Мақолаҳо
ПИСТАИ БЕМАҒЗ АГАР ЛАБ ВО КУНАД РАСВО ШАВАД (МУЛОҲИЗАҲО АТРОФИ БАРОМАДИ М.КАБИРӢ ДАР ИНТЕРНЕТ)
Рекламаи сиёсӣ имрӯз ҷузъи таркибии сиёсат гардидааст. Нафаре бо кори хуб ва дигаре бо кори манфӣ худро машҳур мегардонад. Масалан, Гитлер бо куштани инсони зиёд ва Ленин бо таъсиси давлати бузурги коргару деҳқон машҳур шуданд. Замони муосир бо дастовардҳои бузурги технологиаш барои расидан ба ин хадаф, яъне реклама кардан ва машҳур гардидан усулҳои гуногунро фароҳам овардааст. Дар ин раванд нақши технологияҳои муосир, бахусус интернет бузург аст. Дар саросари олам ҳазорҳо одамон ҳастанд, ки тариқи шабакаи интернетӣ машҳур шудаанд ва аудиторияи бузурги пайравон низ доранд. Аммо бояд қайд кард, ки дар баробари кушодани масири имкониятҳо интернет ҳамчунин ҷиҳатҳои бузурги манфӣ низ дорад. Аз ҷумла он ба минбари беназорат ва бе дару дарвоза барои ҳар гуна ҷинояткорон, махсусан экстремистону террористон табдил ёфтааст. Ҳар нохалафе метавонад бо истифода аз интернет ақидаҳои ифротӣ ва тахрибкоронаи худро бо доираи муайяни одамон расонад. Мутаассифона фазои иттилоотиро назорат кардан ва онро аз ҳар гуна иттилооти зараррасон эмин нигоҳ доштан кори имконнопазир аст.
Санаи 18.01.2019 тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ яке аз ҷинояткорон ва душмани ашадии сохтори конститутсионӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон экстремист ва террористи сатҳи байналхалқӣ Муҳиддин Кабирӣ баромад кард. Бояд қайд кард, ки пеш аз оғози ин суҳбати «пурмуҳтаво» дар сомонаҳои иҷтимоӣ зархаридони наҳзатӣ ва ватанфурушон онро чунон реклама карданд, ки гуё саволу ҷавоби мустақим бо ягон сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ баргузор мешуда бошад.
Аммо чун суҳбатҳои пешина ин даъфа низ хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ худ ва ҳизби террористиашро дар маърази ом шарманда кард. Ин миллатфуруш на ин ки «холҳои сиёсӣ» ба даст наовард, балки обруи бе ин ҳам пасти худро боз ҳам пасттар кард. Ӯро бо суханҳои ҳакимонаи «Пистаи бемағз агар лаб во кунад расво шавад» шабоҳат додан мумкин аст. Чун қоида М.Кабирӣ ба танқидҳо ва туҳматҳои беасосу осмонӣ такя карда, аз рӯи принсипи «занакҳои лаби об мегӯянд» кор кард, ки натиҷааш боз ҳам зиёдтар шудани нафрати халқи Тоҷикистон нисбати ин ватанфурӯш ва маҳзабфурӯш гардид.
Наҳзатиён ва махсусан роҳбари онҳо М.Кабирӣ фазои интернетро, ки ягона ҷои суханронии онҳост, истифода карда, мехоҳанд ҳар гуна туҳматҳои беасосро нисбати давлату ҳукумати Тоҷикистон паҳн карда, обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ паст кунанд ва бо ин роҳ диққати ҷомеаи ҷаҳониро аз гуноҳҳои худ дур кунанд. Аммо онҳо бояд дониста бошанд, ки тирашон доимо хок хохад хӯрд. Чунки обруи Тоҷикистон ва махсусан роҳбари он - Пешвои муаззами миллат рӯз аз рӯз афзунтар гардида, ташаббусҳои байналмиллалии Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодаанд. Обрӯву эътибори ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзат бошад, торафт паст шуда итодааст ва чеҳраи воқеии ифротгароии онҳо маълуми ҷаҳониён шуда истодааст. Моҳи ноябри соли 2018 телевизиони муштараки радиои «Озодӣ» ва «Садои Амрико» - «Настоящее Время» бори аввал ба таври ошкор ҳизби экстремистиву террористии наҳзати исломро ба даст доштан дар қатли 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара айбдор кард. Чунин эътирофҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳбарони ин ташкилотро ором гузошта наметавонад. Аз ин сабаб онҳо ин гуна суҳбатҳои мустақим тариқи интернет ташкил мекунанд, то диққати ҳамагонро аз асли матлаб, яъне табиати ҷинояакоронаи худ дур кунанд.
Ҳамагон шоҳидем, ки ТЭТ ҲНИТ солҳои навадуми қарни гузашта ба чи ҷиноятҳо даст зада буду кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Новобаста аз он ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон фаъолияти ТЭТ ҲНИТ дар ҳудуди ҷумҳурӣ мамнуъ эълон гардид ва аксари ҷинояткорони ин ташкилоти террористӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, ҳанӯз ҳам боқимондаҳои онҳо, ки нафасҳои оҳирини худро дар озодӣ кашида истодаанд, бо ёрии баъзе кишварҳои барои мо ба ном дӯст фаъолити тахрибкоронаи худро идома дода истодаанд. Ин хоинон бояд дониста бошанд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ муваффақ намешаванд. Чунки шаҳрвандони Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз тинҷиву оромӣ ва ҳаёти осоишта дигар намегузоранд, ки қувваҳои аҳриманӣ бо дастгирии роҳбарони хориҷии худ ба фазои орому босуботи Тоҷикистон ворид шаванд ва ҳаёти мардумро халалдор кунанд.