Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ДУРУҒИ БЕФУРУҒИ ХОИНОН! (АНДЕШАҲО АТРОФИ МАҒЛУБИЯТИ ШИКАСТИ НАВБАТИИ ДУШМАНОНИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНИИ ТОҶИКИСТОН)

Яке аз хусусиятҳои асосии давлату ҳукумати Тоҷикистон ва махсусан Пешвои муаззами миллат ин инсондӯстӣ ва гузашту бахшишҳо ба шахсони хатокарда ва гуноҳи худро дарккарда мебошад. Дар тӯли солҳои соҳибихтиёрӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат чандин маротиба қонуни авф қабул ва амалӣ карда шуд. На ҳар як ҳукумат дар замони муосир чунин иқдом карда, ҷинояткорони пушаймоншуда ва ҳатто душманони худро авф мекунад. Тавре Пешвои миллат борҳо дар баромадҳои пурмуҳтавои худ қайд кардаанд, аз ҳама кори мушкил ин бахшидани гуноҳи якдигар аст. Лекин Пешвои мо аз рӯзҳои аввали ба саҳнаи сиёсат ворид шудан аз рӯи ҳамин принсип кору фаъолият карда, ҳатто дар душвортарин шароитҳо хоиноне мисли наҳзатиҳоро бахшиданд, то дар мамлакат сулҳу ваҳдат пойбарҷо бошад. Пешвои миллат ин зархаридонро на ин ки бахшиданд, иловатан онҳоро ба ҳайти ҳукумати кишвар шомил карданд, ки ин амал нишони бузургиву меҳрубонӣ ва башардӯстии Пешвои муаззамамон аст. Аммо на ҳар кас ба қадри чунин ғамхориҳову авфҳо мерасад ва тақдири минбаъдаи ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ исботи ин суханҳо мебошад. 
Ҳамагон шоҳидем, ки баъд эълони авф нисбати шахсоне, ки пушаймон шудаанд, садҳо нафар собиқ аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ аз хориҷи кишвар ба Ватан баргашта, ба гуноҳҳои худ иқрор шуданд ва ба ҳаёти осоишта гузаштанд. Имрӯз ин гуна ашхоси авфшуда озодона дар баробари дигар шаҳрвандон дар корҳои ободониву пешравиҳои Ватани маҳбубамон саҳм гузошта истодаанд. 
Чанде пеш яке аз чунин ашхос бо номи Шарофиддин Гадоев, ки солҳои тӯлонӣ дар Аврупо кору фаъолият карда, тамоми фаъолияти давлату ҳукумати Тоҷикистонро зери танқид гирифта, бар зидди асосҳои сохтори конститутсионии ҷумҳурӣ баромад мекард, ба Тоҷикистон баргашт. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна наворҳои иғвоангез паҳн карда, мехост вазъи ором ва ваҳдати миллии халқҳои Тоҷикистонро халалдор кунад. Аммо аз сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои нопоки хоҷагонаш огоҳ шуда, аз ин роҳ баргашт ва ба ҷумҳурӣ омада, аз кирдорҳои кардаи худ пушаймон шуд. Тавре худи ӯ мегуяд, ҳадаф аз баргаштан ба Тоҷикистон ин аз наздик ошно шудан бо пешравиҳои кишвар буд. Ин пешравиҳо ва ободкориҳоро ӯ дар наворҳои минбаъдаи худ бисёр васф карда, иқрор шуд, ки роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ӯ ва дигаронро фиреб карда, воқеиятро ба таври дигар ба онҳо нишон додааст. 
Лекин хоинон аз ин мағлубияти хуб ба ғазаб омада, афсонаҳое бофтанд, ки гӯё мақомотҳои махсуси Тоҷикистон Шарофиддин Гадоевро аз Аврупо рабуда, ба Тоҷикистон оварданд ва атрофи ин ҳодиса ҳангомаҳо ва овозаҳои зиёде сохтанд. Ҳатто маълумотҳои хандаоваре пайдо шуданд, ки гӯё ин шахсро маҳбас ҳам кардаанд. Аммо санаи дуюми марти соли равон ин шахс озодона тариқи ҳавопаймо бо мусофирони дигар ба Аврупо (аниқтараш Олмон) баргашт. Ин кор, яъне озодона омадани мухолифон ва аз наздик дидани воқеияти Тоҷикистон нишони давлати демократию ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон аст. Бори дигар ҳукумати Тоҷикистон исбот кард, ки меъёрҳои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳуриамон мустаҳкаманд ва ниҳодҳои ҷомеаи демократӣ рушд карда истодаанд. Мо интизорем, ки ба ин кор, яъне рафтуомади озоди мухолифин хоинон чӣ мегуфта бошанд? Ин ҳодиса бори дигар дуруғгӯиву сафсатахонии нерӯҳои мухолифро нишон дод. Мо медонистем, ки онҳо ашхоси пастфитратанд, аммо баъди ин ҳодиса обрӯи бе ин ҳам пасти худро боз ҳам пасттар карданд. 
Мо мардуми кишвар, ки дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебарем, зидди ҳар гуна иғвоангезӣ ва дахолати нерӯҳои хориҷӣ ба ҳаёти худ ҳастем ва ҳеҷ гоҳ ба ягон нерӯи дохиливу хориҷӣ иҷозат намедиҳем, ки ба сохтори конститутсионии ҷумҳурии мо ва асосҳои демокративу дунявии он халал ворид кунанд!