Мақолаҳо
ҲАЗОРОН КОРВОН РАФТАНДУ ДАВ-ДАВ, ҲАНӮЗ ҲАМ ИН САГОН ДОРАНД АВ-АВ
Дар замони муосир фазои интернет ба минбари сухан ва баромаду худнамоишдиҳӣ табдил ёфтааст. Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба гуфтугӯи хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ назарам афтод. Бисёр аҷиб буд, ки ин як шахси хоини миллат, ватанфурӯш, тероррист ва мазҳабфурӯш худро чӣ гуна таърифу тавсиф менамояд. Ӯ худро роҳбари ташкилоти иғвоангези Паймони миллии Тоҷикистон муаррифӣ карда, дӯст ва ғамхори мардуми Тоҷикистон нишон доданӣ шуд. Аммо ин хоин фаромӯш кардааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон хиёнатҳои ӯву ҳизби экстремистию террористиашро фаромӯш накардаанд. Мақсади асосии ин ватанфурӯш пешравии иқтисодиёти Тоҷикистон набуда, балки пешравии иқтисодиёти оилаи худ буд. Вақте ки тоҷикону Тоҷикистониён, роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон талош мекарданд, Кабирӣ ва хоҷагону ҳаммаслаконаш барои даромади муфту ивғоангезӣ байни мардуми осоишта фаъолият кӯшиш мекарданд. Зеро бо ин фитнаангезиву вайронкорӣ зиндагии хешро пеш мебурданд. Бо ин рафтори хеш дар назди хоҷагони хориҷиашон ҳисобот дода, барои ҳар як амали ношоиста, ки барои паст задани миллати тоҷик, обрӯю нуфузи Тоҷикистон нигаронида шуда буд, маблағҳои ҳаром мегирифтанду барои зану фарзанд истифода мебурданд Ҳама ҳайронанд, ки ӯ ғайр аз хиёнат боз чӣ корҳоро ба анҷом расонидааст. Агар ин хоин аз рӯйи қонун ва адолату виҷдон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда бошад, барои чӣ имрӯзҳо гуреза асту баҳри пинҳон кардани ҷиноятҳои худ гуноҳҳояшро ба дигарон бор мекунад? Кӣ ба ин Кабирии ватанфурӯш иҷозат додааст, ки аз номи Тоҷикистон ва мардуми он ҳарф занад? Чаро чашми ӯву хоҷагонаш ҳазорҳо муассисаҳои таълимиву тиббӣ, корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ, кӯдакистонҳои замонавиро намебинад, ки дар кишвар сохта ба истифода дода шуда истодаанд? Ин ҳама созандагӣ ва ободкориҳо аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.Чунин пешравиҳову ободкориҳо ва рушду нумуъро дар сар то сари кишвар мебинем. Аммо Кабирию ғуломони ҳалқабаргӯшаш ин ҳамаро намебинанд. Зеро чашми ҳақиқатбин надоранд, вале худро “ҳақиқатгӯ” ва «адолатпарвар» нишон медиҳад. Азоби виҷдон ҳам намекашад, чунки номусу виҷдон надорад.
Мардуми тоҷик ва тоҷикистониён таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба ҳамаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ қодиранд. Мо бо дили софу меҳри Ватан ба ҳимояи Ватан - Модар ва пешбурди иқтисодиёти Тоҷикистон, беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон қодир ҳастем.