Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Мо зидди таасуб ва ифротгароӣ!

Имрӯз инсоният дар рӯ ба рӯи як қатор муаммоҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон мебошад. Ин муаммоҳои амнияти аҳолии кураи Замин, болоравии экстремизм ва терроризм, ҷинояткориҳои трансмиллӣ, афзудани таъсири давлатҳои абарқудрат ба мамлакатҳои хурду вобаста, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ ва ғизо, ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда, танзими проблемаҳои демографии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва ғайра мебошанд. 
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад». 
Дар замони мо шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. 
Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст: 
Аввал, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад. 
Дуюм омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст - ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст. Аксари мусулмонони олам чунини мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати дурӯя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ. 
Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст. 
Донишманди маъруф Герберт Спенсер дар рисолаи хеш, ки ба мавзӯи тарбия бахшидааст, чунин мегӯяд: «Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад». 
Дар шакли умумӣ ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳои чапгарое мебошад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷудбударо ба қатъиян рад мекунад. Ифротгароие, ки дар соҳаи сиёсии ҳаёти давлат ва ҷомеа ба миён меояд, ифротгароии сиёсӣ ва ифротгароие, ки дар соҳаи дин ба миён меояд, ифротгароии динӣ ном дорад. 
Дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” мафҳуми ифротгароӣ чунин шарҳ дода шудааст: Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад. Аз ҳамин сабаб ифротгароӣ бо дар назардошти таҳаввулоти умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ бояд ҳамчун зуҳуроти сиёсат ва идеологияи ифротӣ дар ҷомеа ва давлат дониста шавад, яъне он дар сатҳи шахсият ҳамчун зуҳуроти ғоя, дар сатҳи ҳокимияти давлатӣ ҳамчун зуҳуроти сиёсат ва дар сатҳи ҷомеа ҳамчун идеология шинохта шавад. Агар ифротгароиро ҳамчун ғояи шахсият, идеологияи ҷомеа ва сиёсати ҳокимият шуморем, пас мумкин аст онро чунин муайян намоем: экстремизми сиёсӣ зуҳуроти ифротии идеология ва сиёсат дар сатҳи ҷомеа ва ҳокимияти давлатӣ, ки усули ба мақсад ноилшавӣ дар ҳолат ва шароити муайян амалҳои зӯроварӣ ва терроризм мебошад. 
Ифротгароӣ одатан ҳамчун ғоя, идеология ва сиёсат, ҳамчун зуҳурот ҳамон вақте ба ҷиноят табдил меёбад, ки усули ноилшавӣ ба мақсад роҳи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ роҳи зӯрӣ ё усули террор интихоб карда мешавад. Ифротгароён метавонанд ба музокирот ворид гардида, шарт ба миён гузоранд, ки ӯҳдадориҳои муайянро ба зимма гиранд, ё ки қонунҳо ва роҳи ғайризӯрии ҳали масъаларо рад кунанд Ифротгароии идеологии сиёсиро мумкин аст ҳамчун шакли радикалии зуҳуроти миллию этникӣ, динӣ ва ҷиноию иқтисодӣ фаҳмида шавад. Ифротгароии миллию этникӣ дар зери идеологияи миллатгаро аз мавқеи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои миллӣ ё этникӣ бар зидди сиёсати милли ҳокимияти давлатӣ баромад мекунад, аз ин рӯ метавонад кирдори дар шакли миллатгароии канора, фашизм, саҳюнизм ва ғайра ба миён ояд. Ҳамин тариқ, ифротгароӣ метавонад аз идеологияи гузарои ақаллияти сиёсӣ ва сиёсати таъқиботкунии аксарияти сиёсӣ иборат бошад. 
Барои мубориза бар зидди ифротгароӣ дар баробари меъёри ҳуқуқии дар моддаи 8-уми Конститутсия омада, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм”, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тамоми чораҳои қонуниро меандешанд, ки мардуми кишварро аз ифротгароӣ ва ифротгароён ҳимоя намоянд. 


Нуров Ш.С. мудири кафедраи менеҷменти молиявии ДДМИТ