Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Мардум фирефтаи ваъдахои дуруг ва пешниходхои хатарноки Кабири нашавед, ки пайомадашон барои давлатдори ва мардуми точик аз солхои 90 дида чандин маротиб фочиаовартар хохад буд

Чи хеле маълум аст бегохирузи 19 январ раиси хизби гайриконунии ХНИТ ва ПМТ Мухиддин Кабири ба саволхои хеле зиёди хонандагон, ки дар сайти интернетии ПМТ дар давоми ду се руз ба у дода буданд сайъу кушиш намуд чавоб бидихад. Вале ман махсус ба чавобхои Кабири хамчун тарафдори амик боваридошта ба идеалхои Конституцияи Точикистон, ки дар Боби якум Модаи 1-ми он омадаст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ (яъне социалӣ) буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад» гуш дода ба хулоса омадам: Пеш аз хама Кабири ба як кисми ночизи аз тарафи масъулонаш чидашудаи саволхои хонандагон, ки боиси манфиат ва таблиготи шахсии у ва хизби гайриконунии ХНИТ буданд чавоб дод. Масалан, дар давоми 33 дакикаи аввали баромади худ у хамаги ба ду ё се савол чавоб гардонд. Аслан аз мазмуни саволхои хонандагон маълум мешавад, ки зиёда аз навад дар сади онхо аз фаъолияти гайриконунии Кабири ва ХНИТ сахт норизоянд, яъне ин маънои онро дорад, ки ин хизб бо рохи сулху осоишта хеч гох наметавонад фаъолияти худро ба чорчубаи конун дароварда сари хокимият биёяд. Кабири зиёда аз навад дар сади вакти чавобхояшро бо хонандагони фейсбук ва ютуб барои таблиги шахси ва ХНИТ истифода кард. Барандаи сухбат чаноби Олим Шерзамонов мачбур буданд, ки байни чавобхои Кабири баъзан баъзан дар бораи барнома ва максадхои ПМТ тавзех бидиханд ва хусни таваччухи Кабириро сари ин мавзуи асосии сухбат чалб кунанд. Вале Кабири бошад ин ишорахоро ба инобат нагирифта хати пешгирифтаи худро дар ин сухбат пеш мебурд. Хотирасон мекунам, ки дар аввали солхои 90 ХНИТ дар Иттиходяи нерухои оппозиционии Точикистон хамчун як кувваи сиёсии ба мардум номаълум ва заиф дохил шуда аз хисиёти динии мардум истифода намуда дар як мудати кутох Хизби демократии Точикистон ва харакатхои «Растохез»-у «Лаъли Бадахшон»-ро аз арсаи сиёси берун карда тамоми андешахои милли-демократиро поймол сохт ваа чумхуриро ба вартаи чанги шахрванди кашид. Дар ПМТ бошад иттиходчиёни хизби гайриконунии ХНИТ гуруххои нисбатан хеле хурд ва аз лихози сиёси ва идеологи очизе, ки хамаги чанд нафарро дар мачмуъ ташкил мекунанд, дар хеч сурат наметавонанд, ки ба фаъолияти ин хизб таъсире расонанд. Баръакс онхо барои ХНИТ минбари таблигот дуруст карда ба осиёби фаъолияти сиёсии гайриконунии ин хизб об мерезанд ва бо хамин шакл масъулияти гайриконунии фаъолитяи ХНИТ-ро, ки окибатхои хеле фочиави дорад ба души худ мегиранд. Кабири дар сухбат хотирасон карданд, ки дар аввали солхои 90-ум дар шахри Астрахан яке аз вакилони чавонтарини анчумани таъсисии Хизби нахзати исломи СССР буд. Аз ин бармеояд, ки хамчун яке аз таъсисгарон ва пешсафони ХНИТ дар Точикистон шахсан дар баробари пешвоёни дигари ин хизб чавобгуи тамоми паёмадхои фочиавие, ки дар натичаи фаъолияти гайриконуни ХНИТ аз давраи сарзании чанги шахрванди дар Точикистон то ба кушиши табадуллоти давлатии мохи сентябри 2015 ба вукуъ омадаанд, мебошад. Аз чавобхои Кабири маълум шуд, ки Чумхурии Исломии Эрон ба ХНИТ кумакхои молии зиёде кардааст. У зархариди кишвархои Гарб гашта дар шароити имруза хам мегуяд, ки мо мукобили он нестем Эрон кумакхои моли худро ба мо давом дихад. Яке аз гуноххои азими ХНИТ ин махз вайрон ва хеле сард шудани кардани муносибатхои Точикистон ва Эрон мебошад. Манбаи асосии пули фаъолитяи гайриконунии ХНИТ мегуяд Кабири аз кумаки шахрвандони Точикистон чи аз дохили кишвар, чи аз Россия ва чи аз нафароне, ки дар Иттиходи Европа зисту зиндаги мекунанд чамъ мешавад. Ва оиди ин масъала хулоса карда гуфт, ки мо омодаем кадом манбае набошад агар ба мо кумаки моли кунад онро кабул мекунем. Яне ин суханхоро метавон чунин маънидод кард, ки манбаи кумаки пулию моли аз фуруши маводи мухадир ё ярок ва ё дигар корхои гайриконуние, ки набошад Кабири барои фаъолияти гайриконунии ХНИТ кабул мекунад ва истифода мебарад. Бехуда нест, ки дар танафуси яке аз коференцияхои илми дар шахри Москва соли 2010 гуфта буд, ки «Агар кишти кукнор ва тавлиди маводи мухадир дар Афгонистон катъ карда шавад мардуми Точикистон ва Узбекистон аз гуруснаги мемиранд». Хар касс хулосаи худашро метавонад барорад. Як нафар аъзои фаъоли ХНИТ чанде пеш тарки хизб намуда дар баробари хамин кадар норозигихо ба воситаи видеои интернетии фейсбук изхор дошт, ки солхои дароз мо барои ХНИТ дар Россия пул чамъ меовардем ва намедонистем, ки ин микдори калони пул дар кучо ва бо кадом максади истифода мешавад. Боз худаш хулоса мекунад, ки шояд ин пулхо ба манфиати шахсии раис ва рохбарияти хизб истифода шуда бошанд. Аз ин чо маълум мешавад, ки он тарифу тавсифе, ки Кабири дар бораи сафархои худ аз шахрхои Калининград то Владивосток ва кору бораш дар байни мухочирони мехнатии точик дар Россия дар ин сухбат бояк хушнудии хос накл мекунад максади асосиаш аз чи будааст – таблигот барои чамъоварии пул. Бехуда нест, ки баъди чунин таблиготхои тулонии чандинсолаи Кабири чандин мухочирони мехнатии точик ба ИГИЛ пайвастанд. У дар чавоби савол, ки Кабири ба Точикистон чи хизматхо кардааст ба чои он, ки хамчун вакли парламон барои бехтар намудани конунгузории Точикистон чи пешниходхо кардааст мегуяд, ки ман аз он чумла дар нохияи Кумсангир аз пули хизб ва худам як мактаб сохтам. Аз кадом пул? Манбахои дакик ва бовариноке тасдик мекунанд, ки баъди имзои Созишномаи истикрори сулх ва таксими 30 фоизаи вазифахои давлати ба намояндагони Иттиходи мухолифини точик як кисми ин вазифахо аз тарафи рохбарияти ХНИТ бо пул фурухта шуданд ва баъдан кушиши зиёд ба харч доданд, ки «обруи» сиёсии хизбро ба молу пул табдил диханд. Ва маълум мешавад, ки дар ин самт Макомоти хизб ва шахсан Кабири хело хам мувафак шудаанд. Дар чавоби савол, ки чаро Кабири хохиши бо Дододжон Атовуллоев дар сахифаи фейсбук бахси сиёсиро надоранд мегуяд, ки ман кобилияти журналисти надорам ва барои хамин маълум мешавад, ки натичаи ин бах ба фоидаи у тамом намешавад. Гарчанде хар як сиёсатмадор пеш аз хама бояд касабаи рузноманигориро хатман дошта бошад ва баъдан часорату ирода, иктисоддон, дипломат, равоншинос ва гайра . Дасткашии Кабири аз бахси сиёси бо Атовуллоев мавкеъи хеле заъифи платформаи сиёси ва фаъолияти гузаштаи уро нишон медихад Кабири рохи ягонаи муборизаи сиёси ва ба сари кудрат омадани ПМТ-ро ба воситаи инкилоб, яъне дар шароити Точикистон чанг мебинад. Дар рохи ташкили инкилоб аз асархои Владимир Ленин иктибос меорад ва аз тарафи дигар дастовардхои даврони шуравиро нодида гирифта онро хело хам бад нишон медихад ва пешниход мекунад, ки босмачихоро бояд сафед кард. Як дуруги махзи Кабири дар он аст, ки дар Точикистон гуё оилае нест, ки дар гузашта аз тарафи сохти давлати совети нафаре репрессия шуда кушта нашуда бошад. Чунин дуруггхои тафрикаангез аз тарафи Кабири дар ин сухбат хело хам зиёд гуфта шуданд. Аз хулосаи чавобхои Кабири муайян мешавад, ки ХНИТ аз рохи зуровари ба сари хокимият омадан ва сохтани давлати исломи дар Точикистон даст накашидааст. У хукумати феълиро тахдид мекунад, ки мо хам чизхое дорем, ки онхоро то ба имруз нишон надодаем ва ин заъфии моро нишон намедихад. Ин чи маъни дошта бошад? Ман факкат хаминро гуфтаниам, ки холо хам дер нашудааст гуруххои сиёсие, ки ба ХНИТ иттиход баста ПМТ-ро таъсис дода Кабириро раис интихоб кардаанд аз фаъолияти гайриконунии ХНИТ каноригири карда ПТР-ро пароканда кунанд, ки окибатааш бо чунин тахдидхои Кабири хело ва хело хам барои миллати точик фочиаовар тамом мешавад. Ҳоким МУҲАББАТОВ