Мақолаҳо
Маърифати экологӣ дар ҷаҳони имрӯза
Ба миён омадани масъалаҳои асосии экологӣ вазъи умумиҷаҳонишавии илмиро дар ҳаёти ҷомеа афзун гардонид. Дар аввал экология ҳамчун як манбаи дониш, муносибати байни организмҳои зинда ва ғайризиндаро бо муҳити атроф зери таҳқиқ қарор дода буд, ҳоло бошад, объекти тадқиқоти илмии экология тамоми биосфера аст.
Дар солҳои 70-уми асри гузашта экологияи иҷтимоӣ ба миён омад, ки муносибати байни инсон, табиат ва ҷамъиятро муайян менамояд. Табиист, ки таваҷҷуҳи асосӣ дар экологияи иҷтимоӣ ба масъалаҳои ҳалталаби ташаккулёбии маърифати экологӣ бахшида мешавад. Маърифати экологӣ ин роҳу воситаҳои пайваст намудани инсон ва табиат дар асоси ҳаматарафа дарк намудани он мебошад. Асарҳои муҳимтарини экологӣ дар маҷмӯи неъматҳои моддӣ ва маишӣ ин сарфакорӣ ва кам кардани партовҳои истеҳсолот, инчунин, истифодабарии хирадмандонаи манбаъҳои аз нав барқароршавандаи (обӣ, офтобӣ, бодӣ ва ҳоказо) ба шумор мераванд. Рушду нумӯи маърифати экологӣ дар худ ислоҳоти мафкура, бунёди тартиби нави муносибати пурарзиш, даст кашидан аз муносибати ҳарисона нисбат ба табиат, рушди муайян карда тавонистани талаботҳои инсоният вобаста ба имкониятҳои табиатро инъикос менамояд.
Имрӯзҳо чунин зарурате пеш омадааст, ки аз антропосентризм (фалсафаи давраи ташаккулёбӣ) кор гирифта шавад, ки дар он диққати асосӣ ба маърифати инсон ва талаботи ӯ равона шудааст. Антропосентризм дар давраҳои куҳан пайдо шуда, нишонаҳои асосии маърифати аврупоиро дар давраи барқароршавӣ дар худ инъикос менамояд. Антропосентризм дар ташаккули илми соҳибкорӣ ва заковати инсон саҳми калон гузошт. Вай барои кушодани қудрати эҷодии инсон имконият фароҳам овард ва бовариро ба худаш зиёд кард. Инсон ҳокими бузурги ошкор намудани майдон ва ҳаракати дигаргунӣ дар сайёраи Замин ба шумор меравад. Будан ё набудани сайёраи Замин аз муносибати ӯ вобастагӣ дорад. Инсон бояд амали нави худро эҳсос намояд ва масъулиятро бобати эҳтиёт намудани биосфера ва ба ҳамаи дигаргуниҳои ҳаёт дар сайёра бар уҳда гирад.
Яке аз унсурҳои асосии таърихи маърифати экологӣ этикаи экологӣ ба шумор меравад. Ногуфта намонад, ки тамоми мавҷудот ва қишри сайёраро комил будан ташкил медиҳад. Асоси этикаи навро эътиқоду эҳтироми зиёд гузоштан ба зиндагӣ ташкил медиҳад.
Фахриддин Раҳимов, ассистенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ