Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Андешаҳои хоинон барои ҷавонони мо бегонаанд!

Мо - ҷавонони саодатманд ва хушбахти замони соҳибистиқлол бо такя ба дастгирии доимии давлату Ҳукумат ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна андешаву кирдор ва ақидаҳои ифрогароёнаи хоинони миллат, мисли Кабирӣ ва ҳаамаслакону хоҷагони ӯ дода нашуда, баҳри ободониву созандагии кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош намоем ва Ватани маҳбубамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Зеро истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ гавҳаре ҳастанд, ки ба даст оварданашон бениҳоят мушкил аст. 
Сабақи таърихии солҳои 90-уми асри гузашта то имрӯз асари худро дар хотираи мардум боқӣ гузошта, аз ҷиҳати равонӣ ба руҳияи аҳолӣ таъсири худро гузоштааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои худро дар арсаи байналхалқӣ устуворона гузошта, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри ободонӣ ва суботи ҷумҳурӣ ҳар чӣ бештар камари ҳиммат бандад. Халқи тоҷик дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, дар осмони софу беғубори кишвар бо меҳнати софдилона арзи ҳастӣ менамояд, ки аз ваҳдату якдилии тоҷику тоҷикистониён дарак медиҳад. 
Фаромӯш кардан мушкил нест, ки дар гузаштаи начандон дури мо чи қадар ҷавонону наврасони мо, ки ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтида буданд, онҳоро аз кишварҳои хориҷа баргардонида, аз чанголи ифроту терроризм наҷот дода буданд. Лекин хоинону душманони миллат махсусан наҳзатиҳо ва роҳбарашон Кабирӣ доимо ин сиёсат ва амали мусбату саривақтии Пешвои миллатро танқид мекунанд. Онҳо маҷбуранд, ки ин корро танқид кунанд. Зеро онҳо, яъне наҳзатиҳо дигар наметавонанд ҷавононро бо ақидаҳои носолими худ фирефта кунанд. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон, волидон ва омӯзгорон масъули тарбияи фарзанднамон ҳастем, дар ин синну солашон онҳоро ба роҳи рост бурдан осонтар аст ва ҷаҳонбиниву дониш ва бовару назарҳояшон ҳанӯз комил нашудааст, худамон таълимоти илмҳои муосирро дар зеҳаншон ҷо намоем. Ба мақсади неки худ мерасем, онҳоро ба руҳияи меҳанпарастӣ ҳидоят намоем. 
Чанде пештар раиси гурезаи ҳизби ифротии наҳзат ва ҳамакнун роҳбари Паймони ба ном миллӣ Муҳиддин Кабирӣ тариқи онлайн дар шабакаи иҷтимоии Интернет гуфтугӯе доир намуд. Мақсад аз гуфтугӯи Кабирӣ ин бори дигар аз худ дарак додану байни ҷомеа ақидаҳои ифротии худро паҳн намудан буд. Лек мисли пешин хоини Ватан ба мақсади худ нарасид. Зеро маҳфили рӯ ба рӯи Кабирӣ ба маҳфили зарифон ва мазҳака табдил ёфту мардум умуман тамошо накарданд ва ба ӯ саволе ҳам пешниҳод накард. Ин ҳолат барои хоинон шикасти бузурге буд, ки то ҳ онҳо аз он ба худ наомадаанд. 
Мо шукрона мекунем, ки имрӯзҳо дар мамлакати мо сулҳу субот ва оромӣ ҳукмфармост ва мардум бо даст удили гарм меҳнат карда, Ватанро обод намуду истодаанд. Аммо ҳолатҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки барои вайрон намудани фазои истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ қувваҳои хориҷиву бегона истифода шуда истодаанд. Ин қувваҳои аҳриманӣ ва нохалафон бояд донанд, ки истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст, ки мо иҷозат диҳем кассе онро халадор кунад. Мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем, ки барои ба ин рӯзҳо расидан ҳазорон нафар ҳомиёни Ватан ҷони худро қурбон кардаанд. Аз ин рӯ, аз ҳама ҷавонони мамлакат даъват ба амал меорем, ки барои эҳтиром гузоштан ба хотири шаҳидони роҳи истиқлолият, ки имрӯз ва фардои моро бо диловариву шуҷоати хеш равшан намуданд, талош варзанд то вориси арзандаи эшон бигарданд ва барои шукуфоии миллатамон ташаббусҳои созандаро ба нафъи миллату давлат амалӣ гардонида, саҳме гирифта бошанд то ҳамеша Тоҷикистон чун давлати соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг боқӣ монад.