Мақолаҳо
Хоинон аз хоинон қаҳрамон месозанд!
Бузургонро бузургон зинда медоранд! Дар воқеъ шахсиятҳои бузург зиндакунандаи шахсиятҳои бузург ҳастанд. Амали ин ҳикмати тоҷикиро мо имрӯз бевосита дар фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида метавонем. Ҳамагон шоҳидем, ки тӯли солҳои соҳибихтиёрӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат барои бузургдошти орифону шоирон ва бузургони миллату мазҳаб корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Солҳои бузургдошти Имоми Аъзам, Сино, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Рӯдакӣ ва дигарон мисоли гуфтаҳои боло ҳастанд. Ҳамаи ин иқдомҳо барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ нақши бузург хоҳанд дошт.
Чанд муддат мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару содаҳое оиди сафедкунии босмачиён пайдо шуда истодаанд ва ба майдони баҳс табдил ёфтаанд. Таърих исбот кардааст, ки ин ҳаракат характери зиддитоҷикӣ дошт ва бо ёриву дастгирии нерӯҳои хориҷӣ ба сари миллати тоҷик бадбахтиҳои зиёде оварда буданд. Оиди ваҳшонияти ин гуна афрод ва гуруҳҳои тундгаро садҳо адабиёти илмӣ таълиф шудаанд ва ҳамагон аз табиати ин ҳаракат огоҳанд.
Агар имрӯз ба шахсияти онҳое, ки ин ҳаракатро сафед мекунанд нигоҳ кунем, пас ҳайрон намешавем, ки барои чӣ онҳоро сафед мекунанд. Зеро «адвокатҳо»-и босмачиён аксаран гуруҳҳое ҳастанд, ки хосияти экстремистию террористӣ дошта, фаъолияташон тибқи қонун мамнуъ аст. Ду-се нафар хоин, ки бо ёрии моддиву маънавии хориҷиён созмони иғвоангези «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро таъсис додаанд, имрӯз даъво карда истодаанд, ки босмачиён каҳрамон буданду барои озодӣ мубориза мебурданд. Кадом озодиро шумо «паймониҳо» дар назар доред? Магар босмачиҳои турктабор барои озодиву мустақилияти тоҷикон мубориза мебурданд? Ҳамаи даъвоҳои шумо хандаовар мебошанд. Агар босмачиҳо ва сафедкунандаҳои онҳоро қиёс кунем, байни онҳо умумиятҳои зиёде аст. Алббата умумиятҳо дар рафтору кирдори зиддитоҷикӣ ва хоиниашон дида мешаванд. Босмачиҳо дини мубини исломро парчам карда, мехостанд манфиатҳои давлатҳои Ғарбро дар Осиёи миёна ҳимоя кунанд. Имрӯза хоинони миллат низ зери шиорҳои исломӣ фаъолият мекунанд. Роҳбарони ҳаракати босмачигарӣ тарбиятгирифтаи хориҷиён буданд. Хоинони наҳзативу гуруҳи 24 ё Паймони миллӣ низ чунинанд. Босмачиҳо бо ёрии молиявии хориҷиён бедодгариҳо карда, ба сари мардум бадбахтиҳо оварданд. Наҳзатиҳо низ солҳои 90-уми қарни гузашта аз рӯи ҳамин сенария кор карда, кишварамонро ба ҳалқаи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Хулоса чунин монандиҳо бениҳоят зиёданд.
Лекин мо – мардуми Тоҷикистон дигар ба ин гуна афсонаҳо ва суханҳои беасоси хоинон бовар намекунем ва намегузорем, ки ақидаҳои ғалату бемантиқ ва куҳнашуда ба ҷомеаи мо роҳ ёбанд. Мо қӯшиш мекунем, ки ҷавонону наврасони ҷумҳурияамонро дар руҳияи ватандӯстӣ, илмдӯстӣ ва кашшофиву навоварӣ тарбия карда, ба куҳнапарстӣ роҳ надиҳем.
Маҳина Илчибекова, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ