Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ИСТИФОДА АЗ ҶОСУСОН ХОСИ ТОҶИКИСТОН НЕСТ!

Баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати оқилона ва хирадмандонаи хориҷиро ба роҳ монда, онро расман сиёсати «дарҳои кушод» эълон намуда, ин нуқтаро дар Конститутсияи худ дарҷ кард. Дар моддаи 11 Конститутсияи Тоҷикистон гуфта шудааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайн мекунад». Тӯли 28 соли соҳибихтиёрӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи меъёрҳои муносибатҳои байналмилалиро риоя намуда, муносибатҳои ҳасанаро бо ҳамаи давлатҳо ба роҳ монд ва дар радифи манфиатҳои худ манфиатҳои дигаронро низ ба эътибор мегирифт ва гирифта истодааст. 
Мусаллам аст, ки миёни давлатҳо масъалаҳои ҳалталаб ҳамеша боқӣ мемонанд ва таҷриба нишон медиҳад, ки давлатҳои бе масъалаҳои баҳснок миёни якдигар вуҷуд надоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин қоида истисно нест. Яке аз мушкилиҳои асосии минтақаи Осиёи Миёна маъалаҳои сарҳадӣ мебошанд, ки мероси замони шӯравӣ мебошад. Миёни ҳамаи давлатҳои минтақаи мо баҳсҳои сарҳадӣ вуҷуд доранд. Яке аз чунин нуқтаҳо минтақаи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Суғд мебошад, ки бо вилояти Ботканди Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Дар замони шӯравӣ мушкилоти ин минтақа аз ҷониби ҳокимияти шӯравӣ нодида гирифта мешуд ва барои ҳалли оқилонаи он ягон ташаббуси ҷиддие гирифта нашуд. Бо ташаббуси давлату ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллат барои ҳалли ин масъалаи ҳалталаб иқдомҳои зиёде карда шуданд. Лекин бо сабабҳои гуногун ҳанӯз ҳам гоҳ-гоҳ дар минтақаҳои баҳсноки наздисарҳадӣ нооромиҳо сар мезананд. Муносибатҳои шарикона ва дӯстона тақозо мекунанд, ки давлатҳои ҳамсоя ва шарик мушкилиҳои баамаломадаро сари вақт бо назардошти манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳо ҳал кунанд. 
Муноқишаи рӯзҳои 13-14 март ба амаломада бо кӯшишу талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли оқилонаи худро ёфт ва дар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дарҷ карда шуд. Аммо душманони сулҳу дӯстӣ ва бародарии халқҳои тоҷику қирғиз бо ҳар роҳ мехоҳанд ин тавофуқи ба миёномадаро халалдор карда, ду миллатро ба якдигар ҳамчун душман муааррифӣ кунанд. 
Рӯзҳои охир дар васоити ахбори оммаи минтақа маълумотҳои дуруғу беасосе паҳн шуда истодаанд, ки гӯё ҷониби Тоҷикистон дар гуфтушунидҳои сарҳадӣ намояндагони ҷониби Қирғизистонро бо додани маблағ ба тарафи худ кашидааст. Паҳн шудани чунин маълумоти дуруғ ба зарари амну суботи минтақа буда, ба нафъи кор нестанд. Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дар сиёсати хориҷии худ меъёрҳои байналмилалиро поймол накардааст ва ба чунин амалҳои нангин даст назадааст. Рӯзноманигороне, ки чунин маводро нашр мекунанд, бояд паёмади суханҳои ноҷою бемантиқи худро донанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи баҳсноке чун масъалаи сарҳадӣ ҷосусонро истифода накардааст ва намекунад. 
Мо, мардуми Тоҷикистон навиштану паҳн кардани чунин маълумотҳои иғвоангезро маҳкум намуда, аз рӯзноманигорон хоҳиш менамоем воқеиятро аз рӯи виҷдон нишон дода, рисолати худро дар назди мардум иҷро кунанд.