Мақолаҳо
Маърифати ҳуқуқию динӣ-омили пешгирии терроризм
Масъалаи терроризм ва ба ҳаракатҳои ифротӣ рӯ овардани одамон ва махсусан, ҷавонон дар маркази диққати роҳбарияти мамлакат бахусус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат қарор гирифтааст ва дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар шароити ҳозира терроризм ва амалҳои террористӣ ба ҳодиса ва раванди мудҳиштарини ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии гаравидани мардум, махсусан ҷавонон, ба гурӯҳҳои ифротӣ на ҷанбаи моддӣ, балки бештар ҷанбаи маънавӣ дорад. Дар ин доира паст будани маърифати динӣ ҳамчун яке аз сабабҳои асосӣ баромад мекунад. Ҷавононе, ки мубталои андешаҳои радикалӣ гаштаанд асосан ҷаҳонбинии онҳо дар заминаи таасуб шакл гирифтааст. Зеро ягон дине вуҷуд надорад, ки дар он арзишҳои волои инсонӣ – сулҳу оштӣ, амният, адолат, сулҳдӯстӣ, хайрхоҳӣ ва ғ. арзишҳои ахлоқӣ вуҷуд надошта бошад ва ё дар ҷои аввал қарор нагирифта бошад. Ҷаҳони муосир бо як қатор таҳдидҳои наве рӯ ба рӯ шудааст, ки амалан мехоҳанд онро аз рӯи мансубияти мардум ба дину мазҳабҳо ва умумиятҳои миллию этникӣ ҷудо намоянд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дин нерӯи бузурги созанда аст ва таблиғу ташвиқ кардани ақоиди экстремистӣ кадом оқибатҳоро метавонад ба миён оварад. Терроризм ба ягон дин алоқаи бевоситае надошта, душмани тамоми халқу миллатҳо, мазҳабу оинҳо ва душмани тамаддуни инсонӣ мебошад. Ин ҳақиқати мусаллам дар шакли хеле равшану ошкоро дар Қуръони маҷид ва Суннати Пайғамбар (с) матраҳ гардида, ҳар марди мусалмонро водор кардааст, ки ҳама гуна шакли зӯрӣ ва зӯроварӣ нисбати дигар ҳамҷинсони хеш ва кинаву адоват варзиданро қатъиян манъ мекунад. Бояд қайд кард, ки ҳар як амали манфур аз майнаи манфур бармеояд. Терроризм низ маҳсули ҳамин навъи майнаи инсонист. Он як навъ таҳдидест ба инсоният ё ба ақидаи муҳаққиқи рус Болтунов М – терроризм нафратест ва ин нафрати инсон ба инсон ва ба башарият мебошад.
Ҷанбаи дигар паст будани дониши ҳуқуқӣ аст. Аксар вақт ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо шомил шуда, рафтори худро боадолатона мешуморанд ва ҳатто тасаввур карда наметавонанд, ки чунин рафтор онҳоро аз кадом ҳуқуқҳо маҳрум мекунад. Таҳлили ҳуқуқии рафтори онҳо нишон медиҳад, ки ин рафтор на адолатпарварона аст, балки ба маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон равона шудааст. Барои пешгирӣ намудани гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ фаъолиятро дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо ҷоннок намудан лозим аст. Дар ин замина зарӯр аст, ки фаҳмиши моҳияти дин аз таассуб тоза карда шуда, моҳияти адолат ва адолатпарварӣ аз мавқеи қонун ва дар заминаи давлати ҳуқуқбунёд ба ҷавонон фаҳмонида шавад.
Дар назди инсоният дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза бар зидди терроризм - шакли манфуртарини ифротгароӣ ба миён омадааст. Мубориза алайҳи терроризм дар навъҳои гуногун сурат мегирад. Давлатҳои ҷаҳон роҳҳои зиёди мубориза бо онро пеш мегиранд, то ҳарчи зудтар аз ин падидаи манфур наҷот ёбанд. Ҳоло мубориза бар зидди терроризм дар сатҳ ва шаклҳои гуногун ба амал меояд. Яке аз шаклҳои маъмули он амалиёти мусаллаҳона мебошад. Моддаи 51-уми Оинномаи СММ, ки ба кишварҳо ҳуқуқи худмудофиа медиҳад имконияти пиёда сохтани амалиёти мусаллаҳонаро бар зидди терроризм муҳайё менамояд. Давлатҳои муқтадир борҳо аз ин ҳолат истифода намудаанд, вале муроде ҳосил нагаштааст. Бомбаборон намудани Триполӣ, ҷанг бар муқобили Усома бини Лодан ва пайравонаш дар Афғонистон аз он шаҳодат медиҳанд. Мақсад аз истифодаи неруҳои мусаллаҳ нобуд сохтани терроризм аст. Аммо чуноне ки таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, истифодаи зӯрӣ амали самарабахш нест. Вале зӯрӣ аз рӯи зарурат истифода мегардад.
Муборизаи зидди терроризм бояд мушаххасан ва мақсаднок сурат бигирад ва манфиатҳои умумибашарӣ дар мадди аввал гузошта шавад. Ин мубориза фақат бо нобуд сохтани ташкилоти террористие ба охир намерасад. Бояд сабабҳо ва заминаҳои мухталифи ташаккулу инкишофи ин падидаи иртиҷоӣ ҳамаҷониба дарк карда шаванд. Ва роҳу воситаҳои беҳтари мубориза дарёфт гарданд. Ба зӯрӣ тавассути зӯрӣ ҷавоб додан чандон самараи хуб намедиҳад. Сиёсати комиле зарур аст, ки манбаъҳои зӯрӣ, фишороварӣ ва маҷбуркуниро рафъ намояд. Симои ҳақиқии ифротиёнро нишон диҳад ва афкори умумро дар шикасти онҳо истифода барад.
Яке аз роҳҳои босамари пешгирӣ аз терроризм ва амалҳои террористӣ бедор намудани худшиносӣ, баланд бардоштани зиракӣ ва фарҳанги сиёсии аҳли ҷомеа ба шумор меравад. Сатҳи нокифояи худшиносии миллӣ инсонро фирефтаи иҷрои амалҳои ношоиста мегардонад. Гурӯҳҳои гуногун ва давлатҳои алоҳида маҳз ҳамин нуқтаи заъфи инсонҳоро пайдо карда, онҳоро ба доми худ медароранд.
Сафаров Б.Г. Муовини ректор оид ба илми ДДМИТ