Мақолаҳо
Чеҳраи хоинонро бояд шинохт!
Дар Тоҷикистони азизамон бо шарофати сулҳу ваҳдат ҳар рӯз як навигарии нек ба вуҷуд омада, ин Ватанро дар назари мо боз ҳам ширину гуворо менамояд. Ҳар шом ва субҳ мо наворҳои телевизиониро дида меболем, ки мо низ метавонем дар Ватани орому осуда зиндагии сазовору шоистаро паси сар намоем. Самараи истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ барои миллати мо тамоми фарҳанги гузаштаамонро аз нав эҳё намуда, дар ин давра мо тавонистем дар байни давлатҳои дунё тоҷик ва Тоҷикистонро чи гунае ки дар гузашта номдор буд, муаррифӣ намоем. Дар ҷаҳони муосир, ки пур аз ихтилоф ва моҷаро аст, нигоҳ доштани вазъи ором ва амнияти комил барои давлатҳои алоҳида хеле мушкил аст. Новобаста ба мушкилиҳои зиёди пасисаркарда миллати тоҷик тавонист, ки фарҳанги ваҳдатофаринии худро ба ҷаҳониён нишон дода, ҳатто сулҳи тоҷикон барои минтақаҳои ҷангзадаи олам намунаи ибрат гардидааст.
Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои нек ва оромбахш имрӯз як гурӯҳ ноаҳл ва мардуме, ки дар дил танҳо ҳубби ҷоҳ (ба даст овардани мансаб) мепарваранд моро ором намегузоранд ва дар кишварҳои бегона худро бо хориву залилӣ андохта, паногоҳ меҷӯянд ва аз тариқи ин кишварҳо ба сӯи Ватани хеш санг меандозанд. Чунин ашхоси пастфитрат як замоне дар байни мардум фитна ангехта, кишвари азизро ба хоку хун кашиданд ва имрӯз бори дигар мехоҳанд мардуми осударо ноором намуда, ба ин васила боз чанд рузаке айшу нуш кунанд.
Бояд зикр намуд, ки ин пастфитратони одамсурат ба қавли Саъдии бузургвор:
На ҳарки чашму гушу даҳон дорад одам аст,
Бас девро ки сурати фарзанди одам аст.
Имрӯз Паймони миллии Тоҷикистон аз хориҷ дар тамоми паҳлуҳо бо тамоми тавон мубориза бурда истодааст, то худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад, ки гӯё бегуноҳ мебошад. Агар мо ба фаъолияти онҳо назар андозем, мебинем, ки намояндагони он танҳо ба хотири ба даст овардани пул ва сарват бо баъзе кишварҳо муносибат дошта, худро бо онҳо дӯст нишон медиҳанд. Намояндагони дар хориҷбудаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, махсусан ташкилоти экстремистию террористии наҳзати исломӣ бо ақидаҳои барои мардуми Тоҷикистон бегона то ҳанӯз дар атрофи онҳо чархида гаштаанд, ки пуштибоне дошта бошанд.
Такмили сиёсати давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар соҳаи дин яке аз самтхои афзалиятноки сиёсати дохилии кишвар буда, ҳалли масъалаҳои марбут ба танзими робитаи дину давлат ва муносибатҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисахои динӣ на танҳо масъалаи сирф динию фарҳангӣ, балки як мавзӯи муҳимми илмию пажӯҳиши ва сиёсиву чамъиятӣ мебошанд.
Дар Моддаи 4 Конститусия банди 1 дар мавриди озодии виҷдон ва Иттиҳодияҳои динӣ омадааст: “Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё бо ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб, паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад”.
Равандҳои сиёсии солҳо охир дар дохили кишвар ва хориҷ аз он ба равшан нишон доданд, ки имрӯз масъалаҳои марбут ба дин ба таври бевосита ба масъалахои суботу амнияти ҷомеа ва манфиатхои милливу давлатии ҳар кишвар иртиботи мустақим пайдо намудаанд.
Экстремизм тавре маълум аст дар шакли том ҳамчун пайрвӣ намудан ба ақидаҳо ва ҳаракатҳои канорагирӣ хислат дода мешавад, ки қатъиян қонун ва қоидаҳои дар ҷомеа бударо инкор менамояд. Экстремизме, ки дар фазои сиёсии ҷомеа амал мекунад, экстремизми сиёсӣ ном дорад ва экстремизме, ки дар фазои динӣ амал мекунад, экстремизми дини ном гирифтааст. Дар тамоми динҳо на фақат дар ислом иқтидоран зуҳуроти экстремизм вуҷуд дорад.
Омӯзиши терроризм ва таассуби мазҳабӣ оқибатҳои он аҳамияти барҷастаи илмию назариявӣ, маърифатӣ ва махсусан амалӣ дорад. Зеро дар олами муосир қариб кишваре ё минтақаеро дарёфт кардан ғайриимкон аст, ки аз амалҳои террористӣ, таассуби мазҳабӣ ва оқибатҳои ҳузновари он дар канор монда бошад. Солҳои охир, махсусан даҳсолаи охир терроризм чунон шакл гирифтааст, ки дар гӯшаву канорҳои гуногуни олам дар марказҳои бузурги тамаддуни муосир ва ҳатто дар ҳаёти одамони алоҳида изи онро дарёфт намудан кори муқаррарӣ гардидааст. Омилҳо ва заминаҳои рушди терроризм, навъҳо ва хусусиятҳои зуҳурёбии он ҳам сифатан ва ҳам ҳаҷман бузург гаштаанд. Падидаи терроризм дар ҷаҳон дар ҳоли густариш аст. Ин падида хусусан аз оғози чоряки охири асри XX – уми мелодӣ ба шиддат дар ҳоли фарогиршавӣ аст.
Хулоса, ҷиҳати аз байн бурдани терроризм бояд тамоми роҳу равиши дар пешгирифтаи ҷараёнҳои ифротӣ омӯхта шуда, барномаҳои онҳо муайян карда шавад, то он ки мубориза дуруст роҳандозӣ гардад.
Бойназаров Ҳасан ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ