Мақолаҳо
Олимони ӯзбек аз ДДМИТ бардошти маънавӣ гирифтанд
Рӯзҳои 11-12 марти соли равон чанд нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Термизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф оварданд. Инҳо Гадошоев Маҳмуд Абдураҳмонович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети иқтисод ва туризм, Авазов Эргаш Хидирбердиевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва Атомуродов Шавкат Нусратуллоевич, доктор PhD, муаллими калони кафедраи иқтисодиёт мебошанд. Меҳмонон рӯзи 12 март бо донишҷӯён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар ДДМИТ таҳсили илм доранд ва 65 нафарро (180 нафар дар шакли таҳсили фосилавӣ мехонанд) ташкил медиҳанд, вохӯрӣ анҷом доданд.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ бо Гадошоев Маҳмуд Абдураҳмонович суҳбате доштем доир ба бардошти сафари эшон ба Тоҷикистон.
Тавре меҳмони олиқадр иброз дошт, мавсуф худ хатмкардаи Донишгоҳи аграрии ба номи Ш.Шоҳтемури Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, онро соли 1995 хатм намудааст. Аз омӯзгорону ҳамсабақон ва даврони донишҷӯияш ёдовар шуда, онро давраҳои тиллоии умраш номид, зеро ҳамин илмомӯзию ҷидду ҷаҳди беандозааш буд, ки ба ин мақоми баланд расидааст. Мояи ифтихори мо ҳам ҳаст, ки маҳз хатмкардаи муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари ҳамсоя фаъолияти пурсамар дошта, ба муваффақиятҳои назарраси илмию педагогӣ расидааст.
Мақсади ташрифи намояндагони Донишгоҳи давлатии Термизро ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар тақвият ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва ба роҳ мондани барномаи мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон маънидод карда, афзуд:
- Аз омаданамон ба ин кишвари дӯсту ҳамсоя хеле шодем, зеро моро бо самимияти хосса пешвоз гирифтанд. Ҳамаи ин ҳамкориҳо ба шарофати сиёсати пешгирифтаи президентҳои ҳар ду кишвар рӯи кор омадааст, ки аз он мардум хеле шоданд. Эҳёи муносибатҳои ҳасана барои густариши тамоми соҳаҳо ва аз он ҷумла иқтисодиёти ҳар ду ҷониб созгор аст. Таҳсили ҷавонони мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон низ як падидаи нек буда, моро боз ҳам қарин менамояд. Ман дар 14 давлати дунё сафари корӣ доштам ва бо макотиби олӣ ва низоми маорифи онҳо ошно гаштам ва имрӯз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо онҳо муқоиса карда, ба хулоса омадам, ки ин боргоҳи илму ҳунар аз онҳо ягон мондание надорад. Саҳми роҳбарияти донишгоҳ ва алалхусус ректори он олими ҷавон муҳтарам Хайрзода Ш. Қ. дар пешравиҳои ин таълимгоҳ ва густариши равобити байналмилалии он хеле назаррас аст, ки инро бо чашм метавон мушоҳида кард. Аз суҳбат бо донишҷӯёни ӯзбекистонӣ хеле масрур гаштем, онҳо ҳама аз интихоби худ ва сифати таълиму тарбия ва шароити зисташон қаноатманданд, ки ин моро дилпур мекунад.
Аз сафарамон ба Тоҷикистон бо як ҷаҳон бардошти маънавӣ ба Ватан бармегардем. Мо умед дорем, ки муносибатҳои ин ду донишгоҳ, ки аз ҷиҳати масофа хеле ба ҳам қаринанд, вусъат меёбад ва ҳамкориҳову дӯстӣ низ қарин мегардад ва таҷассумгари дӯстии пояндаи халқҳои тоҷику ӯзбек мешавад.
Дар охир, олимони ӯзбекистонӣ аз раёсати донишгоҳ ва кулли омӯзгорон барои пазироии хуш ва фароҳам овардани имконияти фарох дар хондани лексияҳо ба донишҷӯён изҳори сипос намуданд ва ташкили конфронсҳои муштарак ва пиёда сохтани лоиҳаҳои навро дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос дар ояндаи наздик ба нақша гирифтанд.
Мусоҳиб Машҳура Абдуллоева