Мақолаҳо
Ифротгароии ҷавонон омили хатарзост
Миёни мардум ҳикматест машҳур, ки «ҳақиқатро инкор кардан мушт бар санги хоро задан аст». Амиқтар дида андӯзем, бешак, ҳақиқат заволнопазир ва устувору тавоно бувад ва онро нодида гирифтану ба ин ҳикмати баҳснопазиру ҳазорҳо маротиба дар заминаи воқеаҳои таърихӣ собитшуда шубҳа кардан камоли аблаҳист. Тоҷикистони азизи мо, ки имрӯз рӯ ба тараққӣ овардаю марҳила ба марҳила, тадриҷан пеш мераваду пайваста ободу зебо, тинҷу осоишта мешавад ва дар кулли ҷодаҳои зиндагӣ ба муваффақиятҳои беназир мушарраф мегардад, ба ҳамагон аён аст ва ҳатто, шаҳрвандони бурунмарзӣ инро эътироф менамоянду ба миллати сарфарози мо таҳсин мегӯянд. Бунёдкориву созандагиҳоеро, ки абармардони халқи куҳанбунёди тоҷик, хосса Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дарозои 27 соли Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ намуданд, таърихи беш аз ҳазорсолаи ин миллати фархунда ёд надорад. Халқи сарбаланду соҳибтамаддуни тоҷик имрӯз дигар бедору ҳушёр аст ва парчами ваҳдату якдилӣ дар даст дораду бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои хирадманду матинирода ва накукори хеш-Эмомалӣ Раҳмон барои рушди боз ҳам бештари Ватани аҷдодӣ якдилу якҷон ва бо тасмиму қарорҳои наку аз пайи бунёдкориҳои азиму муҳташам аст. Боиси таассуф аст, ки барои онҳое, ки нотавонбинанду худкоманду тинати нопок доранд, ин ҳама дастовардҳову шарафмандиҳои кишвари хуршедии мо дардовару беқарорсозанд. Ва онҳо аз рӯи ғаразу хусусмат ва ҳасаду рашк ба ҳар васила талош меварзанд, то санги буҳтону иғво ба ин кохи пуршукӯҳу азими ваҳдат биафкананд ва дарди носури хешро таскин бубахшанд. Афсӯс, ки зумрае аз чунин бадтинатону ҳангомасозон ва манфиатҷӯёну ватанбезорони дилкӯр аз байни худи мо-тоҷикзодагон берун ҷастаанд ва чун фарзандони нохалаф хиёнат ба Модар-Ватан кардаанду мекунанд. Иддае аз онҳо бо созмонҳои террористию ифротгаро пайвастаанду қисме дигар, худ дар алоҳидагӣ ба аъмоли хиёнатгароёна ва ваҳшиёна пардохтаанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ба ин зумра ашхос роҳбарият ва аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ шомил ҳастанд. Дар хусуси онҳо дар мақолаи дигар изҳори андеша хоҳем кард.
Терроризм ва эктремизм, ки хатари ҷиддӣ ба амнияту субот ва Истиқлолияти ҷумҳурии мо доранд, яке аз масоили муҳим ва мубрам дар замони имрӯз ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз ба шумор меравад. Дар ин замина зарур аст, ки аҳли ҷомеаро аз равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ ва созмону гурӯҳҳои ба ном исломии ифротгаро огоҳ намоем, то ба доми амиқи ин қабил афроди тундраву беватан гирифтор нагарданд.
Солҳои охир гаравиши ҷавонони сабукфикр ва каммаърифат ба ифротгароӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Таҳлил ва баррасии иттилооти ҳамарӯзаи моҳворавӣ ва баҳсу мунозираи иддае аз ҷавонони гумроҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди «Одноклассники», «Фейсбук», «Ютуб» ва дигар сафаҳоти шахсӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷавонони ифротманиш ва тундгаро ҳанӯз мекӯшанд, ки сафи ҳамақидаҳояшонро биафзоянд. Албатта, ин ҳолат боиси нигаронист. Барои ҷалавгирӣ аз бегонашавӣ ва дигар падидаҳои номатлуб моро мебояд, ки ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷомеаро баланд бардорем. Аз ин рӯ, лозим донистем, ки пиромуни ин мавзӯъ чанд нуктаро баён дорем, то заррае ҳам бошад, дар ин ҷода саҳмгузор гардем.
Бешубҳа, аз ифтихори миллӣ то хиёнат ба Ватан масофаи андаке дар миён аст. Чанд соли охир дар дунё созмонҳое арзи ҳастӣ кардаанд, ки аз вазъи осоиштаи мамолик истифода намуда, миёни аҳолии он ҷамоҳир ниҳодҳои динӣ таъсис додаанд, ки ҳадафашон ноором сохтани ҷомеа мебошад. Онҳо зумрае аз ҷавонони содда ва ноогоҳро ба осонӣ ба гурӯҳҳои хеш шомил месозанд ва дар зеҳнашон идеологияи ғайримақбулро ворид менамоянд.
Надонистани таърих ва аркони саҳеҳи дини ислом, махсусун, фиқҳ ва ақидаи тавҳидӣ, надоштани масъулияти шаҳрвандӣ баъзе ҷавонони беиттилоъ аз Қуръону суннатро бегонапарасту тахрибкор ва хатарзо намудааст. Бисёр таассуфовар аст, ки ин қабил одамон, агар онҳоро «одам» гуфтан ҷоиз бошад, масъулияти инсонгарӣ ва худопарастии худро дар қатлу куштор, тундгӯию тундхӯӣ ва ба куфру бидъат ҳукм намудани дигар мусалмонон медонанд.
Иддае аз ҷавонони гумроҳу бехабар аз дини Исломи ноб аз Тоҷикистон ба гурӯҳҳои «Ҳизбу-т-Таҳрир», Салафия, «Ансоруллоҳ», «Байъат», «Ҳаракати Толибон», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Ихвон-ул-муслимин» ва «Ҳизб-ун-Нур»-и салафия, Рофизия ва ғайра дар мамолики исломӣ гаравидаанд. Онҳо барои дарёфти ормонҳои имонӣ ва исломӣ бехабар аз онанд, ки алакай қурбонии бозингарони мансабхоҳ ва душманони Ватани хеш гардидаанд. Душманони миллати тоҷик ва мазҳаби ҳанафӣ такфир, ифрот ва ситезаҷӯиро таблиғ менамоянд ва ҳаргиз таълимоти саҳеҳу дурусти дини мубини Исломро намеомӯзонанд. Онҳо бо шеваҳои гуногун ва методҳои санҷидашудаи террористон ва экстремистон неруҳои созандаи ҷавонони исломиро бо роҳи фиребу дасиса ба манфиати созмонҳои бадкирдору бадкеши худ истифода мебаранд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: «Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза низ талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан, меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонид».
Бисёр шигифтовар аст, ки раҳбарони созмонҳои ифротгаро аҳком ва шариати дини мубини Исломро бо андешаҳои шахсии хеш олуда намуда, ақидаҳои разилонаашонро ба зеҳни ҷавонон ҷой мекунанд. Онҳо пайваста таблиғ менамоянд, ки дини Ислом халқиятро ба ҷиҳод даъват кардааст ва бо ин васила мусулмонро бар зидди мусулмон мешӯронанд.
Аз таҳлили ҳодисоти солҳои охири мамолики Ироқу Сурия бармеояд, ки дар он ҷо ягон навъи ҷиҳод нест. Тавре гуфтем, қотилон, хунхорон ва ҷоҳилону бехудоёни ҷараёнҳои тундгаро аъмоли разилонаю ғайриинсононаи хешро, ки ҳамагӣ куштори одамони бегуноҳ мебошад, бо ибораи «ҷиҳоди исломӣ» ҷомаи шаръӣ мепӯшонанд ва гӯё дини поки ислом онҳоро ба ин кор амр намуда бошад. Магар рехтани хуни муъмин, ки пайғамбари ростгӯи ислом Муҳаммад (с) мусулмонро бародари мусулмон гуфтааст, ҷиҳод аст?! Магар дар ягон ояи китоби муқаддаси дини ислом Қуръони карим омада, ки шахси соҳибимонро қатл кардан ҷиҳод аст?! Не, ҳаргиз не! Баръакс Худованди бузург фармуда, ки «Ва хештанро … ба (вартаи) ҳалокат наафканед ва некукорӣ кунед! Ҳамоно Худо некукоронро дӯст медорад» (сураи «Бақара», ояи 195). Ин аст амри Офаридгори бузургу ягона.
Суханро дар ин бобат ба дарозо намекашем. Ба андешаи мо, агар дар вуҷуди ҷавонон ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандориро бедор намоем, он гаҳ итминонамон комил мешавад, ки ҳеҷ гуна хавфу хатар моро таҳдид намекунад.
Суоле ба миён меояд, ки чӣ гуна ин сифотро дар ҷавонон талқин бидиҳем. Мебояд зикр кард, ки дар шароити имрӯз дар ин самт, яъне тарбияи ифтихори давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ бояд ҳамагон саҳмгузор бошанд. Мавриди тазаккур аст, ки бе омӯзиши илму дониш ба худогоҳии миллӣ муваффақ гардидан ғайриимкон аст. Дар натиҷаи дарки арзишҳои миллӣ хештаншиносӣ ба вуҷуд меояд.
Дар даврони истиқлолият ифтихори ватандорӣ яке аз маҳакҳои асосии бақои давлат ва миллат маҳсуб меёбад. Тарбия ва мавҷудияти эҳсоси ватандӯстӣ аз падару модар вобастааст. Рафтори намунавии волидайн дар рӯҳияи хештаншиносӣ василаи беҳтарини тарбияи фарзанд мебошад.
Агар мо сатҳи худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавононро баланд набардорем, ҳаргиз бо итминон гуфта наметавонем, ки то чанд муддат Истиқлолияти давлатиро ҳифз менамоем. Ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ба ваҳдати миллӣ сахт алоқамандӣ дорад. Аҳамият ва зарурати ваҳдати миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бештар эҳсос мегардад. Тавре мегӯянд, ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ корест сангину миёншикан, вале ҳифзи он амалест мушкилтар. Ба назари аввал шояд расидан ба истиқлолияту нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ осон намояд, вале зиндагӣ ҳар яки моро водор месозад, ки дар ин ҷода маърифатнокӣ ва фарҳанги сиёсиямонро тақвият бубахшем.
Попов Николай Анатольевич, дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ
Иматшоев Зинатшо Хизматшоевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, кафедраи фаъолияти гумрукӣ