Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Ба Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳ.Фағонӣ Муҳтарам оғои сафир!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки шаҳри бостонии Истаравшан, ки дар қадим бо номи Киропол ва Курушкада машҳур буд, зодгоҳи абармардони бузурге аст, ки нақши хешро дар таърихи 2500-солагии яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ва дуввумин шаҳри азими вилояти Суғд гузоштаанд.


Маълуматон бод, ки асосгузор ва меъмори ин шаҳр Куруши Кабир аст ва номи Курушкадаву Кирополро (асрҳои 529—559 пеш аз милод) маҳз ба шарафи ӯ гузоштаанд.


Маълуматон бод, ки маҳз ин шаҳр ба фишору ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ далерона тоб овард ва ин сарлашкари маъруф аввалину охирин бор маҳз дар ин шаҳр маҷрӯҳ гардид. Танҳо баъди овардани нерӯҳои иловагӣ ва муҳосираи дурудароз бо роҳи фиреб Искандар вориди Киропол шуда буд.


Маълуматон бод, ки ин шаҳр даҳсолаҳо алайҳи арабу муғул мубориза кардааст ва тоҷики гарданкашу сафдаршикан барои лаҳзае барои поккории Ватани хеш аз тухми аҷнабӣ фориғ набудааст.


Маълуматон бод, ки Руси подшоҳӣ 2 октябри соли 1866 бо лашкари бузург натавонист то муддати ҳашт рӯз ин шаҳрро забт кунад ва мардуми Истаравшан алайҳи мардуми бегона ба дину ойин муддати ҳашт рӯз мубориза бурдаанд ва фармондеҳони рус андар бобби ин муборизаҳо даҳҳо ёдномаҳо навиштаанд.


Маълуматон бод, ки Истаравшан (Киропол, Курушкада, Уструшана, Ӯротеппа) ватани қаҳрамононе чун Набӣ Акрамов, Аҳрор Мухторов, Улмас Мирсаидов, Пӯлод Бобоҷонов, Камол Охунов, Сабоҳат Ҷамолова, Раҷаб Амонов, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Дилшоди Барно аст. 


      Ҷаноби оғо!


Шумо намояндаи кишваре ҳастед, ки афсонаи ҳамешагиашон ҳамзабонию ҳамфарҳангӣ аст, вале ин афсонаро ба мо мегӯеду дар навбати хеш морони заҳҳокиеро дар оғӯши хеш мепарваред, ки ҷуз бадном кардани миллати мо, шаҳри мо, таърихи мо ҳунари дигаре надоранд!


Ин нафаронеро, ки авлод ба авлод ба дуздию ғоратгарию қочоқи маводи мухаддир машғуланд, Шумо чун намояндаи миллати мо, шаҳри мо меҳисобеду бо ин кори хеш, бо ин тӯҳмати гӯшношунид бори дигар афсонаи бародариро ба қиссаи бузаки ҷингилапо монанд мекунед!


Сухан сари ватанфурӯшу занфурӯше бо номи Сайидюнус Бурҳонов меравад, ки пеши Шумо худро Истаравшанӣ меномаду ба номи шаҳри мо доғ меорад! 


Бобои ӯ Бурҳон дар замоне мардум нони хӯрдан надошт, дар солҳои қаҳтӣ молу маноли мардум медуздид ва барои дуздӣ ба Сибир бадарға шуда буд.


Падараш бошад барои дуздии асп аз Тоҷикистон ва бурда фурӯхтани он ба Ӯзбакистон чандин солҳо дар маҳбас буд.


Сайидюнус бошад ҳатто дар омӯзишгоҳи рассомӣ натавонист таҳсил кунад ва аз «баракати замона домулло шуд».


Бо фиреб духтари устодашро ба занӣ гирифт ва ӯро ба сафи тундгароёни салафӣ ҷалб кард, ки баъди боздошт зани соддаи фиребхӯрда дар маҳбас ҷон дод.


Сангова Сумая Иброҳимовна, мутаваллиди соли 1993, соли 2014 бо ташвиқи Сайидюнуси Истравшанӣ барои таҳсил ба Қуми Эрон меравад. Ҳамин ки мебинад духтарест танҳо, бечора ва нодор, бо ваъдаи хонаи ободу зиндагии хушбахтона ӯро ба никоҳи худ медарорад. Давоми як сол бо ӯ зиндагӣ мекунад ва соҳиби духтаре бо номи Фотима мешаванд. Муддате пас Сайидюнус аз Сумая ҷудо мешавад.


Худи Сайидюнус ҳангоми дар Точикистон буданаш, ба хотири пулу сарват бародараш Бурҳонов Юсуф Аббосовичро ба қочоқи маводи мухаддир ҷалб кард ва охирин беш аз 5 сол пушти панҷараи маҳбас қарор дошт. Бародари дигараш - Бурҳонов Мансур Аббосовичро барои таҳсил ба Мозандарони Эрон фиристод, ки соли 2002 бо ҷурми дастдорӣ дар чиноятҳои бо экстремизм алоқаманд, ба муддати 12 сол аз озодӣ маҳрум гашт.


Тавре мебинем, Сайидюнуси Истаравшанӣ оне нест, ки худро дар оинаҳои интернетию шабакаҳои иғвоангез ҷилва медиҳад. Агар чунин мебуд, ҳадди ақал наздиконаш додаи насиҳатҳои ӯ шудаву дар роҳи зиндагии рост, хизмат ба мардуми диёр камар мебастанд ва ба олами ҷинояту хиёнат намепайвастанд.


Ҷаноби оғои сафир!


Маълуматон бод, ки Истаравшан ҳазорон ҳазор бузургоне дорад, ки парвардаи ин шаҳри таърихианд. Ин ки интихоби шумо сари нафаре, ки мори зери бурёи ин сарзамин аст, обрӯе пеши мардуму ҷомеа надорад, ба ҷуз бадном кардани миллату шаҳраш коре надорад, барои мо муаммо аст. Ё ин ҳам аз ойинҳои дӯстиву ҳамзабонию ҳамфарҳангии Шумо аст?


Хоҳиш ва дархост мекунем ба таҳқири мардуми мо, ҷомеаи мо хотима диҳед!


1200 сокини ш.Истаравшан