Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Чодархаёли саҳнаи сиёсат

Шахсияти Илҳом Ёқубов, ки алҳол роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо аст, барои аксарият шинос мебошад. Варзишгар буд ва баъдан ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пайваст, роҳбари бахши суғдии ҳизби номбурда гардид. Баъдан, эълон кард, ки аз ин ҳизб даст кашидааст ва дар навори видеоӣ иқрор гашта буд, ки роҳи интихобнамудаи ҳизби наҳзат нодуруст аст. Аммо ин суханонаш комилан барои раҳгум занондан, барои дар тасаввуроти мардум худашро ислоҳшуда нишон додан будаасту халос. Дар шаҳри Хуҷанд чандин маротиба шоҳид гашта будем, ки ғояҳои ҳизби наҳзатро байни мардум паҳн мекард. Ба хусус, ҳангоми баргузор гаштани интихоботи парлумонии соли 2010 ӯ дар маҷлисҳо хеле боҳарорат сухан меронд ва ба мардум талқин мекард, ки ба ҷонибдории номзадони ҳизбашон овоз диҳанд. Аз ҳамон суханрониҳо, аз тарзи баёнаш маълум буд, ки ба ӯ мураббиёни сиёсӣ аз хориҷи кишвар дарс додаанд. Аммо гоҳо ҳангоми суханронӣ аз саволҳои ногаҳонӣ ҳарос ҳам мекашид. Политтехнологҳои хориҷӣ ба Илҳом Ёқубов ва дигар суханварони ҳизбашон роҳҳои муборизаи сиёсӣ ва ба даст овардани дилу овози интихобкунандагонро омӯзонида буданд ва ба қавле нафароне мисли Илҳом Ёқубов «омодагии хуби сиёсӣ» дида буданд. Ҳарчанд аз технологияҳои муосири сиёсӣ истифода карданд, баҳсҳои фаровони пешазинтихоботӣ гузарониданд, аммо овози даркориро соҳиб шуда натавонистанд. Аммо боз эълон ҳам карданд, ки тақаллубкорӣ дар интихобот буд. Аммо раъйи мардум асосӣ буд. Баъди гузашти интихобот чанд муддат Илҳом Ёқубов дар зери пардаи пинҳонӣ буд ва боз ба саҳнаи сиёсат пайдо шуд ва ин навбат ӯ ҳамчун роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо муаррифӣ гардид. Асотсиатсияи номбурда узви Паймони миллии Тоҷикистон аст. Паймони номбурда бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ фаъолият мебарад. Аз нуқтаи назари Кабирӣ Илҳом Ёқубов, Саидюнуси Истаравшанӣ, Азим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва чанд тани дигар муборизон ҳастанд. Аммо муборизиашон ба фоидаи худашон аст на ба фоидаи миллат. Инҳо хоинонанд, ки раҳгумзадаву дур аз ватан мондаанд. Вақте кас суханрониҳои ин нафаронро дар гирдиҳамоиҳо ва ё маҷлисҳо мешунавад, ба чунин хулоса меояд, ки онҳо лухтакҳоеянд чодархаёл ва таноби идоракунияшон дар дасти дигарон аст. Пешакӣ онҳоро омода мекунанд, аммо муаллимонашон ҳам хориҷӣ мебошанд. Азим Шерзамонов тарзе барандагӣ мекунад, ки ба гумонам хонандаи синфи ду аз вай беҳтар афсонаҳоро нақл мекунад. Шарофиддин Гадоев ҳам яке аз хоин муборизон аст, ки худро шореҳи сиёсӣ ва донандаи асрор нишон доданӣ мешавад, аммо агар бо ақли солим кас гуфтори ӯро таҳлил намояд, ба ғайр аз зери нохун чирк кофтану бадном сохтани фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сохторҳои он дигар ғаразе надорад. Аммо боиси таассуф аст, ки баъзе ҷавонони нодон ба гуфтаҳои онҳо бовар мекунанду ҳавохоҳиву балегӯӣ мекунанд. Илҳом Ёқубов ҳам дар саҳнаи сиёсат чодархаёле асту бас, ки таноби ҳаракоташ дар дасти дигарон аст. Дар ин гуна маврид намоишномаи «Зани оҳанин» ба хотирам меояд, ки бо гузоштани фитаи махсус Аломатхон мутобиқи супориши ҳамон фита кор мекунад. Ин ҷавонони гумроҳ роботҳои сиёсианд, ки барномаи кориашонро Муҳиддин Кабирӣ ва хоҷагони пасипардагияшон таҳия ва насб кардаанд. Робот-инсон Илҳом Ёқубов бо барномаи кории «ҳизби наҳзат» камтар фаъолият бурд, шароит дигар гашт ва барномаи ӯро ба раиси Ассотсиатсия иваз карданд. Аммо аз иваз кардани ном, қонуни математикӣ тағйир наёфт ва «ду понздаҳ як сӣ» мондан гирифт, хоини хиёнаткор ба хиёнаткори хоин мубаддал гашт. 

И.Раҳимов