Ба кури муртадд Саидюнусу пайравонаш
Дар сомонаи иғвоангези «кимиёи саодат» матлаберо зери унвони “Муртадд” бо қалами Кури Сайидюнуси Истаравшанӣ хонда ба чунин хулоса омадам, ки бояд фикри шахсии худро нисбати ин мақола баён кунам. Аввалан бояд бигӯям, ки байни Кури Саидюнусу, Кабирию ва пайравонашон ягон фарқияте бо ДИИШ нест. Танҳо ин хоинони миллат бо забонашон «азизони дил» мегӯянду, дар амалашон агар дасташон расад аз хунхорони ДИИШ хунхортаранд. Бояд зикр кард, ки аҳолии Тоҷикистон бедодгариҳои ин наҳзатиҳои хунхору золимро, ки нисбати мардуми бечораву меҳнаткаш дар солҳои 90-уми асри гузашта раво дида буданд нағз дар хотир доранд, муаллимону духтурон, олимону донишмандони тоҷику дигар халқиятро ба қатл расониданд, аз зулму ситами ин разилон мутахассисони соҳаҳои гуногун аз кишвар фирор карданд, давлат фалаҷ гардид, иқтисодиёт ба нестӣ расид. Яъне он даҳшатафкание, ки наҳзатиҳо нисбати тоҷику тоҷикистонӣ кардаанд чингизи муғулу фашист ба чунин амал даст назада буданд. Акнун террористони ДИИШ ҳамон сенарияи ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатиро идома дода истодаанд, чункӣ байни амалу ақидаҳои динӣ-ифротии ТТ «ҲНИ» ва ДИИШ ягон фарқият мавҷуд нест. Ин Кури беимону ватанфурӯш бошад боз ба «муртадд» гуфтани Кабирии золиму хунхор норозигӣ баён мекунад, дар хотир дор эй аблаҳ туву Кабирию Варақию Шерзамонову дигар дигарат сарҷамъ аз «кофир» бадтаред, шумо баринҳо муртадд не «террорист» ҳастед. Баъдан гуфтаниям ҳой аблаҳон шумо аз давлату ҳукумат домангир нашавед, мардуми худогоҳу ватандӯст зиёданд, дар Тоҷикистон озодбаёни аст, дастрасӣ ба шабакаи интернетӣ доранд ва ҳар як фарди ватандӯст дигар намегузоранд, ки шумо хоинони миллати тоҷик ҳарфе баде нисбати миллату мамлакати азизамон гӯед, дарҳол «шаттаи обдор» ба даҳони ифлосатон мезананд. Ҳаминро низ гуфтаниям, дар таърихи 1400-солаи исломӣ таърих ёд надорад фарде мусалмонеро, ки мисли Кабирию Кури Истаравшанӣ барои маблағи муфт, ҷойи истиқомати хуб, зиндагии шоҳона мазҳабашонро, имонашонро, ватанашонро, миллаташонро, хонаашонро фурӯшанд. Дар ҳиқиқат мардум баҳои дуруст додаанд, ки ин беимонон фатвои уламо ва фуқаҳои исломиро зери пой карда “муртадд” шудаанд. Бисёр хуб мешавад, ки кули аҳолии кишвар ва хориҷиён ин ҳақиқатро бидонад, ки роҳбарият ва пайравони ТТ «ҲНИ» дар забонашон «азизони дил» гуфта «меҳрубонӣ» мекунанд, дар асл бошад, дар зулму ситам, бедодгарӣ, кӯштор, барҳам додани илму маърифат, меҳанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва бо васила нест кардани давлати дунявӣ, аз чумла Тоҷикистон, аз ДИИШ фарқияте надоранд. Аз ин рӯ, мардуми сарбаланди кишвар бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри оромӣ ва сулҳу субот дар ҷумҳурии азизамон камари ҳиммат бибанданд. Мо Ватанро ҳимоят накунем, ҳеҷ нафаре аз берун барои мо хизмат намекунад. Халқи тоҷик сарҷамъ аст. Мо метавонем!. Сомони Салмон, рӯзноманигор, директори маркази «Оина»