Мақолаҳо
Таърих ва анъанаҳои ҷашни сада
Мутафаккирону донишмандони бузурге чун А.Фирдавсӣ, А.Берунӣ, А.Байҳақӣ, А. Гардезӣ ва дигарон Садаро яке аз се ҷашни бузурги ориёӣ номидаанд. Аз рӯи манобеи таърихӣ Сада қадимтарин ҷашни ориёӣ ба ҳисоб меравад. Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” роҷеъ ба ҷашну ойинҳои эрониёни бостон маълумотҳои ҷолиб оварда, бо меҳру муҳаббат ба таъриху суннатҳои ниёкони худ аз онҳо ёд мекунад. Фирдавсӣ Ҷашни Садаро ба пайдоиши оташ аз аҳди Ҳушанг - подшоҳи пешдодӣ мансуб дониста, Ҳушангро асосгузори ин ҷашн мешуморад:
Яке ҷашн кард он шабу бода х-вард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чу ӯ дигар шаҳриёр.
Аз мушоҳида ва боварҳо бармеояд, ки батадриҷ инсонҳо ба моҳияти оташ, ки гармӣ дораду рӯшанӣ ва хомро пухта мегардонад ва муҷиби таҳрики ҳаводиси олам аст, расидаанд. Миллату ақвоми олам кашфи оташро бо оин ва анъанаву маросим алоқаманд карда, ҷашнвораҳо сомон додаанд. Гузаштагони мо низ ба хотири ихтирои оташ Ҷашни Садаро барпо кардаанд.
Истилоҳи “Сада” аз вожаи “сад” ва пасванди “-а”, сохта шудааст. Сада калимаи форсии тоҷикӣ буда, дар забони паҳлавӣ дар шакли “сат”, “сатаг”, “сазак”, “саз” ёд мешуд ва арабҳо бошанд, онро саадак меномиданд.
Абӯрайҳони Берунӣ дар «Аттафҳим» сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашнро ба он мансуб медонад, ки аз рӯзи ин ҷашн то Наврӯз 50 шабу 50 рӯз боқӣ мемонад. Яъне, аз ибтидои зимистон (аввали Обон) то даҳуми Баҳман, ки Ҷашни Сада аст, 100 рӯз ва аз даҳуми Баҳман то Наврӯз ва аввали баҳор 50 рӯз ва 50 шаб будааст. Ҳамчунин, А.Берунӣ дар асари худ Осор-ул-боқия чунин менигорад: “Эрониён пас аз он, ки қабиса бартараф шуд, дар ин вақт мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро аз панҷ рӯзе, ки аз Обонмоҳ (27 октябр) бигзарад, мешумориданд ва охири зимистон”-и бузургро даҳ рӯз аз Баҳманмоҳ мегузашт (яъне 31 январ), ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд.
Гардезӣ дар “Зайн-ул-ахбор” оид ба Сада менигорад, ки баъди тавассути неруҳои аҳриманӣ ба ҳалокат расидани аввалин кадхудои ҷаҳон Каюмарс шумори фарзандони ӯ ба сад расид ва ҷашни Садаро ба ин хотир ҷашн гирифтанд. Тибқи маълумоти маъхазҳо Ҷашни Сада дар замони Ардашери Бобакони Сосонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоссае таҷлил мегардидааст. Дар даврони исломӣ то охири Хоразмшоҳиён ва ҳамлаи муғул, бахусус, ба замони Қарахониён, Бувайҳиён, Салчуқиён ва давраҳои баъд иттиллоот вуҷуд дорад. Тибқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ салотину амирон ва ҳам мардуми одӣ ҷашни Садаро барпо медоштаанд. Сада дар Таърихи Байҳақӣ низ зикр ёфта, махсусан, бар аҳди Султон Масъуд он хеле бодабдаба таҷлил карда мешудааст. Ҳатто, гуфта мешавад, ки дар яке аз сафарҳои Масъуд дар роҳи Марв ҷашни Сада расид ва султон фармуд ҷое оростанд ва саропардае дар лаби ҷӯй заданд, ва тоқҳо дуруст кунанд. Ҷашни Сада дар байни юнониюну румиён ва дигар қавму миллатҳои Аврупо низ маъмул будааст. Дар гузашта оид ба тарзи гузаронидани иди Сада анъанаҳои гуногун мавҷуд будааст. Чуноне ки зикр намудем, Ҷашни Сада дар оғози шомгоҳи даҳуми Баҳманмоҳ, яъне рӯзи меҳр аз моҳи Баҳман баргузор мешавад. Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз Баҳманмоҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардумон аз пагоҳӣ зуд бар боми хонаи худ ё баландии кӯҳистон гирд овардаанд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар манобеи таърихӣ ба шакли дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамоии ҳамаи мардуми шаҳру деҳа баргузории ин ҷашн ишора мешавад. Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум ба якдигар ёрӣ мекунанд ва бад-ин тартиб Ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардум аст.
Дар ин рӯз базмгоҳҳо, оташкадаҳо ва хонаҳо зиннат меёфтанд. Маликону амирон ба раияте баргузида, рӯ ба рӯ ва паҳлуяшон дар атрофи гулхан менишастанд. Ба қавли Аҳмади Тӯсӣ, оташ неъмати Худованд аст, ки аз кас дареғ надошт, на аз маликон ва на мискинон. “Ва ин атои Офаридгор аст, ки дар ҳаққи бандагон кард, то гадову амир дар он яксон бошанд”. Ҷашни Сада дастурхони ба худ хосеро дошт, ки дар атрофи он нишаста маҷлиси рақсу бозӣ меоростанд, овозхонӣ ва бадеҳагӯӣ мекарданд ва он то бомдоди дигар идома меёфт. Рӯзи баъд шоҳону мулукон ба пазироӣ менишастанд ва маҷлис ба мусобиқаи шоирону бадеҳагӯён табдил меёфт. Барои баргузории ҷашни мазкур дар ҷойҳои махсус мардум ҷамъ гашта, онро таҷлил менамуданд. Ҳар тане ҳунару сарвати худро намоиш медод. Дастархони ҷашнӣ ё чилагӣ меоростанд, ки аз мошу кичирӣ, лӯбиёю нахӯд, кашк, далда, ширрӯған, қурутоб, дӯғ, ҷӯшӣ, умоч, кочӣ ва ғайра иборат буд.
Кӯдакон бештар ба “гулафшонӣ”, навъе аз бозӣ, ки ба мушакпарронии кунунӣ шабеҳ аст, машғул мешуданд. Ва “Бо майи гулгун гулафшонӣ кун” гуфтани Ҳофизи Шерозӣ ишора ба ҳамин амал аст. Дӯшизаҳо меҳру орзуву омоли хешро дар матоъҳои сурху гулобию ҷигарӣ, ки ранги оташ ва сипанд, миҷози гарм доранд, мерезанд. Тоқии домодиро нигора мезаданд. Хурӯс, ки мардумро аз расидани бомдод мужда медиҳад ва аз ин рӯ, хӯрдани гӯшташ мамнӯъ буд. Рамзи моҳ ранги сафед буд. Кор аз рӯи хирад ба ҷо овардан ба хонаи доноён шудан ва аз суҳбати эшон баҳра бардоштан, бо ёрон машварат оростан, бо душманон роҳи оштӣ ҷустан, либоси хуб пӯшидан, ба хонаи ҳамсоя ширу мост бурдан, ба аёдати беморон рафтан аз суннатҳои ҷашни мазкур ба ҳисоб мерафт.
Ҳамин тавр, Сада яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон буда, аз замонҳои ниҳоят қадим ба мо мерос монда, пешиниён онро бо шукӯҳу шаҳомат, бо ҳама ҷузъиёташ баргузор мекарданд. Аммо бо мурури замон ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафта, таҷлилаш дар қаламрави мамлакат баргузор намешуд. Баъди расидан ба истиқлолияти давлатӣ ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Сада аз нав эҳё гардид.
Муллоҷонов А., Сангинов Д., устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ