Мақолаҳо
Рӯзи модарон – ҷашни ниёгон
Ҷашнгирии ба истилоҳ «Иди байналмилалии занон» ё «Иди озодии занон» барои ҷомеаи Тоҷикистон иртиботи маънавии миллӣ ва ё динӣ надорад, гузашта аз ин, он воқеан ҳам иди байналмилалӣ нест. Таърихи он чунин аст, ки дар баҳори соли 1857 бофандазанони Ню-Йорк бо тазоҳурот алайҳи ноадолатиҳои давлати худ бархостанд ва рӯзи 8 март гирдиҳамоии азим бо ширкати якҷояи коргарзанони фабрикаҳои бофандагию пойафзолдӯзӣ сурат гирифт. Пас аз он, ки ҳукуматдорон онҳоро пароканда сохтанд, он рӯз барои занони Ню-Йорк азиз гашт ва онро "Рӯзи занон" (албатта, барои занони Ню-Йорк) ном ниҳоданд. Ва баъд аз 50 сол (1908) занони Ню-Йорк бори дигар ба хотири ин "Рӯзи занон" тазоҳурот карданд ва барои худ имтиёзоту баробарӣ хостанд. Ва пароканда карда шуданд. Пас аз ин ҳар сол ин рӯз тазоҳуроти занони сотсиалист мешуд, то дар соли 1910 онро барои тамоми занони Амрико (ИМА) «Рӯзи занон» эълом доштанд. Ба ҳангоме ки Дувумин Конфронси байналмилалии занони сотсиалист (1911) дар Копенгаген мегузашт, намояндагони занони амрикоӣ, ки ширкат доштанд, аз пешвои ин конфронс Клара Сеткина хоҳиш карданд, ки ин «Рӯзи занон»-и онҳоро барои тамоми сотсиалистзанҳо ҳамчун Иди байналмилалии коргарзанони сотсиалист эълом дорад ва ӯ эълом дошт. Аммо рӯзи дақиқи он ҷашнро таъйин накарданд. Ҳамин тавр, аввалин маротиба 19 марти соли 1911 дар миёни сотсиалистҳои Олмон, Австрия, Дания ва баъзе аз дигар давлатҳои аврупоӣ Рӯзи байналмилалии занон ҷашн гирифта шуд.
Дар соли 1912 иди мазкурро рӯзи 12 май, соли 1913 бошад, 2 март ва соли 1914 дар санаи 8 март ҷашн гирифтанд ва минбаъд 8 март санаи доимии қайдгирии ин ҷашн шуд.
Давлати Шӯравӣ аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтанаш ин ҷашни занонро иди давлатӣ эълом дошт. Аз соли 1965 сар карда, он рӯзро дар Шӯравӣ рӯзи истироҳат қарор доданд. Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ин иди давлатӣ низ ба қисматҳои мухталиф пора шуд: дар ҷумҳуриҳои назди Балтика барҳам дода шуд; дар Ӯзбекистон номи «Рӯзи модар» ва дар Арманистон «Рӯзи модар ва зебоӣ»-ро гирифт, ки дар Арманистон онро рӯзи 7 апрел ҷашн мегиранд. Умуман, бештаре аз аҳли олам ба ин натиҷа расидаанд, ки ин ҷашнро наметавон байналмилалӣ номид, зеро он ба таври маснӯӣ аслан иди мамлакатҳои собиқ сотсиалистӣ буд.
Аммо ин шикаста шудан ва беэътибор гаштани ҷашни мазбур дар арсаи байналмилалӣ набояд боиси ранҷидагии хотири занони тоҷик гардад, зеро эшонро назди падарону фарзандони миллати худ арзиши дигарест, ки мутаассифона, чун дигар арзишҳои фарҳангии миллӣ ба иллати ноогоҳии таърихӣ мавҷудияти онро дар гӯшаи фаромӯшию гумномӣ ниҳода будем. Акнун бояд донист, ки аҷдоди пуршарафи миллати тоҷик на ҳамчун занони амрикоӣ 150 сол пеш аз ин бо муборизаҳои пай дар пай баҳри истиқлоли худ чунин ҷашнеро падид овардаанд, балки мардони ориёӣ бо ихтиёри худ ҳадди ақал 3000 сол қабл аз ин чунин ҷашнеро барои занони покдомани худ таъсис дода будаанд. Ин чӣ ифтихори азимест, ки наҷибзодагони ориёӣ барои занони покдомани худ чунин тақдими олитарини инсониро арзонӣ доштанд, яъне мардони мо худ ин неъматро ба занон ҳамчун нишони эҳтироми азим ба зан, ба модар тақдим доштаанд, на мисли амрикоиҳо, ки занони бечора худ аз онон эҳтиром карданашро ба воситаи муборизаҳои пай дар пай талаб кардаанд.
Яке аз бузургтарин муаррихони тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ аз рӯйи таҳқиқоте, ки дар таърихи урфу одоти боқимондаи аҷдодӣ карда буд, бад-ин натиҷа расида буд, ки "дар қадимуззамон эрониҳо (аҷдоди тоҷикон)-ро расми ҷашнгирии занонашон будааст". Аз гуфтаҳои ӯ бармеояд, ки Иди занон дар сарзамини мо маҳз дар моҳи сеюми зимистон, ки моҳи исфандормаз ном дошт (яъне мутобиқ ба моҳҳои феврал-март), ҷашн гирифта мешуд. Яъне, тақрибан мутобиқ ба ҳамин рӯзҳое будааст, ки алҳол мо ҷашн мегирем. Ӯ менависад: "Исфандормаз фариштаи ваколатдор бар Замин аст ва низ ба занҳои дурусткору пок ва шавҳардӯсту хайрхоҳ ваколатдор аст ва ҳанӯз ин расм дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла (яъне сарзамини паҳновари тоҷикону форсизабонон дар замони Берунӣ) боқӣ мондааст ва ба форсӣ "Муждагирон" мегӯянд". Аз қадим, яъне тақрибан 2500–3000 сол пеш аз ин, то асри XӀӀ ин ҷашн боқӣ будааст. Ҳатто дар Рими Қадим, ки ҷашни занон вуҷуд доштааст, баъзе аз олимон тахмин кардаанд, ки он расм ба он кишвар аз Эрони бостон рафтааст, яъне аз обову аҷдоди мо...
Пас моро лозим аст, ки ҷашни миллии аз хотираҳо рафтаи худ – Иди занон (Муждагирон)-ро эҳё кунем ва арвоҳи аҷдоди пуршарафи худро бори дигар шод гардонем ва ҳам тоҷи аввалин будани ин ифтихорро нисбат ба эҳтироми Зан-Модар дар ҷаҳон бори дигар ба сар ниҳем. Гумон меравад, ки дар таърих дигар мардуме вуҷуд надорад, ки ба ин қадимият аз ҷашнгирии занонашон маълумоте буда бошад. Бидуни шак, чунин ҷашн хеле бузургу баарзиш аст, зеро пояи асосии пойдорӣ ва оромии ҷамъият баста ба зан аст, аз ин рӯ, болида гардонидани рӯҳияи онҳо ба воситаи эҳё кардани ин ҷашн бар манфиати маънавии кулли миллати тоҷик хоҳад буд.
Ва дигар ин, ки мардуми олам бояд бидонад, ки аввалин муассисони чунин ҷашни зебо дар ҷаҳон киҳо будаанд, яъне падарони арҷманди мо ва пошдиҳандаи он дар миёни бештаре аз мардумони олам – давлати муққтадири ориёиҳо Ҳахоманишиён, ки қариб нисфи ҷаҳонро дар имтидоди бештар аз 200 сол дар ихтиёр дошт ва бад-ин восита он ҷашнро барои тамоми мамолики тобеи худ ба мисли ҷашни Наврӯз умумӣ гардонида буданд.
Вобаста ба ин мавзӯъ шояд ашхосе падид оянд, ки нигоҳашон ба ҳар гуна ифроту тафрит кашад ва якчанд масъалаи маснӯиро садди ин роҳ созанд. Гап сари он аст, ки иддае аз мардум ба хотири эҳтироми сохти сотсиалистии собиқ ва гурӯҳе ҳам ба хотири ин ки ислом ба занон кайҳо озодиро додааст ва ҳоҷат ба он нест ва тоифае ба иллати ғарбзадагии кӯр-кӯрона ва ҷамоате дигар ба ин баҳона, ки ҷашни кофирони маҷусист ва дар ниҳояти ҳол табақае ба иллати надоштани ифтихору эҳтиром ба арзишҳои маънавии миллии худ ва ё ҳатто беэҳтиромӣ нисбат ба зан ва ғайраву ҳоказо монеи эҳё кардани ин ҷашни пурифтихори миллии худ гарданд.
Аз ин рӯ, хуб шуд, ки "Иди занон" ба ҷашни Рӯзи модарон табдил дода шуд, ки қобили қайд аст. Рӯзи модарони мо на ба мазмуни озодии занон, ки ҳеҷ гоҳ занони мо каниз ё беҳуқуқ набудаанд, то ҷое, ки ислом биҳиштро зери қудуми модарон қарор додааст ё табақаи махсуси занони сотсиалист ва ё амсоли ин, балки танҳо ба хотири арҷмандӣ ва эҳтироми самимӣ нисбат ба занони покдомани миллат, зояндагон ва тарбиядиҳандагони фарзандони солими Ватан, пайвастан ба ифтихору номуси миллӣ, эҳтиром гузоридан ба ин ҷашни зебои тақдимдоштаи аҷдоди пуршарафи худ ба модарон ва бад-ин восита шод гардонидани арвоҳи онҳо ва дар ниҳоят, ба хотири худшиносӣ ва бедории миллӣ таҷлил карда мешавад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки мақому манзалати занону модарон дар кишвари мо дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон беш аз пеш баланд гардида истодааст. Аз ҳамин ҷост, ки занону духтарони мо дар ҳама соҳаҳои ҳоҷагии халқи мамлакатамон дар паҳлуи мардон истода, дар пешрафт ва шукуфоии диёрамон саҳми арзанда мегузоранд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр намуданд, ки минбаъд низ мақоми занон дар ҷомеаи кишварамонро баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Ӯ аз ҷумла қайд карданд:
- Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Барои мисол метавон аз ду соҳаи иҷтимоӣ: маориф ва тандурустӣ ёдовар шуд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон ба маротиб афзоиш ёфтааст.
- Тибқи маълумоти оморӣ соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар кормандон ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расидааст.
- Дар соҳаи тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор нафар кормандон 25 ҳазор нафари онҳо занону духтарон буданд. Ин нишондиҳанда соли 2018 аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, ба 51 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд мебошад.
- Имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.
- Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Дар баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем.
Ҳамзамон бо ин, аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар риояи қонунҳои миллиамон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ" ва "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд.
Бонувону модарони мо бояд, пеш аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро бо ифтихор "забони модарӣ" меномем, кӯшиш намуда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд. Зан–Модар посдори забони миллӣ аст. Ин ҳақиқатест, ки кӯдакон онро аз синни хурдӣ шунида, бо ҳамин забон фозилу донишманд ва сухангӯву машҳур мегарданд. Аз ин рӯ, таъкид менамоям, ки шумо, модарон ва бонувони гиромӣ, бояд ба фасоҳату балоғати забони модарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоед, ба фарзандон дар баробари одоб ёд додан тарзи сухан гуфтан, тарзи муомила намуданро омӯзонед ва дар қалби онҳо меҳру муҳаббатро ба забони модарӣ афзун намуда, забонро поку беолоиш ва софу бегазанд нигоҳдорӣ кунед, зеро беҳуда нагуфтаанд:
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Дар баробари ин, завқи фарзандонро ба азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ бедор карда, барои онҳо шароит муҳайё созед, то фарзандони шумо забондону соҳибихтисос ва шоистаи давру замон гарданд.
Мо бо занону модарони худ ҳамеша ифтихор мекунем, зеро модари тоҷик дар тӯли садсолаҳои зиёд фарзандони фарзонаеро ба дунё овардаву ба камол расонидааст, ки онҳо бо ақлу заковат ва нури хиради хеш роҳи зиндагии аҳли башарро мунаввар ва равшан намудаанд.
Мехоҳам ёдовар шавам, ки иди Рӯзи модарон дар рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад. Тавре ки медонед, мардуми мо аз қадим чун миллати ободгару покизарӯзгор дар остонаи ин ҷашни бузург хонаву кошона, сару либос, ашёи рӯзгор, кӯчаву хиёбон ва маҳаллу гузари худро тозаву озода мекард, боғу гулгаштҳоро ба тартиб меовард, гулу ниҳол мешинонд ва Наврӯзи оламафрӯзро бо дили саршор аз меҳру муҳаббат ва хонаву дари покиза пешвоз мегирифт. Боварии комил дорам, ки бонувони арҷманди мо чунин анъанаҳои неку бостонии халқамонро минбаъд низ идома дода, дар ободии Ватани азизамон, оромии ҷомеаи кишварамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши муносиб мегузоранд.
Бо умеду орзуҳои неку хуҷаста, шумо, модарону бонувони азизро бори дигар ба муносибати ҷашни фархундаи Рӯзи модарон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки шумо тани сиҳат, хотири ҷамъ, сарсабзиву комёбӣ, дар хонадонатон осоишу оромӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда таманно дорам.
Ҷашни фархунда муборак бошад!
Фирӯза Абдулвоҳидова, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ