Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ҶАВОНОН АЗ КАБИРИВУ СУХАНҲОЯШ БЕЗОРАНД!

Имрӯз мо ҷавонони хушбахту саодатманди замони истиқлолият бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва оромии Тоҷикистон барои рушду тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар кӯшиш ба харҷ дода истодаем. Мо ояндаи рангини худро зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон месозем. Ҳамагон шоҳидем, ки Пешвои миллат нисбати мо - қишри тақдирсозу пешбарандаи ҷомеа таваҷҷуҳи самимӣ ва ҳамешагӣ доранд. 
Миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ аз имтиҳону душвору сангини ҷанги бародаркушӣ гузашта, ба пешравиҳову муваффақиятҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардид, ки ҳамагон аз он ба хубӣ бархӯрдор ҳастем. Вале тамоми дастовардҳои назаррас, ки таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ба даст омадаанд ва ҷаҳониён имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун давлати тараққикардаистода эътироф намудаанд, ба чашми бадхоҳони миллат аз аввал намерасид ва ҳоло ҳам намерасад. 
Вазъи ҷаҳони муосир аз ҷавонон тақозо менамояд, ки ҳушёру зирак бошем, аз вазъияти сиёсии минтақа ва ҷаҳон огоҳии комил дошта, ба ҳар як ҳодисаву воқеаҳо баҳои ҳақиқӣ дода тавонем. 
Дар замони муосир шабакаҳои иҷтимоиро шарҳу тавзеҳҳои баромади яке аз хиёнаткорони миллати тоҷик роҳбари ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирии миллатфурӯш фаро гирифтааст, ки ғайр аз чанд зархарид дигарон нафрину маломат ва вокунишҳои рӯиросту воқеӣ нишон дода истодаанд. 
Ин Кабирии ватанфурӯш ҳангоми посух ба саволҳои пешакӣ омодашудаи коргардонону корфармоёни хориҷиаш бо ибораи “бо иҷозати дӯстон”, ки ӯро маблағгузорӣ мекунанд, тарсон-тарсон сухан мегуфт. Дар баромади бемантиқи худ ин хоин таъсиси созмони иғвоангези “Паймони миллӣ”-ро ҳамчун як ҳодисаи таърихӣ маънидод карданӣ шуд. Лекин суол ин аст, ки ин паймони ба ном миллӣ бо миллати тоҷик чӣ алоқа дорад? Паймоне, ки бо маблағгузории душманони давлати Тоҷикистон ва сохтори конститутсионӣ таъсис ёфтааст, барои ин миллат чӣ суде дорад? Ҷавоб ба ҳама ин саволҳо як аст: ин паймон хосияти зиддимиллӣ дошта, хилофи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст. Миллати сулҳпарвари тоҷик махсусан ҷавонони саодатманди кишвар аз ин паймони хоинон безоранд. 
Ҷавонони имрӯзаро ояндаи неку дурахшон интизор аст, на ин ки суханҳои пучу бемағзу афсонаҳои бофтаи Муҳиддин Кабирӣ. Ин хоинон аллакай дарк кардаанд, ки мағлуб шудаанд ва чунин баромадҳо танҳо ҳисобот барои хоҷагони хориҷиашон аст ва ин баромадҳо ҳеҷ гоҳ хиёнатҳои онҳоро рупуш карда наметавонад. 
Мо шукргузор аз он ҳастем, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватан мебошем ва дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки тамоми ҳастиашонро барои саодату сарафрозии миллат бахшидаанд, умр ба сар мебарем, ҳеҷ гоҳ заҳмату талошҳои роҳбари давлатамонро фаромӯш нахоҳем кард. 
Бинобар ин, мо ҷавонони бонангу номуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар атрофи андешаҳои созандаи Пешвои муаззами миллат сарҷамъ ҳастем ва ҳар гуна рафтору кирдор ва суханрониҳои ин ислоҳотталабони ватанфурӯш, ки мақсадҳои нопоку ғаразнок доранд, маҳкум менамоем. Суханронии пучу бемантиқи хоинони миллат барои мо ҳеҷ арзише надоранд.