Мақолаҳо
ДАСТГОҲИ САРКӮБГАР ВА БОСМАЧИГАРӢ МАРҲИЛАИ ЯКУМИ БОСМАЧИГАРӢ: ҚАДИМИҲО, ҶАДИДҲО ВА ПАНТУРКИСТОН
Ин шабу рӯз маъракаи тарғиби "босмачиҳо" ва босмачигарӣ дар авҷ аст. Гурӯҳе ҳам "Ман босмачӣ ҳастам!" гуфта, гӯши мардум ва фалакро якҷоя кар кардаанд. Гурӯҳе, ки бо сабаби нобасомониҳои се даҳсолаи охир натавонистанд дониши дурусти илмӣ дар бораи таърихи худ бигиранд. Бахусус, гурӯҳе аз рӯзноманигорон, ки дар ин мавзӯъ китобе ва ё мақолае ҳам нахондаанд. Фаҳмишу тасаввуроташон аз рӯи шунидаҳою боварҳояшон шакл гирифтааст, ки бадбахтона, ҳазорҳо мардумеро гумроҳ мекунанд. "Босмачӣ" аз вожаи узбакии "басмак" ба маънои "ҳуҷум кардан" ва "ғорат кардан" мебошад. Ин номро ба онҳо мардуми маҳаллӣ дода, расонаҳо ва адабиёти шӯравӣ ба расмият дароварда буданд. Як қисми "босмачиҳо" худро "қурбошилар" ҳам меномиданд. Донишмандон ((Paksoy, Olcott, Kogan) ҳаракатҳои босмачигариро дар кул чун "исёни исломӣ" (Islamic insurgancy) ва иборат аз се бахши асосӣ ташхис медиҳанд: 1) Қадимиҳо - ҳаракати фарогири уламои исломӣ, нухбагони сиёсӣ, иқтисодӣ, пешвоёни маҳаллӣ ва афсарону сарбозони вафодори Амири Бухоро; 2) Ҷадидҳо - ҳаракати ислоҳотхоҳони пантуркистӣ ва панисломӣ; 3) Пантуркистҳо ва панисломистҳои турк бо сарварии Камол Пошо (Cemal Pasha) ва Анвар Пошо (Envar Pasha). Аввалин исёнгарони исломӣ Қадимиҳои Фарғона буданд. Онҳо соли 1898 бар зидди маҳдуд кардани имтиёзҳои сиёсӣ ва иқтисодии қишри рӯҳонии ҷомеа, аз он ҷумла қисман маҳрум кардани онҳо аз вақф аз тарафи ҳукумати Шоҳигарии рус исён бардоштанд. Қадимиҳо мехостанд давлати исломӣ, ки дар он қонуни Шариат амал мекунад, ба таври комил барқарор шавад. Иддао доштанд, ки Шӯрои уламои исломӣ мақоми аздастрафтаи худро дар умури давлатдорӣ дар давраи тасаллути Осиёи Марказӣ (Аморати Бухоро ва Хонигариҳои Хива ва Қуқанд) аз тарафи Шоҳигарии Рус барқарор кунад. Баъди пирӯзии Инқилоби Октябр низ онҳо аз ин мақсадҳояшон даст накашиданд. Нахустин исёнашон дар ин давра бо сарварии Эргаш дар Қуқанд буд. Ҳаракатҳои босмачигарӣ (Қадимиён, Пантуркистҳо ва як қисми Ҷадидҳо) то соли 1920 муваффақ буданд, чун Армияи Сурх дар Сибир даргири Армияи Сафед монда, Осиёи Марказиро аз мадди назараш дур карда буд. То соли 1919 тамоми Осиёи Марказӣ, ба ҷуз Тошканд пурра дар зери ливои Ҷадидҳои пантуркист ва Қадимиҳо қарор гирифт (Olcott). ҚАДИМИҲОИ ИСЛОМӢ Қадимиҳо асосан аз ҳисоби нухбагони сиёсӣ, динӣ ва иқтисодии марказӣ ва маҳаллии Фарғона ва Бухоро иборат буданд. Дар ҳама сурат, онҳо ба Амири Бухоро вафодор буданд. Дар давраи муваффақ гардидани Ҷадидҳо (1917-1920), Қадимиҳо онҳоро хатарноктар аз Болшевикони бехудо меҳисобиданд ва ба онҳо хусумат меварзиданд. Кӯшиш мекарданд, вафодории худро ба Болшевикҳо нишон диҳанд, чунонки пеш аз ин ба Шоҳигарии рус нишон медоданд (Paksoy). ҶАДИДҲОИ ПАНТУРКИСТ Ҷадидҳо мехостанд Аморати Бухороро барҳам дода, Ҷумҳурии Туркистон ташкил диҳанд (Paksoy). Дар ин давраи ҳукумати исёнгарони исломӣ (босмачиҳо) тамоми шаҳрҳои Туркистон, ба ҷуз Тошканд дар зери итоати Ҷадидҳо ва қисман Қадимиҳо қарор гирифтанд. Сафедҳои рус, ки дар Тошканд бар зидди Болшевикон ҳаракати пинҳонӣ таъсис дода буданд, Ҷадидҳоро ҳимоят мекарданд. Сафедҳо мехостанд Шоҳигарии русро аз сари нав эҳё кунанд (Nazaroff). Онҳо аз ҳукумати Британия ва ҳукумати Отатурк дар Туркия тавассути Озарбойҷон ва баҳри Хазар ёрии ҳарбӣ ва молӣ мегирифтанд. Аз ин ҷо Пантуркизми дунявӣ дар байни Ҷадидҳо бештар ривоҷ кард (Nazaroff). Ҷадидҳои Фарғона бо роҳбарии Мадамин Бек дар зери итоати генерали Сафедҳои рус - Монстров ба муборизаи мусаллаҳона барои таъсиси Ҷумҳурии Туркистон ҳамроҳ шуданд. Онҳо шаҳрҳои Ош, Ҷалолобод ва Андиҷонро забт карданд. Ин бахши "босмачиҳо" аз Британия пуштибонӣ мегирифтанд, ба идеологияи Пантуркизм мусаллаҳ буданд ва дар зери итоати генерали рус Монстров қарор доштанд. Бо вуҷуди муваффақиятҳои ҳаракатҳои босмачигарӣ (Ҷадидҳо ва Қадимиён) то соли 1920, ихтилофҳои байни онҳо рӯ ба афзоиш буд (Olcott). Бахусус, ихтилоф дар байни Эргаш (пешвои Қадимиҳо) ва Мадамин Бек (пешвои Ҷадидҳо) шиддат мегирад, чун ба хоҷаҳое хизмат мекарданд, ки бо ҳам душман буданд. Армияи Сурх Сафедҳоро шикаст дода, акнун дубора вориди Осиёи Марказӣ шуд. Аз соли 1919 то охири соли 1921 Болшевикҳо аксарияти шаҳрҳои Осиёи Марказиро ишғол карданд (Olcott). Амири Бухоро – пешвои Қадимиҳо ба Афғонистон гурехт ва бо худ моликияти аз мардуми бенаво ғораткардаашро бурд ва ё туъмаи Армияи Сурх кард. Ҳамин гуна, марҳилаи якуми исёни "Босмачиҳо" тамом шуд (Kogan). (Дар бахши дуюм дар мавриди марҳилаи дуюми Босмачигарӣ ва ба ин ҳаракат пайвастани Пантуркистони исломӣ суҳбат хоҳем кард.) Ҳафих Холиқзода