Мақолаҳо
Пешравии кишвар-зарбаи қатъӣ ба хоинон
Давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо як суръати баланд рӯ ба тараққӣ овардааст. Мо - мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиди он ҳастем, ки давлати дар байни оташи ҷангу харобазор қарор доштаро, ки умуман ба сулҳ ва осоиштагии он боварии касе намеомад, ин марди абарқудрат роҳбарии онро дар чунин вазъияти душвору вазнин ба уҳда гирифта, таъмини амният ва сулҳро ба тамоми мардуми Тоҷикистон ваъда карда, онро дар амал татбиқ гардонид.
Сулҳу осоиштагӣ ва пешравии давлати мо имрӯз аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва умуман тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ таъмин мебошад. Бояд дарк намуд, ки ин гуна пешравиҳо бо меҳнат ва заҳмати гарони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат таъмин гардонида шудаанд. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки Сарвари давлати мо тавофи хонаи Каъба карда, вориди хонаи Худо шудааст, ки ин аз фазилати бениҳоят баланди он кас дарак медиҳад. Тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон бояд шукрона кунанд, ки Худованд чунин Сарвари оқилу фарзона ба Ватани мо насиб гардондааст. Ва ҳар касе, ки осоиштагӣ, сулҳу ваҳдати ягонагӣ ва пешравиҳои ҷамъиятии ин давлатро эътироф намекунад бе ягон мубоҳиса ҳамчун фарди носипос ва бехираду хоин бояд муаррифӣ карда шавад.
Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстримизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон этибори бештар бидиҳанд.
Мутаассифона, нафароне низ вуҷуд доранд, ки барои манфиати хеш шуда, мехоҳанд Ватани худро бифурӯшанд, ки онҳо ҳамчун хоини миллат эътирофшуда мебошанд ва амали чунин нафарон метавонад бисёр харобӣ ва умуман боиси сар задани ҷангу хунрезиҳои зиёд шавад. Аксарияти ин нафарон дар зери ниқоби Ислом, бо гирифтани ёрии моддиву маънавӣ аз хориҷи кишвар мехоҳанд дар давлати тинҷу осоиштаи мо ҷангу хунрезӣ эҷод намоянд.
Имрӯзҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ баъзан суханони нодурусти нафаронро мушоҳида намудан мумкин аст, ки бо суханони иғвоангез ва таҳқиркунанда мехоҳанд ба ҳар гуна восита ба вазъи муносибатҳои шаҳрвандӣ нисбати сиёсати давлат халал расонанд.
Дар яке аз баромадҳои худ дар Созмони миллали муттаҳид Пешвои миллат баҳри ҳифзи Исломи асил чунин суханҳои таърихиро гуфта буданд: «Терроризм ва экстремизм миллат, дин ва нажод надорад». Яъне аз ин суханони пурмазмун ба хулосае омадан мумкин аст, ки нафароне, ки даст ба ин гуна ҷиноятҳо задаанд, новобаста аз табақаи ҷамъиятиашон дар назди қонун ҷавобгар буда, ягон василаи дин, мазҳаб ва нажод ба онҳо баҳона шуда наметавонад. Ҳар як фарди бо ору номус бояд дар рафъи омилҳои террористӣ ва экстремистӣ саҳми худро то андозае гузорад.
Давлати азизи мо, ки бо як суръати баланд ва руҳияи болида рӯ ба тараққӣ овардааст, мо шаҳрвандони ин мамлакат бояд бо як самимияти хоса дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри гулгуншукуфоии ин диёри зебоманзари худ камари ҳиммат баста, ба давлату миллати хеш софдилона хидмат кунем. Танҳо мавқеи фаъоли сиёсии ҳар як шаҳрванди мамлакат метавонад тинҷию осудагиро дар ҷомеаи мо ҳифз кунад ва барои пешрафти осоиштаи кишвар замина муҳайё созад.
Афғонова Моҳира омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ