Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Пайғоми пурифтихори насли имрӯз

Паём сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия шуда, тамоми самтҳо ва бахшҳои воқеии иқтисодиётро дар бар мегирад. Аз ироаи Паёми Пешвои миллат муайян гардид, ки ҳадафҳои олии стратегии рушд давра ба давра амалӣ гашта истодааст. 


Аввалин ҳадафи стратегӣ ин таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ мебошад, ки дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шуданд. Аз оғози бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 24 миллиард сомонӣ, танҳо соли 2018 3,9 миллиард сомонӣ азхуд карда шудааст ва соли 2019 ба ин мақсад қариб 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, агрегати дуюми он ба кор дароварда мешавад. Инчунин Ҳукумати ҶТ барои истиқлолияти энергетикиро ба даст овардан дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб нерӯгоҳи барқи обии «Тоҷикистон»-ро бо иқтидори 1500 киловатт ба маблағи 80 миллион сомонӣ, нерӯгоҳи барқи обии Кӯҳистони Бадахшон – “Санобод” ва “Себзор” бо иқтидори умумии 211 мегаватт, нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” нерӯгоҳи барқи обии «Норак» ва дигар неругоҳҳоро бунёд намудааст. 


Хадафи дуввум раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдилёбӣ ба кишвари транзитӣ. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави он аз кӯҳҳо иборат аст, соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ аҳамияти бузург доранд. 


Дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ бунёду таҷдид карда шуданд. Танҳо соли 2018 сохтмону таҷдиди қариб 200 километр роҳи дохиливу байналмилалӣ ва 45 пул ба анҷом расонида шуд. Тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид. 


Ҳадафи сеюм таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат. Ҳадафи стратегӣ дар таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар зоҳир гардида, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ амалӣ карда мешавад. Бо мақсади таъмини пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ се баробар зиёд гардида, ба соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ расонида шуд. Барои пешниҳод намудани маҳсулоти хушсифат ба аҳолӣ ҳавасмандгардонӣ дар мавриди ташкили истеҳсолоти ивазкунандаи воридот имкон дод, ки аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, асбобҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмон таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ аз хориҷи кишвар дар давоми се соли охир қариб се миллиард сомонӣ ё 31 фоиз коҳиш ёбад. Соли ҷорӣ аз 20 номгӯйи молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда афзоиши истеҳсоли 15 номгӯйи он таъмин гардид. 


Ҳадафи чорум вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул мебошад. Нисбати ҳадафи вусъатбахшии шуғли пурмаҳсули шаҳрвандон Пешвои миллат дар Паём қайд намуданд, ки дар соли ҷорӣ зиёда аз 150 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид. Инчунин дар ин самт аз ҳисоби самаранок истифодабарии замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав, таъсиси корхонаҳои нав метавон муяссар гашт. 


Умуман, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷабҳаҳои муҳими сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва вазифагузорӣ карда шуд. 


Дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдомоти устуворонаи Ҳукумати мамлакат баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ёдовар шуданд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки маҳз татбиқи мукаммали ҳамин ҳадафҳои стратегӣ баҳри амалишавии нақшаи гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ замина муҳайё месозад. 


Татбиқи давра ба давраи ду ҳуҷҷати давлатӣ - Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, Барномаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат буданд, ки дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 дарсад расид. Умед аст, ки тавассути саноатикунонии иқтисодиёт таъсиси ҷойҳои нави кори доимӣ ва имконияти боз ҳам бештар гузоштани заминаи боэътимод барои зиндагии шоистаи мардум меафзояд. 


Сандалов Ҳ.А., н.и.и., дотсент, декани факултети молия ва қарз