар ҷамъият ҷойгоҳ ва мақоми хоси худро дошта бошанд. Бо ин ҳам иктифо накарда, бо амалҳои даҳшатбору ваҳшатагезашон низ ашхоси муътабару маъруфро қатлу ғорат карда, ҷомеаро ба ҳолати хаос меоранд. Ва дар ҳамин марҳила тамоми кӯшишу ғайрати худро бо роҳи зӯрӣ ва ғайриқонунӣ баҳри ғасби ҳокимият равона менамоянд.
Вале дар ҳеҷ ҷомеаву давлате чунин хиёнаткорону хоинонро пас аз ба таври пурра ошкору фош гардидани ваҳшонияту даҳшатбориҳояшон ва бардошта шудани парда аз рӯйи асрори амалҳои ғайриахлоқию ғайриинсониашон набахшидаанд ва ҳеҷ гоҳ нахоҳанд бахшид. Вале, дар фазои пасазистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз бомдоди субҳи озодию истиқлол роҳбарону намояндагони наҳзат тамоми амалҳои ваҳшатангезу даҳшатбор ва кирдори пасту зиштро роҳандозӣ намуданд. Ҳанӯз дар интиҳои солҳои 80-уми асри ХХ, замоне, ки собиқ ИҶШС побарҷо буд, роҳбарону намояндагони наҳзат ба таври пинҳонию ошкоро даст ба ҷиноятҳои мухталиф зада, мардумро ба майдоннишинию сангарнишинӣ даъват намуданд. Барои дар зери парда пинҳон кардани ин ҷиноятҳояшон муллоҳо ва рӯҳониёни вақтро ба пеш андохта, худ дар паси онҳо пинҳон шуданд. Бо ҳамин роҳ корро то ба ҷанги бародаркӯш расонида, дар раванди ҷанг басо мардуми кишварро талаву тороҷ карданд. Мардумро ба ҷанг кашида, худашон дар зери паноҳандагӣ ва пуштибонии хоҷагонии хориҷиашон дар хориҷ аз кишвар айшу нӯш карда гаштанд. Ҳарчанд ин нақшаҳояшон дер напоида, хиради азалии мардуми тоҷикистонӣ боло гирифт ва бо роҳбарии фарзонафарзандони миллат оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба хомӯшӣ расонида шуд, аммо ин буғсу нафрат ва кинаву адоватро роҳбарону намояндагони наҳзат аз қалбҳои нопоки хеш берун карда натавонистанд. Дилсиёҳӣ, тангназарӣ, кӯрдилӣ, хиёнаткорӣ, душмансозӣ ва дигар амалҳое, ки хоси онон асту нафрати инсони бохираду солимақлро меорад, ҷӯш зада, боз наҳзатиҳои террористро боз ба роҳи терроризму экстремизм андохт.
Пас аз хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири орому осуда зиндагӣ кардан ва дар фазои сулҳу дӯстӣ умр ба сар бурдани мардуми кишвар ба тамоми хиёнаткорӣ ва амалҳои ваҳшатангезу даҳшатбори террористони наҳзатӣ чашм пӯшида, кулли роҳбарону намояндагони наҳзатро, ки саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ ва дигар норомиҳо дар фазои ҷумҳурӣ буданд, бахшид. Ва ҳатто ба хотире, ки онҳо ҳам шаҳрвандони ин кишваранд ташкилоти террористонаашонро ба сифати ҳизби сиёсӣ шинохт ва дар парлумон барои ин ҳизб ҷой муайян кард. Аммо ҳаводису воқеоти баъдӣ такрор ба такрор собит сохтанд, ки ин морсиратону каждумпешагон аз амалҳои разилонаю аблаҳона ва пастфитратона ҳеҷ даст накшидаанд ва нахоҳанд кашид.
Имрӯз, ки аксари амалҳову кирдорҳои пасту зишт ва бехирадонаю разилонаи онҳо, ки ба таври пурра ошкор шудаасту хиёнаткорӣ ва душманиашон ба миллату меҳан ба маротиб собит гардидааст, эшон худро ба оғӯши кишварҳои демократию дунявӣ партофтанд. Ин дар ҳолест, ки замони дар Тоҷикистон буданашон онҳо ҳамагӣ душманони ашадии демократия ва дунявият буданд ва ҳатто, ҳар нафар аз ин ду мафҳум истифода мекард, зери танқиди шадид қарор медоданд. Ин террористону экстремистон, ки худро мусалмони ноб меноманд, чаро ба кишварҳои мусалмоннишин нарафтанд? Чунки онҳо на мусалмон, на яҳудӣ ва на масеҳӣ ҳастанд, балки эшон афроди чандчеҳра, чандрӯй ва осонфурӯшонеанд, ки дар ҳолати зарурӣ на танҳо дину мазҳаб ва эътиқодашонро иваз мекунанд, қадру қимат, шаъну шараф ва нангу номуси инсониашонро ҳам мефурӯшанд. Аз ин рӯ, аз шаклу шамоили ин қабил одамонсуратони каждумсират на танҳо мусалмонҳо, балки тамоми башарият безор аст ва тоқати дидани ононро надорад. Вале, кишварҳои аврупоӣ, ки худро ҷаҳонӣ аввал меҳисобанду гӯиё дар ин қитъаи олам демократия, дунявият ва плюрализм ба дараҷаи олӣ расидааст, ночор ба роҳбарону намояндагони фирории наҳзат ҷой доданд. Дар асл, онҳоро на танҳо қабул, ҳатто дидан намехоҳанд, зеро хуб медонанд, ки тамоми таркишҳо ва амалҳои террористонаи дар шаҳрҳои мухталифи Аврупо рӯйи коромадаро, маҳз намояндагони исломи сиёсие, чун наҳзат анҷом додаанд, на афроди дигар. Аммо дар тамоми гӯшаю канори олам, ки аз демократия, дунявият ва озодии дину мазҳаб ҷор мезананд, аз ночорӣ ба роҳбарону намояндагони фирории наҳзат ҷой додаанд.
Роҳбарону намояндагони фирории наҳзатӣ, ки бадкорӣ, бадниятӣ ва бадсириштӣ дар тамоми рагу пайвандашон реша давонида, ҳама организмашонро фаро гирифтааст, наметавонанд аз иҷрои амалҳои ваҳшатангез ва даҳшатбор даст бикашанд. Чун медонанд, ки тамоми сокинони сайёра аз террористӣ ва экстремистӣ будани наҳзат огоҳанд, худро айёр нишон дода, барои дар пинҳонӣ мондани ҷиноятҳояшон гурӯҳҳои дигар террористонаро бо номҳои Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказиро таъсис доданд, ки ҳеҷ кадом онҳо ба номаш мувофиқ нест. Яъне, ба истилоҳи дигар ном барои амалҳои аблаҳонаю аҳмақона ва заҳҳоконаю аҳриманонаи эшонро намебардорад.
Чи гуна кас будан, дар ҷамъият чи гуна нақш доштан, ба кадом амалҳо машғул будан ва бо дастуру супориши кадом гурӯҳу давлатҳо фаъолият кардани ҳам роҳбарон собиқ ва ҳам роҳбарону намояндагони имрӯзаи наҳзат барои ҳар як фарди тоҷикистонӣ, аз кӯдаки гаҳвора ва то пири ҷойгаҳӣ ошност. Зеро кулли тоҷикистониён хуб медонанд, ки ин афрод на дар гузашта, на имрӯз ва на дар оянда озодандеш набуданд, нестанд ва нахоҳанд буд. Онҳо, ки на танҳо фаъолияти хиёнатию ҷиноятӣ, балки зиндагию ҳаёти шахсиашонро бо дастур ва супориши хоҷагонашон пеш мабаранд, чи гуна озодандеш буда метавонанд, чи расад ба таъсиси чунин анҷуман. Ҳамчунин, ин тоифа аз душманони сарсахти рушду инкишоф ва пешрафту тараққиёти Тоҷикистон буда, ҳеҷ гоҳ шукофоӣ ва пешрафти ин кишварро дидан намехостанд. Имрӯз, ки дар ин сарзамин берун шудаанд, худро ислоҳотгар ва рушддиҳанд ном мебаранд, ки ин чунин номгузорашон мақолаи халқии «хара хандаю буза бозӣ»-ро ба ёд меоварад.
Мафҳумҳои тангназарӣ, кӯрдилӣ, ноогоҳӣ ва ноқисулақлиро назар ба роҳбарони наҳзат дида, дар нисбати намояндагону пайравони ин созмони террористӣ-экстремистӣ истифода намудан дурусттар аст. Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки роҳбари фирории наҳзат як тоҷири айёри динфурӯш, мазҳабфурӯш ва ҳатто, одамфурӯш буда, аз замони роҳбари ин такшилот шуданаш ҳамеша тиҷорати хешро пеш мебурд. Ва барои пешбурди тиҷорату пиёда сохтани нақшаю ҳадафҳои шахсиаш омода буд, дилхоҳ аъзои ҳизбро осон ба фурӯш барорад. Вале намояндагони наҳзат чунон тангназар, кӯрдил ва ноогоҳанд, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо амалҳо ва фаъолияти на танҳо меҳану миллат, балки ба ҳизбу аъзои он хиёнаткоронаашонро дида наметавонанд. Имрӯз ҳам ин тоҷири дину мазҳабфурӯш пайи пешбурди тиҷорати хеш асту он афроди ноогоҳу торикфикр қурбони амалҳои шаръии ӯ гардида истодаанд. Рӯзе мерасад, ки ин нафар ба хотири манфиатҳои шахсии хеш тамоми намояндагони фирории наҳзатро ҳам ба фурӯш мебарорад ва худ айшу ишраташро роҳаттар идома медиҳад. Чунки вай дар на танҳо фурӯхтани молу коло, балки дар тиҷорати дину мазҳаб ва инсон ҳам таҷрибаи кофӣ дорад.
Нодири ҚОДИР,
таҳлилгар