Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Босмачиёни асри ХХI

Аз солҳои навадуми асри гузашта оғоз карда масъалаи қаҳрамон ҳисоб кардани босмачиҳо, рафтору кирдори онҳоро ситоиш кардан, бо «шаҳиди аъло» баробар кардани онҳо шуруъ гашт. Дар байни аҳли илм низ ин масъала баҳсбарангез буда, гуруҳе онҳоро хоинону душмани халқ ва гуруҳи дигар баръакс ватанпарасту қаҳрамон медонанд. Ҳол он аст, ки барои комилан ҷавоби саҳеҳ гардонидан ба ин масъала таҳлил ва тадқиқи садҳо ҳуҷҷату санадҳои ҳарду дидгоҳ лозим аст. Муҳиддин Кабирӣ – раиси ба ном «Созмони шайтони миллат» дар суҳбати мустақимаш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ иброз дошт, ки босмачиҳоро ҳамчун қаҳрамонони миллат мешиносад. Қаблан изҳор дошта буд, ки насли саввуми босмачиҳо ҳастанд. Он нафароне, ки дар мактабҳои шӯравӣ таҳсил намудаанд, бешубҳа нисбати босмачиҳо нафрат доранд. Аммо солҳои 90-ум нисбати ин масъала нигоҳ дигаргун гардида аз босмачиён қаҳрамонтарошӣ карданд. Воқеият он аст, ки он замон ҷанги шаҳрвандӣ буд. Як тоифа барои нигаҳ доштани ҳукумати худ мубориза мебурд ва тоифаи дигар барои ба даст овардани ҳукумат. Босмачиҳо барои нигах доштани ҳукумати худ мубориза мебурданд ва барои ноил гардидан ба ин кор аз амалҳои разилона низ даст намекашиданд. Масалан, дар як барқия, ки №353, ки ба ситоди амалиёт зидди босмачиҳо дар Фарғона тааллуқ дорад, чунин гуфта шудааст: «Дастаи Эргаш ба миқдори 800 нафар рӯзи дуюм аст, ки сокинони уезди Қӯқандро террор карда, даст ба ғоратгарӣ зада ба қалъаи Бачкир ҷонварони зинда ва ашёро мекашонанд». Ин санад санаи 19 октябри соли 1919 таҳия гаштааст. Чӣ тавр ин воқеиятро инкор кардан мумкин аст? Босмачиҳо барои нигоҳ доштан қудрат даст ба ҷиноят ва ба ғорати халқи худ мезаданд. Пас, онҳоро чӣ гуна қаҳрамон номидан мумкин аст? Ва ё ба санади дигар, ки № 450 санаи 31 декабри соли 1920 аз тарафи Комиссариати ҳарбии отряди Хуҷанд тартиб дода шудааст, менигарем: «Аҳолӣ арз мекунанд (мурод сокинони деҳаи Сулюкта аст) агар Хуҷанд нисбати босмачиҳо ягон чора наандешад, мо маҷбур мешавем, ки ба тарафи босмачиҳо гузарем, зеро онҳо моро ба зӯрӣ ба худ ҳамроҳ мекунанд ва агар касе ба онҳо ёр нагардад, ӯро ғорат мекунанд, бо қамчин зада сипас мераванд». Ин як мисоли кӯтоҳ аст, ки доир ба зулму ҷабри босмачиҳо сухан мекунад. Магар бо чунин кирдор босмачиҳоро қаҳрамон гуфтан мумкин аст? Бойгониҳоро кушода чунин санадҳоро ҳазорҳо адад ёфтан мумкин аст. Боз як бори дигар инро ҳам бояд гуфт, ки ҳаракати босмачигарӣ дар тамоми ҳудуди Осиёи Миёна ва ба истилоҳи он вақт Туркистони Ғарбӣ сар зада буд. Ба босмачиҳо афсарони ҳукумати подшоҳии рус – сафедҳо ҳам ҳамроҳ гашта буданд. Инро чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст? Чанде пештар ин афсарони рус ҳоким буданд, акнун дӯст шуда бо босмачиҳо ҳамроҳ гардиданд? Мантиқ куҷост? Дар ҳамон замон ҳам мардуми соддаро бо номи ислом гумроҳ мекарданду ба мубориза даъват мекарданд, имрӯз ҳам ҳамин кор амалӣ мегардад. Мусулмон будани мардумро истифода карда ба ҳадафҳои сиёсӣ истифода мебаранд. Кӯри Юнус (Юнус Бурҳонов) дар саҳифаи фейсбукияш номаи охирин Амири Бухоро Сайид Олимхонро таҳлил кардааст. Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки ин “сайидзода”-ро мардум «Олими гов» мегуфтанд аз сабаби бехирадиву ноӯҳдабароияш. Аз таърих ҷустани ҳақиқат лозим бошад, он кори гуруҳ ва ё ҳизби сиёсӣ нест, онро агар зарурати воқеӣ бошад, бояд дастаи зиёди олимони на танҳо Тоҷикистон, балки аз тамоми Осиёи Миёна ва хориҷа дар доираи таҳқиқоти илмӣ беғараз ва объективӣ ба анҷом расонанд. Бобо ва ё бобокалони касе, ки иштибоҳан ва ё дониста ба дастаи босмачиён пайвастааст, қаҳрамон сохтан амри дуруст нест. Армияи Сурх ва болшевикҳо ҳам ба кирдори нодуруст даст задаанд, аммо нисбати босмачиҳо адолатро бештар таъмин мекарданд, ки ба манфиати аксарияти мардум буд. Кабирӣ ва ё ягон нафар сиёсатмадор ҳуқуқ надорад, ки бе гузаронидани таҳқиқоти доманадор ин ё он тоифаро қаҳрамон ва ё ватанфурӯшу хоин эълон кунад. И. Раҳимов