Мақолаҳо
Наврӯз - густурдатарин ҷашн
Фасли Наврӯз омаду олам ҳама гулзор шуд,
Арсаи офоқро гулҳо ба ҷойи хор шуд.
Кӯҳу саҳро гашт рангин, тозарӯ шуд навбаҳор,
Булбули шӯридаро вақти фиғони зор шуд.
Бо шарофати истиқлолият миллати фарҳангдӯсту фарҳангпарвари тоҷик беҳтарин арзишҳои тамаддуни башарии гузаштагонро мавриди истифода қарор дода, дар баробари он таърих, фарҳанг, забон ва маънавиёти бисёрҳазорсолаи худро ҳимоя намуд. Имрӯз ба он рушди бештар бахшида, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои тамаддуни хешро пойдору муқаддас нигоҳ медорад ва онро бо тобишҳои нав ба оламиён муаррифӣ менамояд.
Ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ва густурдатарин ҷашнҳои гузаштагони мо буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Ситорашиносони давр муайян намудаанд, ки Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқа соли нав фаро мерасад.
Дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қарорномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Дар қарорнома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад.
Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси cap карда, то ба имрӯз омада расидааст. Дар тӯли садсолаҳо Наврӯз ва ойину маросимҳои марбути он вобаста ба идеологияи давлатҳои ҳукмрон борҳо ба тағйиру дигаргуниҳо мувоҷеҳ шудааст ва мардуми тоҷику халқҳои дигари эронитабор дар ҳама давру замонҳои душвору пур аз ҷангу офатҳо аз таҷлили ин ҷашни зебои ниёгони худ даст накашидаанд.
Таърихи таҷлили ин ҷашн низ аз ривояту устураҳои гуногун иборат мебошад. Аз рӯи сарчашмаҳо Наврӯз асосан ба асотири космогонӣ оид ба зиндашавии табиату олам вобастагӣ дорад. Дар аҳди Ҳахоманишҳо, дар натиҷаи пешрафти тараққиёти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми ориёӣ, ки истифодабарии мероси гузаштагон такомул ёфта буд, Наврӯз ба ҳукми анъана даромада, чун иди расмӣ қабул гардид. Дар ин хусус шарқшиноси асри Х1Х Нёлдеке гуфтааст: «Наврӯз бо таърихи хеле қадим, ҳамчун иди бостонии форсҳои қадим пеш аз аҳди Сосониён вуҷуд доштааст. Шоҳони Сосонӣ бошанд, ҳамчун ворисони форсҳои қадим, Наврӯзро дар замони худашон бо обуранги нав, мувофиқи тараққиёти кишварашон, дар айёми баробаршавии шабу рӯз, баъди анҷом дода шудани корҳои деҳқонӣ ҷашн мегирифтаанд». Аз ин нуктаи назар олим ба яке аз хусусиятҳои иди халқӣ будани ҷашни Наврӯз ишорат намудааст.
Страбон мегӯяд: «Форсҳои қадим мекӯшиданд, ки тӯйи ақди никоҳ ва дигар маросимҳояшонро дар Наврӯз, ки айёми дарозӣ ва кӯтоҳии шабу рӯзҳо баробар мешавад, гузаронанд».
Дар бораи пайдоиши иди Наврӯз, тарзи ҷашнгирии он фикру ақидаҳои гуногун мавҷуд аст, ки ҷавҳари ҳақиқат доранд. Олими шинохтаи тамаддуни башарӣ Умари Хайём дар асари таърихӣ-бадеии худ «Наврӯзнома» Наврӯзро ҳамчун падидаи неку муқаддас шуморида, дар хусуси кашфи ҳақиқати асрори Наврӯз, хусусиятҳои он, сабаби ном ниҳодани Наврӯз, ному маънии рӯзу моҳҳои эронӣ, тақвими солшумории эрониёни қадим, дар бораи чӣ тавр ҷашн гирифтани расму ойини пешини ҳукуматдорону шоҳони Эрони бостонӣ Каюмарс, Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед маъмулоти муфассал додаст.
Муаллифи китоби «Анҷуманоро» Алиакбари Деҳхудо дар бораи оғозшавии ҷашни Наврӯз чунин мегӯяд: «25 рӯз пеш аз омадани Наврӯз дар саҳни қасри Ҷамшед 12 сутунро аз хишти хом месохтанд. Дар яке дони ҷав, дар дигаре дони гандум, дар сутунҳои дигар шолӣ, боқула, арзан, ҷуворӣ, лӯбиё, нахӯд, кунҷид, мошу наск мекориданд. Баъд аз шаш рӯз мечинданду то рӯзи 13-и рӯзи меҳри моҳи Фарвардин сабза мехобонданд».
Чӣ тавре ки муаррихон қайд кардаанд, подшоҳони қадими аҷамӣ аз аввали баҳори ҳар сол, аз оғози бурҷи Ҳамал, 6 рӯз - аз рӯзи Наврӯзи омма то Наврӯзи хосса Наврӯзро ҷашн гирифта, корҳои хубу бошарафро ба анҷом мерасониданд. Дар рӯзи аввал шоҳ бо омма суҳбат ороста, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон мешуданд, баъзе гузашту инъомҳо мекарданд. Дар рӯзи дуюм шоҳ бо касони аз омма баландтар, аҳли оташкада, заминдорони калон, маҷлис меорост. Рӯзи сеюм шоҳ бо мубадони бузург маҷлис ороста, суҳбат мегузаронид. Рӯзи чорум шоҳ барои наздикону шахсони хоссаи худ, рӯзи панҷум шоҳ бо аҳли оила, фарзандон маҷлис ороста, ба ҳар яке мақому инъом медод. Аз байни рӯзҳо рӯзи шашуми моҳи Фарвардин, ки Хурдодрӯз ном дошт, минбаъд номи Наврӯзи Бузургро гирифт, аҳамияти хеле калон дошт, зеро ки ин рӯз ба иди шоҳ бахшида шуда буд.
Сараввал, мубади мубадон иди Наврӯзро оғоз карда, ба назди шоҳ дар як табақи заррин, шакар, шаробу шир, ангуштарин, тиру камон, қаламу дафтар, як даста сабзаи навраста оварда монда, хусусияту номи ҳар кадоми ин чизҳоро номбар мекард. Вай дар ин рӯз, дар рӯзи зиндашавии табиат, аз рӯҳи фариштаҳои муқаддас Хаурватат - Хурдод, фариштаи набототу дарахтон ва Амератат – Амурдод - фариштаи обу растанӣ, барои соли оянда дуои нек мегирифт. Баъди қабули шоҳ, табриккунанда дар назди шоҳ мизи хӯрокаи наврӯзӣ доштаро мегузошт, аз ҳамин рӯз идкунии Наврӯз сар мешуд. Дар ин рӯз туҳфаи аз ҳама хуб шакар буд. Дар ин бора алломаҳо Хайём, Кисравӣ, Берунӣ бо сидқ сухан рондаанд.
Қисме аз муҳаққиқон Наврӯзро оғози барқароршавии ҳокимияту давлат медонанд, ки дертар ба расму ойин табдил ёфтааст. Кисравӣ, Фирдавсӣ чунин ақидаро пешкаш кардаанд: «Аввалин касе, ки подшоҳиро бунёд ва рамзи давлатиро барқарор намуда, Наврӯзро ойин гузошт, Ҷамшеди каёнӣ буд. Ӯ дар ин рӯз оламро ба даст дароварда, кишвари бузурги Эронро, замини муқаддаси Бобулро барқарор кард ва тоҷи шоҳӣ ба сар ниҳода, ҳаёти навинро барои одамон асос гузошт». Қисме аз ривоятҳое низ мавҷуданд, ки асосгузори Наврӯзро ба Каюмарс - аввалин одами рӯи замин, ки таърихи оламро асос гузошта, рӯзу моҳҳоро номгузорӣ кардааст, мансуб донистаанд.
Дастурхони наврӯзӣ асосан бо «Ҳафт шин» ва «Ҳафт син» оро дода мешавад. Дар дини зардуштӣ рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ҳисоб мешавад. Ҳафт синро арабҳо дохил карданд, аз сабабе ки дар ислом нӯшидани шароб манъ аст, лекин ҳафт шинро аз байн бурда натавонистанд.
Хулоса, Наврӯз яке аз маъруфтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ва дигар халқҳои эронитабор ба шумор меравад. Наврӯз ҷашни вохӯрӣ ва муносибати мардум, ҷашне, ки ҳам зану мард ва ҳам пиру ҷавон дар он рӯз гирд меоянд, шодию хурсандӣ мекунанд, ёдоварӣ аз гузаштагон менамоянд, ба зиёрати мазорҳои бузургворон рафта, оёту фотиҳа мехонданд, аз пирони ботадбир дуо мегиранд ва пайвандии худро бо табиат баён менамоянд, маҳсуб меёбад.
Дуруду сано бод ба Наврӯз, ки миллату таърих, фарҳангу тамаддуни моро поянда нигоҳ дошта, бо ҳама арзишҳояш бегазанд ба мо оварда расонид!
Муборак Мирзоалиева, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ