Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Хиёнати рӯҳонӣ дар вазъи буҳронӣ

Баъзе ҳодисаҳое, ки имрӯз дар маҳдудаҳои миллӣ ва фаромиллӣ рух мезананд, гувоҳи онанд, ки бештар ҳодисаҳои ба хиёнат марбут характери субҷӯёна, худбинона ва авомфиребона доранд. Дигар ин ки судҷӯйӣ ва авомили ба он иртиботдошта инсонро ба сӯйи хиёнат дар ҳар шакле тела медиҳад. Бо назардошти муҳтавиёт хиёнат ба гурӯҳҳои мутафовит ҷудо мешавад: хиёнат ба миллат, мардум ва Ватан, хиёнат ба хонавода ва қабила ва ғайра. Хатти меҳварии хиёнат ҳамон кори субъективии нодуруст, беинсофона, бешарафона ва ноҷавонмардона, бадбинона, бадкирдорона, худхоҳона, мутаккабирона, барқасдона, кинаварзона нисбат ба объект -- муҳит ва фазои иҷтимоӣ, ки дар он, албатта, инсонҳо ба сар мебаранд, мебошад. Фаразан, агар шахс ба хонавода ва муқаддасоти хонаводагӣ хиёнат кунад, ба хиёнате, ки як шахс ё гурӯҳи муайян дар баробари давлат, миллат, халқ ва ватан анҷом медиҳад, баробар аст. Бинобар ин, хиёнат дар ҳар шакле омили бесуботӣ, нооромӣ, ноамнӣ, нотифоқӣ, парешонӣ, сардаргумӣ, бунбастӣ, яъсу ноумедӣ, худфиребӣ, хушкбоварӣ ва хушкандешӣ мегардад. Тайи саҳнаи таърихи миллӣ хиёнат ва хиёнатпешагӣ ба унвони мудҳиштарин ва хатарноктарин зуҳуроти иҷтимоӣ «ҷилва» намуда, ҷомеаро дар ҳар давру замон осебпазир сохта, раванди тасаллути мафкура ва фарҳанги бегонаро ба таври тадриҷӣ таҳкиму тақвият бахшидааст. Хиёнате, ки алайҳи қаҳрамонони таърихи миллӣ Спитамон, Муқаннаъ, Бобаки Хуррамдин, Абумуслими Хуросонӣ, Темурмалики Хуҷандӣ, Маҳмуди Торобӣ, Мавлонзодаи Сарбадор, Восеъ ва дигарон сурат гирифтааст, бештар аз ҷониби «худӣ»-ҳо ба амал омада, решаҳои зулму истибдод ва тааррӯзу зӯриро дар минтақа амиқ карда, тасаллути бечуну чарои гумоштагони аҷнабиро таъмин намудааст. Албатта, дар ин миён ҳамеша хиёнати рӯҳонияти исломӣ дар таърихи ватанӣ ҷойгоҳи махсус дорад ва ин тоифа дар вазъияти ногувори сиёсию иҷтимоӣ на танҳо аз ватан, халқ, миллат ҳимоят намекарданд, балки аз ҳар ҷиҳат, тавассути приёмҳои маъмул – мавъизаю насиҳат, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мардумро аз муборизаву муқовимат бо адувони миллӣ ва марзбумӣ дур мекарданд ва бо ин амали нангин хиёнат ба ватан менамуданд. Ногуфта намонад, ки дар пахши исёну шӯришҳои мардумӣ алайҳи аҷнабиён дасти хиёнати рӯҳоният басо назаррас аст. Ҳамчунин дар барандохтани давлати миллии Сомониён нақши хиёнаткорони расмӣ-давлатӣ Фоиқ ва Бектузун, ки дар хидмати рӯҳонияти мутаассиб буданд, калидӣ аст. Ин аст, ки дар пардаи элитаи сиёсӣ ва давлатӣ ҳам хиёнаткорон «пинҳон» шудаанд ва замон ва пайти муносибро ҷуста, рӯйи давлати миллӣ хатти бутлон мекашанд. Миллати тоҷик тайи таърих бештар бар асари хиёнати рӯҳоният осеб дидааст ва осебҳои зиёди ҷисмонию равониро ҳатто имрӯз метавон дар пайкари хастаи миллати тоҷик эҳсос кард. Хиёнати ин қишри фурсатталаб дар ҳуҷуми муғулу муғулзодаҳо ба мушоҳида мерасад. Муғулҳо тавассути найранги рӯҳоният ба Бухоро ворид гардиданд ва он шаҳри бузургро таллаву тороҷ карданд. Бо бегонагон забон як кардан, ба ришва тамоюл доштан, ишқ ба сарвату шуҳрати инҷаҳонӣ онҳоро ногузир ба иҷрои нақшаи шуми бегонагон водоштааст. Шӯриши Сарбадорон дар Самарқанд ҳам (соли 1365) бо мусоидати бевоситаи рӯхониёни хиёнтакор пахш шуда буд. Таҷрибаи хиёнат кардан дар ҳама ҳолат, махсусан дар вазъияти буҳронӣ ба тарафи душман гузаштан ва худиро тарк намудан барномаи зистӣ, маишӣ, сиёсӣ ва идеологии рӯҳоният буда ва ҳаст(ин ҷо ҳамаи рӯҳониён дар назар нестанд, аммо қисмати зиёди онҳо авзоъро ҳамеша бар нафъи худ истифода мебаранд ва боиси сар задани буҳронҳо мегарданд). Инро набояд аз ёд баровард. Бо дарназардошти шароит ва вазъияти фикрӣ, фарҳангӣ, фаннӣ, сиёсӣ ва тамаддунӣ, технологияи хиёнатпешагӣ тағйир меёбад ва дар ин раванд аз васила ва васоити наву ҷадид корбаст мешавад. Дар садади сохтани давлати миллӣ ба халқу ватани мо хиёнатҳои зиёде раво дида шуд, ки дар ин зумра метавон хиёнати генерал Ҳалим Назарзода ва раиси ташкилоти террористии наҳазтӣ М. Кабириро ном бурд. Амалиёти хиёнаткоронаи аввали сентябри соли 2015 нишон дод, ки моҳияти хиёнат дигар нашудааст, балки технологияи он тағйир ёфтааст. Истифодаи аслиҳаву муҳиммоти пешрафтаи ҷангӣ, сӯйиистифода аз бовармандӣ ва эътиқодоти мардумӣ, нохун задан ба торҳои эҳсоси омма, ба моҷаро даргир кардани гурӯҳҳои гуногун, таҳти фишори равонӣ ва иқтисодӣ қарор додани табақаҳои осебпазири иҷтимоӣ, харидани расонаҳои хабарию гурӯҳӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъол сохтани онҳо дар қиболи мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ба чеҳраҳои хабарсоз бадал кардани шахсиятҳои хиёнаткор ва амсоли инҳо ба унвони абзор ё приёмҳои наву замонавӣ дар бозиҳои имрӯзаи геосиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ истифода мешаванд. Дар ду-се соли ахир баъзе расонаю сомонаҳои мустақил ва ба доираҳои наҳзатӣ наздик маъракаи паҳну пахши навор-видеоҳои раҳбарияти созмони наҳзатиро вусъат бахшида, аз ин тариқ роҳи тасаллут бар равону зеҳни оммаро боз менамоянд. Раҳбари наҳзатӣ дар мусоҳибаи гузоришҳои худ аз калимоти сеҳрангези демократия, озодӣ, гуманизм, шоистасолорӣ ва амсоли инҳо сӯйистифода карда, алайҳи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон мешӯрад. Иллати аслии шӯришу исёни лафзию иттилоотии раҳбари наҳзатӣ аз саҳнаи сиёсии кишвар дур шудани ӯст. Бо дур шудан аз мансаб (манзур мансаби вакилӣ дар парлумони пойинӣ аст) ва саранҷом фирор кардан аз мамлакат, ӯ бо чанголу дандон обрӯ ва нуфузашро барқарор кардан мехоҳад. Аз ин рӯ, тавассути сомонаҳои таъсисдодааш ба парокандани иғвою дасиса ва найрангу тавтеа машғул мешавад ва ҳар воқеа ва ҳодисаро таҳриф карда, ба шунавандагону бинандагон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мерасонад. Аз ҳар воқеа ва ҳодиса бар нафъи худ суд ҷустан ва давлатро муқассир донистан ҳадафи раҳбарияти наҳзатӣ мебошад. Бо таҳрифи вақоеъ ва воруна нишон додани ҳаводис вай як навъ хиёнат мекунад. Гузориши ахири видеоии ӯ дар бораи воқеоти Ворух қудратталабӣ ва манфиатҷӯйиашро ба намоиш мегузорад. Чунон суҳбат мекунад, ки гӯйӣ аз дасташ ҳар коре меояд. Агар аз дасти ин гурӯҳ коре бармеомад, дар дохили Тоҷикистон анҷом медоданд ва ҳатто имрӯз ҳам дар хориҷ сӯйи кишвар сангандозӣ намекарданд ва ба манфиати миллат корхои шоистаеро ба сомон мерасониданд. Вале ҳайҳот, ки ба иғвогарию тавтеабофӣ ва ҳангомасозӣ машғул шуда, ба мардум ва ватан хиёнат мекунанд. 

Фаридун Ориёӣ 21 марти соли 2019