Мақолаҳо
Ғамхорӣ ба ҷавонон ғамхорӣ ба оянда аст
«Мо ҷавононро ба сифати як неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навин эътироф менамоем».
Иқтибос аз китоби Пешвои миллат «Уфуқҳои истиқлол»
Мо - ҷавонони даврони Истиқлол аз он ифтихор дорем, ки худро озод, мустақил ва соҳибихтиёру соҳибдавлат медонем. Аз он меболем, ки дар ватани ободу зебо, дар айёми осоиштаву созандагӣ умр ба сар мебарем. Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳнамоии Сарвари хирадмандаш ҳама шароитҳои имконпазирро барои мо омода карда, баҳри дар оянда инони идораи кишварро ба мо супоридан, барои ташаккули тафаккури созандагии ҳар яки мо пайваста ғамхорӣ мекунад.
Таваҷҷуҳи Ҳукумат, махсусан, Сарвари он - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри ташаккули ҷавонони лоиқи ин кишвари обод муқоисанашаванда мебошад. Мисоли рӯшани ин гуфтаамонро мо дар амалияи ҷобаҷокунии кадрҳои ҷавон дар тамоми муассисаҳои дигари кишвар, дар таъсис ва ба таълими соҳаҳои гуногуни илму фан дар бар гирифтани тамоми довталабони таҳсил, барои ҳамаи мо ба вуҷуд овардани шароитҳои ба талаботи замони муосир муносиб мушоҳида мекунем ва дар чунин муҳит кор, фаъолият ва таҳсил менамоем. Дар даврони соҳибихтиёрӣ зери роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат кишвари азизу маҳбубамон дар тамоми самтҳо ба пешравиҳои беназир ноил гашта истодааст, ки ин ҳолат тамоми аҳолии ҷумҳуриро сарфароз мекунад. Аз дастгириву ғамхориҳои пайгиронаи Пешвои миллат тамоми қишрҳои ҷомеа бархурдор шуда истодаанд, ки миёни онҳо ҷавонон мақоми махсус доранд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҳамарӯза аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба мо - ҷавонон таваҷҷуҳи беандоза зоҳир мегардад.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати зеҳнию ақлии ҷавонон аз тарафи давлату Ҳукумат барномаҳои зиёде ба тасвиб расидаанд, ки мақсад аз онхо татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ва баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа мебошад. Имрӯзҳо бо мақсади дастгирии ҷавонон тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва сохторҳои қудратӣ барномаҳои зиёдеро ба роҳ мондаанд, ки ин ҳам яке аз ғамхориҳои Ҳукумат нисбати ҷавонон мебошад. Чунин барномаҳо барои мо имконият медиҳад, ки малакаю маҳорат, донишу заковат, истеъдоду ҳунари хешро сайқал дода, ҳамчун кадри ҷавон тайёр шуда, дар бозори меҳнати имрӯза мутобиқ гардем. Ташкили стипендияҳои президентӣ, квотаҳои президентӣ, стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Дурахшандагон», таъсиси мақомоти салоҳиятдори кор бо ҷавонон - Кумитаи ҷавонон ва варзиш, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз дастгириву ғамхорӣ ва намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри ояндасози мамлакат мебошад.
Боиси хушнудист, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, новобаста аз душвориҳо, масъалаи ҷавонон дар мадди назари Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошт. 23 майи соли 1997 мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон дар ҳаёти ин насл саҳифаи тоза боз намуд ва аз ҳамон сол сар карда, ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан ва кумаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон мебошад. Ба ин маънӣ кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу неруи созандаи мо, ҷавонон, умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем. Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Яке аз ҳадафҳои асосие, ки дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои 2018-2030 дарҷ гардидааст, ин то соли 2030 сатҳи маълумотнокии ҷавононро то 90% расонидан аст. На ҳар як роҳбари давлат азму ирода мекунад, ки бо назардошти зиёда аз 70% аҳолиро ташкил кардани ҷавонон дар назди давлату ҳукумат чунин вазифаро гузорад.
Пешвои миллат дарк мекунанд, ки ғамхорӣ нисбати ҷавонон ғамхорӣ нисбати оянда аст. Яке аз роҳҳои амалишавии ин ҳадаф таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки бо таъсис ёфтани ин марказ имконоти дохилшавии ҷавонон аз навоҳии дурдаст ва оилаҳои камбизоат хеле зиёд шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо таъсиси ин марказ сатҳи саводнокии донишҷӯёни макотиби олӣ бамаротиб боло рафтааст. Дар чунин шароит давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷиро ҷавҳари асосии сиёсати худ эълон карда, барои амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда дар ин самт ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии оқилонаи Эмомалӣ Раҳмон шарту шароитро дар мактабҳои миёна ва олии кишвар рӯз аз рӯз беҳтар карда истодааст. Ҳамасола дар ҳудуди ҷумҳурӣ садҳо биноҳои нави соҳаи маориф бунёд шуда истодаанд. Баландшавии ҳарсолаи музди маоши кормандони соҳаи маориф ва стипендияҳои донишҷӯён яке аз иқдомоти наҷиби дастгирии ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат аст. Ҳамагон шоҳидем, ки ҳамарӯза дар гӯшаву канори мухталифи кишвари паҳноварамон баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш майдонҳои варзишӣ ва дигар иншооти варзишӣ бунёд шуда истодаанд, ки ин нишонаи таваҷҷуҳ ба саломатии насли ояндасози миллат аз ҷониби Пешвои миллат аст.
Пешвои миллат дар ироаи Паёми солонаи худ 26-уми декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки: «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем. Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам». Мо - ҷавонон бо садоқатмандӣ ваъда медиҳем, ки дар радифи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллатамон ҳамеша аз пайи донишандӯзӣ мешавем, зиракии баланди сиёсии худро аз даст намедиҳем.
Мо - ҷавонон дигар ба ҳеҷ мухолифе намегузорем, ки пойи нохалафашро ба сарзамини мо гузорад, мо - ҳама даст ба дасти ҳамдигар дода, дар фазои сулҳу оромӣ Ватани азизамон - Тоҷикистонро ба биҳишти рӯйи замин табдил медиҳем. Миллати бузург ва Ватани азизи худро самимона дӯст дошта, дар роҳи хизмат ба он тамоми ҳастии худро бедареғ мебахшем. Мо - ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо ва ба қадри ҳар зарра хок ва ҳар қатра обе, ки табиат ба мо ато фармудааст, бирасем ва Ватани азизамон Тоҷикистонро дӯст дорем. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллат мебошанд. Мо бояд ба қадри ин суханони Пешвои миллат бирасем ва дар рушду нумӯи Ватанамон бо меҳнати софдилона саҳми арзанда гузошта, ба Ватану модар ва миллатамон хизмат кунем.
Дилшод Давлатзода, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар КИИ “Молия ва иқтисод”