Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Нозим Нурзода, муҳаққиқ Наврӯзи Ҷамшедӣ – хамирмояи фарҳанги миллӣ ва ҳукумати дунявӣ

Дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик Наврӯз ба сифати ҷашни муҳимтарини аҷдодӣ ва миллӣ шинохта шуда, дар байни ҷашну маросими мутааддади милию мардумӣ ва динӣ-мазҳабӣ ҷойгоҳи вижа дорад. Фаротар аз ин, он бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонист, ки на танҳо ба як қавм, як миллат, як нажод мунҳасир мешавад (ниг.: Шаъбонӣ Ризо. Одоб ва русуми Наврӯз. –Душанбе: Пайванд, 2008. –С.11), балки бо қолабу шеваҳои гуногун дар зиндагии маросимии ақвоми мухталифи башарӣ ва дар маҷмӯъ, инсоният мақоми устувор пайдо кардааст. Дар дунё, аз қадим то имрӯз ҷашну маросимҳои зиёде мавриди таҷлил қарор гирифта ва мегиранд, ки хусусиёти қавмӣ, қабилавӣ, этникӣ ва динӣ дошта, бо ин ё он васила дар доираи фарҳанги қавмӣ ва динӣ маҳдуд мешаванд. Вале Наврӯз аз ин қоида мустасност, чунки он аз дониш, хирад, фарҳанг ва меҳр сарчашма гирифта, бо ин ҷавҳарҳои шарифи инсонӣ азалан ва абадан пайванд аст ва он чӣ ки бо хирад ва меҳр иртибот дорад, ҳеҷ гоҳ кӯҳнашавиро намепазирад, дар масири таърих ҳамвора бо инсон ҳамқадам ва ҳамқисмат мешавад, пайваста дар маҷрои таҷдиду таҳаввул қарор мегирад. Ҳар қавму милали ҷаҳон дар тӯли таърихи инсонӣ бо донишу биниши илмӣ-фарҳангӣ миёни мардуми дигар маъруфият касб мекунад. Мусаллам аст, ки дар танзими зиндагии мардуми ҷаҳонӣ нақши ҷашну маросим хеле муассир буда, қавму миллиятҳои гуногун тавассути ин тарзи фаъолият ва биниш ба саҳнаи фарҳангӣ ворид мегарданд. Дар саҳнаи зиндагии фарҳангӣ мардуми форсу тоҷик бо Наврӯз -- ҷашни хеле бостонӣ ва фарҳангӣ ворид гардида, ба ҷаҳониён пайѓоми хираду дониш, фахзилатмандию инсонпарварӣ, меҳрварзию мардумсолорӣ додааст. Чун сухан аз боби биниш – тарзи дарку фаҳми ҷаҳону ҳастии инсонӣ дармеояд, қабл аз ҳама, мафҳуми огоҳию хирад пеши назар ҷилвагар мегардад. Ин огоҳию хирад аст, ки инсониятро аз кӯҳнашавию фарсудагии равонию фикрӣ эмин дошта, ба сӯйи таҷдиду навоварӣ раҳнамун месозад. Наврӯз бо огоҳию хирад ва навию навоварӣ алоқаманд буда, метавон онро ҷашни хирадмаоб талаққӣ кард. Дигар ин ки Наврӯз бо номи шаҳриёри фарзонаи нимустуравӣ ва нимавоқеии мардуми ирониасл Ҷамшед сахт пайваст аст. Ба сухани дигар, Ҷамшед симои марказӣ дар ташкили аввалин ҷашни Наврӯз мебошад (ниг.: М. Ҳазратқулов. Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол. –Душанбе: «Эр-граф», 2012. –С.28). Ҷамшед, ба қавли муҳаққиқон, нахустин инсон ва аввалин шаҳриёри донишманди ҷаҳони ориёист, ки мушкилоти зиндагиро дар мизони ақлу хирад баркашида, дар ҳалли масоили муҳим аз донишу биниши воқеӣ мадад ҷустааст (ниг.: Ҷамолӣ М. Сиёҳмашқҳои рӯзонаи як файласуф. Бахши дуввум. – Ландан: Курмалӣ, 1995. –С.15-26). Ин шаҳриёри дерин танҳо бо хираду фарҳанг дигаргун кардани ҷомеаи инсониро имконпазир дониста, ба хотири саодатманд сохтани мардум ва аз ҷаҳлу залолат наҷот додани инсоният аз усули биниши илмӣ кор гирифтааст. Ҷамшед – оварандаи Наврӯз бо истифода аз усули корагари илму хирад дар замин сохтани биҳиштро ба нақша мегирад ва рӯзи ба итмом расонидани сохтмони биҳишти рӯйи заминро Наврӯз меномад (Ҷамолӣ М. Шоҳнома ва мо. Дафтари нахуст.- Ландан, бидуни соли нашр. –С. 24). Дар ҳазораи Ҷамшед, ки Наврӯз бо он даврон тавъам аст, дарду газанд, хорию забунӣ, ҷаҳлу ҷалолат, сардию хунукӣ, беморию марг ва бадбахтию беадолатӣ аз авроқи зиндагии инсонӣ барканда шуданд ва ин нуктаро дар китоби динии «Минӯи хирад» таври зайл мехонем: «Аз Ҷамшеди хубрамма писари Вивангаҳон ин судҳо буд, ки шашсад сол барои ҳамаи офарандагони Урмузд бемаргӣ фароҳам овард ва ононро орӣ аз дарду пирӣ ва офат кард» (ниг.: Минӯи хирад. Тарҷумаи Аҳмади Тафаззулӣ. – Теҳрон, 1364. -С. 43). Дар китоби «Вандидод» (фаргарди дувум, бахши якум, банди 5), ки ба зиндагиномаи Ҷам ихтисос ёфтааст, Ҷамшед дар посух ба пурсиши Аҳуромаздо муфтахирона мегӯяд: «Ман ҷаҳони туро фарохӣ бахшам. Ман ҷаҳони туро биболонам ва ба нигаҳдории (ҷаҳониён) солору нигаҳбони он бошам. Ба шаҳриёрии ман на боди сард бошад, на (боди) гарм, на беморию на марг» (ниг.: Вандидод, фаргардҳои 1-8. Ҷилди аввал. Тарҷума ва пажӯҳиши Ҳошим Разӣ. Теҳрон, 1385. -С. 425). Ҷамшед бо силоҳи илму хирад муҷаҳҳаз буда, тавассути ин силоҳи асосӣ муборизаро бо мушкилоти рӯзафзуни оламу ҳастӣ оѓоз менамояд ва дар пайи муборизоти шадид бо хатарату фаҷоеъ аз аслиҳаи тавонои тафаккур ва биниши илмӣ корбаст мекунад. Қудрату неруи илмию эҷодии Ҷамшедро ҳатто Аҳурамаздо – Худои тавонои ойини зардуштӣ эътироф карда, ба паёмбар Зардушт хитобан гӯшзад кардааст: «Ҷамшед сахт зирак буд ва барои ҳамин ҳам рисолати пайѓамбариро қабул накард ва гуфт, ки ман аз уҳдаи корҳои заминӣ бармеоям» (ниг.: Баҳор Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Ирон. – Теҳрон, 1378. –С. 37). Дар оѓози давраи салтанати Ҷамшед мушкилоту хатароти зиёде мардумро думболагир шуданд ва шаҳриёри хирадманд ва мутафаккир баҳри рафъи ҳаводис ва мушкилоти ҷойдошта аз бинишу тафаккури мантиқӣ истифода бурд. Тибқи таъкидоти устурашиносон, дар айёми ҳукмронии Ҷамшед яхбандӣ ва сардӣ то 33 дараҷа расида, зиндагии мардумӣ табоҳу вайрон мегардад (ниг.: Толеъ Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан.Теҳрон, 1386. -С.156) ва шаҳриёр бо истифода аз ақлу тафаккури созанда мардумро аз ин ҳолати ногувор наҷот мебахшад. Ҷашни Наврӯз, ки реша дар поён гирифтани яхбандон ё «зимистони девофарида» (дар фаргарди нахусти «Вандидод» аз мушаххасоти он ёд шудааст) дар даврони Ҷамшед дорад. Бо поён ёфтани яхбандон ва дар ҳақиқат, даврони «варнишинӣ» - и иҷборӣ, ориёиҳо фарҷоми зимистонро ҷашн гирифтанд. Сипас, бар асари дастёбӣ ба дониши ахтаршиносӣ ва натиҷатан, илми гоҳшуморӣ, Наврӯзи ҷамшедӣ дар рӯзи поёни зимистон ва ё оѓози баҳор қарор гирифт (ниг.: Толеъ Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. Теҳрон, 1386. -С.161). Наврӯзи Ҷамшедӣ ҷашни тантанаи меҳр, хирад, адолат, озодӣ, накӯӣ ва билохира бинишсозӣ буд. Тибқи маълумоти маъхазҳо, Ҷамшед рӯзҳои моҳро бахш карда, 5 рӯзи нахустро барои бузургон, 5 рӯзи дувумро Наврӯзи подшоҳ қарор дод, ки дар он ҳадяҳо медод ва инъомҳо мегирифт, 5 рӯзи севумро барои коргузорони шоҳ ниҳод, 5 рӯзи чорумро барои вижагони шоҳ гузошт, 5 рӯзи панҷумро барои сипоҳиён ниҳод ва 5 рӯзи шашумро барои раъоё гузошт, ки маҷмӯан, 30 рӯзро ташкил медод ва муддати моҳ Наврӯз таҷлил мешуд (ниг.: Ҷоҳиз Абӯусмон. Наврӯзи бостонӣ. – Теҳрон, 1384. -С. 14). Ба таъбири дигар, Ҷамшед тӯли як моҳ бо тамоми ниҳодҳои иҷтимоӣ Наврӯзро таҷлил мекард. Дар фарҳанги бостонии форсу тоҷик умри ҷаҳон 12 ҳазор сол муқаррар шуда (ниг.: Ниберг С. Динҳои Ирони бостон. – Теҳрон, 1359.-С.388), ки 8 ҳазори он ба таърихи инсонӣ марбут аст ва бо ҳазораи Ҷамшед оѓоз меёбад (ниг.: Ҷомӣ Муҳаммад Маҳдӣ. Адаби паҳлавонӣ. – Теҳрон, 1379. –С.18.). Ҳазораи Ҷамшед ҳазораи хирад ва фарҳанг аст. Маҳз ҳамин ҳазора ҳазораи Наврӯз, яъне ҳазораи таҷдиди фикрӣ, навандешӣ, навсозӣ, навофаринӣ ва рӯшангарӣ будааст. Ҷамшед бо замин ва зиндагии воқеӣ пайвастагӣ дошта, дар ин ҷаҳон комравоӣ ва инсонвор зистанро тарѓиб кардааст. Fояи дунявият, ки ҷомеаи мутамаддини урупоӣ аз он сахт истиқбол мекунад, дар таърихи илму фарҳанги мо решаҳои амиқ дорад. Ин Ҷамшед буд, ки ба бунёди ҷомеаи озоди мардумсолорӣ (демократӣ) ва дунявӣ камар баста, асос ва хишти нахустини чунин ҷомеаро дар таърихи фарҳанги миллӣ гузошт. Ӯ бо воқеъбинӣ, андешамандӣ ва дунёпарастии худ, ки ҳамагӣ ба биниши илмӣ гироиш доранд, дар олами андешаи миллӣ соҳибмақом гардидааст. Файласуфи муосири тоҷик Комил Бекзода, ки дар атрофи ин шахсияти нимустуравӣ ва ниматаърихӣ пажӯҳишу ковишҳои зиёде анҷом додааст, мавзӯи мазкурро пайгирӣ намуда, ба ин натиҷа расидааст: «Ҷамшед ҳамчун як шахси таърихӣ, дар маснади фарҳанги эронӣ ва ҳиндӣ қарор дорад. Дар ҳарду фарҳанг ба ҷиҳатҳои дунявӣ, воқеъбинӣ ва ѓайридинии Ҷамшед таъкид шудааст. Дар ҳамин асос метавон ба ин натиҷа расид, ки асосгузори назари миллӣ ва озодандешии мардумони форсу тоҷик маҳз ҳамин Ҷам писари Вивангаҳон будааст» (ниг.: Комил Бекзода. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. – Душанбе: Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоуддинов, 2012. –С.50-51). Дар фарҳанги ҷамшедӣ ҳар кӯшише, ки бо хирадварзӣ робита дошта, бар раѓми ҷаҳлу залолат равона шуда буд, сутуда шуда, он пирӯзиро Наврӯз мегуфтанд ва ҳамагон бо шодию сурур таҷлил мекарданд. Дар мушкилтарин вазъият, ки ҷаҳолат бар адолат чангол задан мехост, Ҷамшед падид меомад ва торикӣ (ҷаҳолат)-ро бо рӯшноӣ (хирад) рафъ мекард. Фарҳангшиноси асримиёнагии форсу тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ нақлеро меоварад, ки тибқи он Иблиси лаин баракатро аз мардум зоил мекунад, мардумро ба қашшоқӣ ва гуруснагӣ мувоҷеҳ сохта, бад-ин тартиб дунёро нобуд кардан мехоҳад. Ҷамшед бо амри Худованд ба манзили Иблису пайравони ӯ меравад, зулму залолатро барҳам зада, баракату фаровониро меорад, мардум ин рӯзро Наврӯз мегӯянд ва ҷашн мегиранд (ниг.: Берунӣ А. Осор-ул-боқия. – Душанбе: Ирфон, 1990. –С. 235-236.). Доду додгарӣ дар фарҳанги сиёсии ақвоми иронитабор аз Ҷамшед шурӯъ мешавад ва аҷобат дар ин аст, ки додгарӣ ба замони зуҳури Наврӯз иртибот гирифтааст. Ин аст, ки муаррихи маъруфи асримиёнагӣ Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ Наврӯзро сароѓози додгарии Ҷамшед донистааст (ниг.: Таърихи Табарӣ. Таълифи Муҳаммад бини Ҷарири Табарӣ. Ҷилди аввал. Тарҷумаи Абулқосими Поянда. Теҳрон: Нашри асотир, 1352. –С.21). Наврӯз чун бо хирад ва тафаккури созанда бастагӣ дорад, бегумон, ормону орзуи инсонсозиро дар худ ѓунҷонидааст. Меҳвари ормони мардуми ҳушманди форсу тоҷикро аз бомдоди фарҳанги миллӣ инсонсолорӣ ва мардумпарастӣ ташкил медод. Ободии иҷтимоӣ ва рифоҳи зиндагӣ танҳо дар сурате даст медиҳад, ки инсон ҷустуҷӯгар, ҳушёру зирак, меҳрварзу хирадпарвар бошад. Дар ин росто, ҷашни Наврӯз ҷашни растахези табиат, таҷдиди зиндагӣ, ҳаракат, ҷунбиш, такопӯ ва кор аст (Разӣ Ҳошим. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Ирони бостон. Теҳрон, 1380.–С.274). Ҷашнҳои миллии мо (Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада), ки Наврӯз муҳимтарини онҳост, барои танзими барномаҳои зиндагии инсонӣ офарида шудаанд (ниг.: Рӯҳуламинӣ Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз. Теҳрон, чопи аввал, 1376. –С.15). Ин аст, ки дар маркази таваҷҷуҳи ҷашнҳои миллӣ, минҷумла Наврӯз зиндагӣ, шинохти мақоми инсон, сохтмони зиндагии шоиста ва арзанда барои инсоният меистад. Устураҳои куҳан аз соҳиби «фар» будани Ҷамшед дарак додаанд. «Фар» маънои дониш, биниш, рӯшноӣ, шукӯҳ ва қудратро дорад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома аз тахти бо фар сохтаи шаҳриёр ёдовар шуда(ниг.:«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҷилди аввал. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1388. –С.55), аз бузургии шахсияти сиёсию фарҳангии Ҷамшед ва ҷомеаи бо хирад сохтаи ӯ сухан дар миён меорад. «Фар» истилоҳи фалсафиест, ки ҳам дар асотири пешин ва ҳам дар «Шоҳнома» меъёри зиндагии инсониро ташкил дода, пешрафти ҷаҳони зоҳирию ботинии инсонро ба он марбут медонанд. Ба забони имрӯз, «фар» донишу биниш ва тафаккури созандаи инсон аст, ки ба василаи он зиндагии инсонӣ мураттабу мукаммал мегардад. Тибқи ахбори сарчашмаҳо, дар давраи салтанати Ҷамшед дарду газанд, хорию забунӣ, ҷаҳлу ҷалолат, сардию хунукӣ, беморию марг ва бадбахтию беадолатӣ аслан вуҷуд надоштанд ва ин нукта дар кутуби пешини динӣ-мазҳабӣ низ таъкид шудааст(ниг.: Минӯи хирад. Тарҷумаи Аҳмади Тафаззулӣ. – Теҳрон, 1364. –С. 43.). Ҳазораи Ҷамшед ҳазораи хирадварзию навандешӣ маҳсуб мешавад. Наврӯз, ки дар худ гармию меҳрварзиро таҷассум мекунад, аз оѓоз дар муқобили сардию сармо, дарду бало, ҷабру ҷафо ва ҷаҳлу хато қарор дошт. Таъкид кардан бамаврид аст, ки зимистон ва сардӣ дар фарҳанги ориёӣ рамзи торикӣ, ҷаҳолат ва бадбахтӣ буда, тибқи ривоёт, Ҷамшед барои раҳоии мардум аз сармою сардии шадид диже месозад ва бад-ин минвол, инсониятро дар гамию нармӣ нигоҳ медорад (ниг.: Баҳор Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Ирон. – Теҳрон, 1362. –С. 165-169). Маълум аст, ки ҳар ҷомеае, ки бо хирад ва тафаккури ҷадид мусаллат аст, кори хайр барои худ ва барои дигарон анҷом дода метавонад ва ҷомеаи муосири тоҷик, бо доштани савобиқи амиқи илмию фарҳангӣ дар раванди бозсозии тафаккур ва навсозии биниши миллӣ метавонад саҳми муносиб гузорад. Гузашта аз ин, хамираи Наврӯзи Аҷам бо хирад ва биниши воқеӣ сиришта шудааст ва бо қидмату навпардозӣ насл ба насл, давра ба давра ва марҳила ба марҳила то замони мо расида, ба ин тарз ба оянда мунтақил гардида, дар азнавсозии тафаккур, биниш ва ҳувияти миллӣ нақши муассир хоҳад гузошт.