Мақолаҳо
ҶОМЕАИ ХУДРО АЗ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ЭМИН НИГОҲ МЕДОРЕМ!
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд, дар маркази диққат қарор додаасту барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони мамлакат чораҳои заруриро пайваста амалӣ мегардонад. Зеро ҷавонон нерӯи созанда, иқтидори воқеъии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллату давлат ба ҳисоб мераванд ва саҳми онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар хело назарас аст.
Мутаасифона, имрӯз баъзе ҷавонон ба ҷои сайъу талоши фаъолона кардан дар роҳи илму донишомӯзӣ ва ширкат дар корҳои созандагӣ ба амалҳои номатлубе, ба мисли шомил шудан ба гурӯҳҳои терористиву эктремистӣ даст зада истодаанд, ки ин амали хеле нангину шармовар аст. Гирифтани пеши роҳи ин раванди хатарнок ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани наврасону ҷавонон, дар ин ҳангом, вазифаи ҳам падару модарон ва ҳам омӯзгорон ва ҳам як фарди солимфикри ҷомеа мебошад.
Мубориза бар зидди терроризм яке аз самтҳои ассосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро қотеъона маҳкум карда, аз талошҳои дастачамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зиди ин падидаи марговар пуштибонӣ менамояд.
Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои нек ва оромбахш имрӯз як гурӯҳ ноаҳл ва мардуме, ки дар дил танҳо ҳубби ҷоҳ (ба даст овардани мансаб) мепарваранд, моро ором намегузоранд ва дар кишварҳои бегона худро бо хориву залилӣ андохта, паноҳгоҳ меҷӯянд ва аз тариқи ин кишварҳо ба сӯи Ватани хеш санг меандозанд.Чунин ашхоси пастфитрат як замоне дар байни мардум фитна ангехта, кишвари азизро ба хоку хун кашиданд ва имрӯз бори дигар мехоҳанд вазъи осударо ноором намуда, ба ин васила боз чанд муддате айшу нуш кунанд.
Бояд зикр намуд, ки ин пастфитратони одамсурат ба қавли Саъдии бузургвор:
Не ҳарки чашму гушу даҳон дорад одам аст,
Бас девро, ки сурати фарзанди одам аст.
Имрӯз ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ аз тамоми паҳлуҳо бо тамоми тавон мубориза бурда истодааст то худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад, ки бегуноҳ мебошад. Агар мо ба фаъолити ин ҳизб назар андозем, мебинем, ки намояндагони ин ҳизб танҳо ба хотири ба даст овардани пул ва сарват бо тамоми кишварҳои исломӣ муносибат дошта, худро бо онҳо дӯст нишон медоданд. Намояндагони дар хориҷбудаи ТЭТ ҲНИ бо ақидаҳои барои тоҷикон бегона то ҳанӯз дар атрофи мо чархида истодаанд ва кӯшиш карда истодаанд, ки миёни аҳолӣ дастгире пайдо кунанд. Хушбахтона онҳо дар ин самт муваффақ нашуда истодаанд ва ҳеҷ гоҳ муваффақ намешаванд.
Омӯзиши терроризм ва таассуби мазҳабӣ аҳамияти барҷастаи илмию назариявӣ, маърифатӣ ва махсусан амалӣ дорад. Зеро дар олами муосир қариб кишваре ё минтақаеро дарёфт кардан ғайриимкон аст, ки аз амалҳои террористӣ, таассуби мазҳабӣ ва оқибатҳои ҳузновари он дар канор монда бошад. Солҳои охир, махсусан даҳсолаи охир терроризм чунон шакл гирифтааст, ки дар гӯшаву канорҳои гуногуни олам дар марказҳои бузурги тамаддуни муосир ва ҳатто дар ҳаёти одамони алоҳида изи онро дарёфт намудан кори муқаррарӣ гардидааст. Омилҳо ва заминаҳои рушди терроризм, навъҳо ва хусусиятҳои зуҳурёбии он ҳам сифатан ва ҳам ҳаҷман бузург гаштаанд. Падидаи терроризм дар ҷаҳон дар ҳоли густариш аст. Ин падида хусусан аз оғози чоряки охири асри XX – уми мелодӣ ба шиддат рушд карда истодааст.
Мо-шаҳрвандони ҷумҳурӣ тамоми иқдомҳои давлату ҳукумати Тоҷикистонро дар самти мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм дастгирӣ намуда, тамоми кӯшишу талоши худро ба харҷ медиҳем то ин падида ва паҳнкунандагони он дар ҷомеаи ободу ороми мо реша надавонанд.
Нурализода А.Н. муовини ректори ДДМИТ оид ба таълим