Мақолаҳо
Иддаои навбатии Кабирӣ
Намояндагони гурӯҳи наҳзати исломӣ, ки ҳамакнун чодари найранг аз рӯи роҳбарияташ гирифта шудааст, симои аслии худро ба намоиш гузошта истодааст. Аз аввали пайдоиши ин гурӯҳи пинҳонкор, ки охиран дар ниқоби ҳизби сиёсӣ барномаҳои хоҷагонашонро дар кишвари мо амалӣ кардан мехостанд, аъзои қаторӣ ва ҳатто солмандони ҳаммаслаконашон ҳам ирода ва ё ҳуқуқи эрод гирифтан нисбат ба аъмоли роҳбаронашонро надоштанд. Ҳол он ки берун аз дарвозаву хонаву макони найрангбозиҳояшон иддаои подарҳавои озодбаёнию аҷргузорӣ ба арзишҳои демократӣ менамуданд.
Ҳамин тавр Кабирӣ дар фазои виртуалию афкори умум худро наҳзатии сиёсатмадор вонамуд мекарду дар доираи ҳаммаслакону пайравонаш аз худ дастпарвари ягонаи ба қавле «устод»-ашонро метарошид, ки ҳатто баъди аз Тоҷикистон фирор намуданаш ҳам раҳгумзадаҳои ин ҷамъияти фиребо ӯро раҳбари худ дониста, бовараш карданд. Фарзияи ғолиб атрофи ивазнашаванда донистани «картаи айёр» аз хулқи зоҳирпарастии ҷонибдоронаш маншаъ мегирифт, ки бо васвасаи хоҷагону пирони найрангбози ин ташкилоти террористӣ ба чеҳраи хунхори ҳизби бо ном наҳзати исломӣ кисвати зебо пӯшонида буданд. Албатта, ба маънои гуфтори «Мор мор аст, агар кисвати зебо дорад», ки бозгӯи сурату сирати роҳбари ТТ ҲНИ аст, нафароне сарфаҳм мераванд, ки зери таъсири ин доираҳои афсуншуда намондаанд.
Ин лӯъбатаки доираҳои ифротпарастии минтақа ба иллати худкомагӣ буд ва ё барномарезиҳои хоҷагонаш, ки аз лаҳзаи роҳбарии ТТ ҲНИ-ро соҳиб шуданаш ба ҷуз баёни шакку шубҳа атрофи сулҳу ваҳдати миллӣ ва иғвову фитнаангезӣ ҳарфи дигар надошт. Албатта, мавсуф аз усули ҳиллаву найранг дар афкори умум тухми кина мерехт, ки шояд мардуми одӣ аз баёнияҳояш инро пай намебурданд.
Танҳо баъди ҳаводиси сентябрии соли 2015 парда аз рӯи найрангҳои ТТ ҲНИ бардошта шуду ин гурӯҳи ҳампаймони терроризм бо номи аслиаш ташкилоти террористии ҲНИ шинохта шуд. Ҳамакнун баъд аз кӯшиши табадулоти давлатӣ ва дигар амалҳои хиёнаткоронааш, ки боиси ҳалокати одамони бегуноҳ гардид, ӯ ва чанд тан аз пайравонаш дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурда, даст ба бадномсозии давлату ҷомеаи Тоҷикистон зада истодаанд. Ин хоинони Ватан, ки зери ниқоби «опозитсия» дар кишварҳои Ғарб макон ихтиёр кардаанд, бо ҳар роҳу васила мекушанд то суботу оромии кишвари моро халалдор созанд.
Наҳзатиҳо то ҷое бенангу беномусанд, ки аз дуруғу найрангҳои рӯйирост ҳам рӯ намегардонанд. Тавре дидем, наҳзатиҳои худфурухта ба хотири худсафедкунӣ ба қавли худашон Иттиҳоди нави мухолифинро ташкил доданд. Аммо ин на иттиҳоду паймони миллӣ, балки як рӯсиёҳие беш нест. Ин таҳқир нест, воқеият аст ва исбот ҳам дорад! Рӯсиёҳии наҳзатиён фавран ошкор шуд, вақте ки сари мизи имзогузорӣ ба санади ба қавли худашон «паймони миллӣ» ҳамон чор узви худи ТТ ҲНИ нишаст ва ҳар кадоме гӯё роҳбари созмони алоҳидаи мухолиф буд. Ин рӯсиёҳиро ҳама дарк кард ва ҳеҷ кас онро ҷиддӣ ҳам қабул накард. Кабирӣ бошад иддао мекард, ки инҳо гурӯҳҳои алоҳидаанд. Ин матлаб ҳам на ба он хотир аст, ки мардум аз найрангҳои наҳзатиён огоҳ бошанд. Бубинанд, ки ин тоифа на шарм доранду на ҳаё. Шояд имрӯз барои хоҷагони хориҷиашон нодаркор шуданд, ки онҳоро ба анҷом додани чунин мазҳакаи бешарафона таҳрик доданд. Бале, аз рӯзе ки наҳзатиён ба қатли сайёҳони хориҷӣ иқдом карданд, ҷомеаи ҷаҳонӣ пурра ба ин тоифа нафрат кард, ҳатто хоҷагонашон ҳам.
Бо гузашти андак муҳлати дигар дар атрофи саркардагони ин ташкилоти террористӣ касе намемонад. Ҳатто фарзандонашон ҳам аз доштани чунин волидайни хоин рӯ мегардонанд. Чунки хиёнат, махсусан хиёнат ба Ватан амали нобахшиданист ва ҳатто фарзандони чунинҳо агар заррае номуси Ватандорӣ доранд, ин маъниро дарк мекунанд.
Рустам Раҳимов