Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ИДЕЯИ ДАВЛАТИ ТЕОКРАТӢ – ИДЕЯИ БУНБАСТӢ

Кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон дар байни давлатҳои қудратманд ҳанӯз аз солҳои 90-уми садаи ХХ оғоз гардида буд ва ин раванд то имрӯз идома дошта, ҷаҳони муосирро ба як буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ табдил додааст, ки баъзан бо анҷом ёфтани террору ҷангҳои хунини қавмӣ ва динӣ-мазҳабӣ сурат мегирад.
Ин падида солҳои охир, бахусус дар ҷаҳони ислом дар шаклҳои тезутунд воқеъ гардида на танҳо боиси вайрон шудани амну субот ва бавуҷудоии буҳрони иқтисодӣ дар кишварҳои ҷаҳони сеюм шудааст, ҳамчунин ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии умуман ҷаҳони муосир таъсири бад мерасонад. Дар ин раванд имрӯз, бахусус омили исломгароии сиёсӣ нақши бориз мебозад. Қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ(геополитикӣ)-и худ дар ҷаҳони ислом кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки бо такя ба эътиқоди динии мардум аз он тафовутҳое, ки миёни фирқаву мазҳабҳои исломӣ вуҷуд дорад, сӯйистифода намоянд. Барои расидан ба ин ҳадаф бо дасти худи мусулмонон ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии хусусияти динии ғайрисуннатидоштаро таъсис дода, онҳоро байни мусулмонони кишварҳои исломӣ аз тариқи роҳҳои мухталиф интишор медиҳанд ва барои чунин амал маблағҳои ҳангуфт сарф месозанд. Намунаи чунин ҳизбу ҳаракатҳо, ки имрӯз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз худ дарак медиҳанд, Салафия, Ҳаракати исломии Туркистон, Толибон, Ҷамоати таблиғ, Ҳизб-ут-таҳрир, Ансоруллоҳ ва амсоли инҳо мебошанд. Дар чанд соли охир бо дасти чунин ҳизбу ҳаракатҳо қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ тавонистанд, ки дар Либия, Тунис, Алҷазоир, Миср, Ироқ, Сурия, Нигерия ва ғайра тазоҳуротҳои сиёсӣ ба вуқӯъ пайваста, ин кишварҳоро аз рушди устувор на танҳо боздоранд, ҳамчунин ҷаҳони исломро ноором сохта, нуфузи худро дар ин мамолик нигоҳ доранд.
Идеяи ҳокимияти теократӣ, ки бунёди онро назарияҳои динӣ ташкил медиҳанд, махсусан дар паҳнои кишварҳои мусулмоннишин тавассути воситаҳои гуногуни иттилотӣ (садҳо сайтҳои интернетӣ ва шабакаҳои радиоиву телевизионҳои қоравӣ) таблиғ ва талаққӣ мегардад, ки бештар дар шакли «хилофати исломӣ» садо медиҳад. Агар ба моҳияти ин ақида аз назари таҳқиқ бинигарем, хоҳем дарёфт, ки ин ақидаи бунбастиро, танҳо ба хотири ҳарҷу марҷ ва бархӯрд нигоҳ доштани ин кишварҳо тарроҳӣ намудаанд, то ҳувияти миллии мардумони ин минтақаро саркӯб созанд ва натиҷатан ҷараёни азбайнравии давлатҳои миллиро таъмин кунанд.
Аз замони оғози даврони навин дар Аврупо, ки бунёди онро ҷомеаи сармоядорӣ ташкил медиҳад, ба хотири даст ёфтан ба захираҳои муҳими ашёи хом ва истифода аз қувваҳои арзони корӣ сармоядорони Ғарб ба мустамликакунонӣ ва тақсими ҷаҳон шурӯъ намуданд. Қабл аз он ки минтақа ё давлате аз ҷониби онон ғасб шавад, сараввал гумоштаҳои хешро ба ин давлатҳо мефиристонанд ва муҳиммияти тарзи зиндагӣ, арзишҳои фарҳангӣ, бовару эътиқод, мукаддасот ва нуқтаҳои заъфи мардуми онро бозомӯзӣ менамуданд. Ин қудратҳо дар минтақаҳои мусалмоннишин, ки таърихан дар онҳо масоили зидду нақиз ва бархӯрдҳои мазҳабию фирқавӣ мавҷуд буд, кӯшиш намудаанд, то ҳамин ихтилофро пайгирона барои тавсияи манофеи худ истифода кунанд. Дар кишварҳои мустамликашуда ҳамеша аз омили динӣ кор гирифта, ба хотири тасаллут ёфтан ва дар як сатҳи бунбастӣ қарор гирифтани мардумони ин кишварҳо арзишҳои диниро тарвиҷ кардаанд. Ҳадафи асосии чунин амал барои истеъморгарон чанд афзалият дошт, аз ҷумла:
Аввал, дар ҷомеаи суннатии дингаро арзишҳо ва чорчӯбаҳои  тарзи зиндагӣ муайянанд ва тағйироту дигаргунӣ дар онҳо ба душворӣ ба амал меояд, зеро  ҷомеаи динсолор навгароӣ ва дигарандеширо қабул надорад. Чун баёни чизи нав ё андешаи озоду илмӣ метавонад меъёрҳои муқаррарнамудаи шаръиро шиканад, аз ин хотир дигарандеш дар ҷомеаи динсолор ҳамеша бо хатари вуҷудӣ мувоҷеҳ аст ва душмани низоми мавҷуда ба ҳисоб меравад.
Дувум, барои истеъморгарон ҷомеаи динсолор аз он ҷиҳат қобили аҳамият аст, ки дар он метавон ба осонӣ унсурҳои тафриқаандоз ва низоъбарангезро  ба вуҷуд овард ва бо тақсими ҷомеаи мустамликашуда ба гурӯҳҳои зид, онҳоро байни ҳам тарс дода манфиат ва ҳокимиятро тасаллут бахшид. Чунин вазъ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки маънавиёти ҷомеаи динсолорро донишҳои динӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо бештар хусусияти нақлӣ дошта, дақиқу саҳеҳ нестанд.
Сеюм, ҷиҳати бартарияти ҷомеаи динмеҳвар барои истеъморгарон он будааст, ки чунин навъи ҷомеа хусусияти авторитарӣ дорад ва гурӯҳу тӯдаҳои мардум бо имону ихлоси зиёд ба як шахсияти рӯҳонӣ такя мекунанд. Истеъморгарон авторитетҳо (рӯҳониён)-ро ба худ тобеъ намуда, тавассути онон манофеъ ва қудрати худро тасаллут мебахшанд, ки хеле камхарҷ мебошад.
Чорум,  бартарияти ҷомеаи динмеҳвар барои мустамликадорон он аст, ки дар чунин навъи ҷомеа ҳувияти динӣ  аз ҳувияти миллӣ болотар қарор мегирад  ва доиман ҳувияти динӣ ҳувияти миллиро саркӯб намуда, идеяҳои космополитизмро тарҷеҳ медиҳад. Чунин вазъ ба он хотир назди мустамликадорон соҳиби эътибор аст, ки муқовиматҳои миллию озодихоҳиро саркӯб мекунад ва манфиатҳои мустамликадоронро ҳимоят менамояд. Ҳамчунин авторитетҳои кишварҳои мустамликашудаи динмеҳварро тобеи худ мегардонанд ва аз ин роҳ ба қудрати ҳокимияти худ таҳким мебахшанд. Чунин тарзи тафаккур дар дусад соли охир дар кишварҳои мусалмоннишин амал менамояд. Ҳамин аст, ки барои истеъморгарон ба вуҷуд омадани низомҳои ғайридинӣ ва тавсияи донишҳои илмӣ дар кишварҳои дасти севум манфиатбахш нест. Онҳо ҳамеша бовару эътиқоди ин мардумро ривоҷ медиҳанд ва бештар масрафу сармоягузориро низ ба корҳое «дархӯр» равона месозанд, то минбаъд ҳокимияти рӯҳониён истеҳком пайдо намояд ва манфиатҳои онҳоро дар оянда низ ҳимоят кунанд. Қудратҳои ҷаҳонӣ, агарчи имрӯз даъво пеш меоранд, ки замони мустамликадорӣ ба поён расидааст ва имрӯз ҳама давлатҳо баробаранд, зоҳиран гӯё ин масъала дуруст аст, вале дар асл, ҳеҷ гоҳ чунин нест, фақат равиши мустамликадорӣ ва истеъморгарӣ шаклҳо ва қолабҳои навтару беҳтарро бо назардошти рушди сареъи технологияи муосир ва ҷаҳони иттилоотӣ дигар кардааст. Бозиҳое, ки имрӯз дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ва дар маҷмӯъ, кишварҳои мусалмоннишин сурат мегиранд, давоми ҳамон бозиҳои бузург ба ҳисоб мераванд. Мардумони ғафлатзадаю нодонро, ки донишу ҷаҳонбинии васеъ надоранд, бо пулу сармоя, яроқу техникаи ҷангӣ муҷаҳхаз ва  онҳоро гӯё ба хотири дифои дину мазҳаб  ва муқаддасот сафарбар мекунанд, то дар роҳи «ҳақ» ғазоват намоянд. Яъне ҳанӯз ҳам таассубзадагӣ, нодонӣ ҷаҳолатпешагӣ, ки аз роҳбарони кишварҳои мусалмоннишин, ки мусалламан аксарашон дастнишондодаи мустаъмиринанд, маншаъ мегирад, дар  байни бештари афроди ин ҷомеаҳо ривоҷ ёфтааст. Даҳшате, ки имрӯз Сурияю Ироқ, Афғонистону Лубнон ва дигар кишварҳои мусалмоннишинро фаро гирифтааст, бозгӯи бебаҳси ҳамин воқеияти талхи ҷаҳони муосир аст.
Назарияҳои инқилобҳои динӣ ва амалияи онҳо низ аз тарафи назария- пардозони кишварҳои истеъморӣ таҳия шуда, ҳадафи ниҳоии ин навъ назарияҳо хизмат кардан ба ин кишварҳо мебошад. Натиҷаи ин инқилобҳо сабаби ба вуҷуд омадани давлатҳои беҳувият, вопасгаро, анархистӣ ва истибдодӣ мешавад, ки дар он озодиҳои инсонҳо саркӯб шуда, донишу истеъдод ва улуми табииву технологӣ рушд намекунанд ва мардумони ин кишварҳо дар ҳолати фақру инзиво қарор гирифта, ба бозору дӯкони кишварҳои пешрафта вобаста мешаванд.  
Ҳарчанд кишварҳои абарқудрат ба истифода аз таҷрибаи дунявият, ақлгароӣ, озодандешӣ ба мувафақиятҳои беназир даст ёфта бошанд ҳам, дар кишварҳои мусалмоннишин аз рушди таассуби динии мусалмонон ва тундгаросозии онон кор мегиранд, ки амалияи ин ҳадаф ба вуҷуд овардани инқилобҳои исломӣ ва аз байн бурдани озодандешиву секулоризм аст.
Айни замон қудратҳои ҷаҳонӣ барои дар зери султаи худ нигоҳ доштани кишарҳои нафтистеҳсолкуни ҷаҳонӣ, ба мисли Арабистони Саудӣ, Эрон, Ироқ, Кувайт, Қатар, Сурия, Туркия, Либия ва амсоли ин онҳоро дар тахтаи шатранҷ бо сенарияи мазҳабӣ  чун муҳраҳо дар бозӣ оварданд. Ин кишварҳо барои бархӯрди манфиати абарқудратҳо ва аз нав тақсим кардани ҷаҳон размозмоишгоҳ ва майдони таҷрибавӣ мебошанд. Ҳарчанд дар бархӯрди ин кишварҳо масоили мазҳаб ва махсусан, бархӯрди пайравони ташаюъ ва аҳли суннат ҳамчун як омили таърихӣ ба назар расад ҳам, вале он на барои мардумони ин кишварҳо, балки барои тарроҳони бозӣ хидмат менамояд.
Хулоса, дар асри имрӯз назарияҳои ҳокимиятҳои теократӣ, инқилобҳои динӣ ва созмон додани ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва мазҳабӣ давоми мантиқии мустамликакунонӣ ва ба вуҷуд овардани назми нави ҷаҳонист, ки миллатҳо ва давлатҳое, ки зарфияти огоҳии дурусту илмии сокинонаш камтар бошад, дар хатари ноамнию нобудӣ қарор хоҳанд гирифт. Имрӯз ҳар нафарро зарур аст, ки ба таблиғоти густурдаи ҳокимияти теократӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти динидошта, на аз рӯӣ эҳсос, балки аз рӯи таҳлили мантиқиву хирадӣ муносибат намуда, масоили марбутаро дар чаҳорчӯби тафаккури илмӣ арзёбӣ намояд. 


Эҳсони Илҳом