Мақолаҳо
МАЗҲАБФУРӮШИИ НАҲЗАТИҲО ХАТАР БА МИЛЛАТ АСТ
Тоҷикистон давлати гуногунчеҳраи миллӣ ва мазҳабӣ буда, тӯли ҳазорсолаҳо дар ҳудуди он намояндагони дину мазҳаб ва миллатҳои гуногун дар ҳолати ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар бурда истодаанд. Мисоли равшантарини ин гуфтаҳо ҳамзистии осоиштаи намояндагони мазҳабҳои ҳанафия ва исмоилияи дини ислом мебошад. Кишвари мо барои дигар давлатҳо ҳамчун намунаи ҳамзистии омоиштаи дину мазҳабҳои гуногун шуда метавонад. Бе шубҳа метавон гуфт, ки таҷрибаи ваҳдати диниву мазҳабии Тоҷикистонро мумкин аст барои ҳалли бисёр моҷароҳо, аз ҷумла моҷароҳои шарқи наздик истифода бурд.
Агар мо ба таърихи моҷароҳои шарқи наздик нигоҳ кунем, маълум мешавад, ки ҳамаи онҳо решаи мазҳабӣ доранд ва онҳоро баъзе давлатҳои минтақа барои ҳифзи манфиатҳои худ ва тарғиби мазҳаби худ шуруъ кардаанд. Моҷарои доманадори дар назар беохири Сурия мисоли гуфтаҳои болост. Дар ин давлат, ки қурбони манфиатҳои давлатҳои бузурги мазҳабгарои шиа ва салафии минтақа гаштааст, рақобати мазҳабҳои шиа ва салафия дида мешавад. Иштироки ташкилоти терористии «Ҳизбуллоҳ»-и шиагарои Лубнон, ки бевосита бо дастгирии Эрон кору фаъолият мекунад вазъияти бе ин ҳам мураккаби Сурияро душвортар мекунад. Иштироки дастаҳои ҷангии шиаҳо аз Эрону Ироқ ва дигар давлатҳо ба боз ҳам авҷ гирифтани оташи ҷанг дар Сурия сабаб шуда истодааст. Аз тарафи дигар бошад, давлатҳои арабии халиҷӣ бошанд, гуруҳхои тундгарои салафии дар ҳудуди Сурияву Ироқ амалкунандаро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, онҳоро ба таври моддиву маънавӣ кӯмак мекунанд. Мутаассифона ҳамаи ин гуруҳҳо аз номи дини мубини ислом истифода бурда, ба ваҳшониятҳои бемисл даст зада истодаанд. Таърих исбот кардааст, ки мазҳаббозии шиаёни тундгаро ҳамеша ба сари мардуми оддӣ бадбахтиву хонавайронӣ овардааст ва ин падида, яъне мазҳабгароӣ бояд дурӣ ҷӯем. Мушоҳида мекунем, ки дар моҷарои Сурияву Ироқ ҳама тарафҳои даргир дар фаъолияти ваҳшиёнаи худ гуё арзишҳои волои исломиро истифода мебаранд. Дар асл ин гуруҳҳову ташкилотҳо аз таълимоти солими исломӣ фарсахҳо дур мондаанд. Гуруҳҳои шиа бо шиори «Оллоҳу акбар» сарҳои сунниҳоро аз сар ҷудо мекунанду тундгароёни салафӣ бошанд, бо ҳамин шиор намояндагони мазҳаби шиаро оташ мезананд. Саволе мантиқии ба миён меояд, ки кадоми онҳо мусалмон мебошанд? Алббата ягонтоашон.
Вазъи давлатҳои Сурияву Ироқро таҳлил карда, мо ба хулосае омадем, ки бояд дар масъалаи мазҳаб ҳеҷ гоҳ бегонапарастӣ накунем. Он низоми мазҳабие, ки дар сарзамини мо садсолаҳо амал мекунад, бояд ҳифз карда шавад. Низомеро, ки дар Тоҷикистон аст ва дар он суннимазҳабон ва шиамазҳабон дар ваҳдати комил умр ба сар мебаранд бояд чун гавҳараки чаши нигоҳ дорем. Имрӯзҳо мо шоҳид ҳастем, баъзе ҳизбу ҳаракатҳои ифротию терористӣ бо дастгирии давлатҳои дигар мехостанд ва ҳоло ҳам кӯшиш карда истодаанд, ки унсурҳои мазҳаби бегонаро ба давлати мо ворид кунанд ва сенарияи Сурияро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунанд. Хушбахтона зери роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат ва корҳои шабонарӯзии мақомотҳои қудратии кишвар ба душманони давлати мо муяссар намегардад, ки дар Тоҷикистони азизи мо ҷанги мазҳабиро роҳандозӣ кунанд. Давлату ҳукумат ҳамаи чораҳои имконпазирро андешида истодаанд. Аммо ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд дар раванди мубориза бо бегонапарстӣ фаъол бошанду саҳми худро дар таъмини амнияти миллӣ гузоранд.
Намунаи олии ваҳдати мазҳабӣ дар кишвари мо бо ибтикори Пешвои миллат соли 2009 эълон гаштани соли Имоми Аъзам мебошад, ки ҳанӯз бояд ҳадафҳои гузоштаи ин сол садсолаҳои дигар барои мо тоҷикистониён дарси ибрат бошад.
Аммо чунин оромӣ ва пешравиҳои моро на ҳама қувваҳо қудрати дидан доранд. Душманони давлати тоҷикон махсусан Ҳизби наҳзат, ки сирф экстремистию террористӣ аст, бо ҳар роҳ мехост ва ҳоло ҳам мехоҳад ба сари мардуми тоҷик мазҳаби бегонаро бор карда, ваҳдату якдилии миллати тоҷикро аз байн барад. Худи наҳзатиҳо алалхусус роҳбарияти олии он ҳамагӣ бар ивази маблағгузориҳо ва кумакҳои роҳбарияти баъзе давлатҳои «дӯст» мазҳаби шиаро қабул карданд ва ба хоҷагони худ ваъда додаанд, ки ин мазҳабро ба сари мардуми тоҷик бор мекунанд.
Лекин мо-мардуми оддӣ ба душманон муроҷиат карда, гуфтанием, ки шумо ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки худ намерасед. Зеро мо қадри ин тинҷиву оромӣ ва суботу пешравиҳоро медонем ва намегузорем, ки ягон қувваи аҳриманӣ ниятҳои ифлоси худро дар ватани мо амалӣ кунад.