Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Назаре ба таърихи терроризм ва паёмадҳои он

Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. 

Эмомалӣ Раҳмон 


Новобаста аз забонзада будани мафҳуми «терроризм», таърифи он то кунун духӯра боқӣ мондааст. Мафҳуми «террор» (аз калимаи лотинии terror — ҳарос, даҳшат) дар забони форсӣ-тоҷикӣ ба маънои «ваҳшатафканӣ», «даҳшатафканӣ» ва ё «ҳаросафканӣ» истифода бурда мешавад. 


Истилоҳи «террор» ва «терроризм» бори нахуст дар Инқилоби кабири Фаронса (солҳои 1793–1797) аз тарафи якобинчиён ба кор бурда шудааст, вале ақидаи дигаре низ ҳаст, ки ин вожа шакли вайроншудаи калимаи арабии «таррор» аст. Таррор дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои роҳзану одамкуш, ки сабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳилагар, маккор, айёр тафсир шудааст. Аз ин рӯ шояд аврупоиён калимаи «террор»-ро аз калимаи «таррор» гирифта бошанд. 


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста иброз менамоянд, ки “Террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.” Терроризм ва экстремизмро метавон ҳамқадами инсоният шумурд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки дар Яҳудистон (Иуде) мазҳаби ханҷардорон (сектасикарев) амал мекард. Ҳанӯз дар асри I то мелод тарафдорони он бо римиён ҳамкорӣ намуда, аз ҷумлаи донишмандон, устодон, аъёну ашроф ва олимақомони миллати яҳудро ҷисман нобуд месохтанд. Файласуфи машҳури итолиявӣ Фомаи Аквинагӣ ва падарони дини масеҳӣ бошанд, қатли ҳокимеро, ки ба фикри халқ душман ё хиёнаткор аст, иҷозат медоданд. 


Терроризм ва экстремизм дар ҷой ва ҳолате пайдо мегардад, ки дар ҷомеа буҳрони амиқи ғоявӣ, мафкуравӣ ва низоми давлативу ҳуқуқӣ ҳукмфармо бошад. Вақте, ки дар ҷомеа гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, маҳаллӣ ва монанди инҳо пайдо мегарданд ва вақте гурӯҳҳои мазкур ба мақсадҳои худ бо роҳи қонунӣ ноил намегарданд, ба истифодаи зӯроварӣ, террори рақибони сиёсӣ, пешвоён ва намояндагони онҳо даст мезананд. 


Ба фаъолияти ТЭТ ҲНИТ мақомоти тоҷик аз аввал бо диди шубҳа менигаристанд ва дар бенизом гардидану ба ҷанги шаҳрвандӣ печидани Ҷумҳурии Тоҷикистон онро муқассир медонистанд. Инчунин борҳо исбот шудааст, ки митингу майдоннишиниҳои солҳои 90-уми қарни гузашта аз хориҷи кишвар тарҳрезӣ мегардид. 


Таассуфовар аст, ки ихтилофи андешаҳо дар масъалаҳои гуногун ба зиддиятҳои мусаллаҳона табдил ёфта, боис ба пайдоиш ва ташаккулёбии гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар ҷумҳурӣ гардид. Даҳшатовар он буд, ки роҳбарони мухолифин бо истифода аз гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мубориза бурданд. Кор то ба ҷое расид, ки ҷисман нобуд кардани рақибони сиёсиро оғоз намуданд ва дар ин роҳ натанҳо рақибони сиёсӣ ва муқобилонро, балки аҳолии бегуноҳро низ ба ваҳму таҳлука андохта, ҳаёти осоиштаро ноором намуданд. Бадбахтона дар баробари фаъолони сиёсӣ, ходимони давлатӣ, шахсиятҳои баруманди давлативу ҷамъиятӣ, аҳли зиё, кормандони соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг, намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон қурбонии гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ гардиданд. 


Хушбахтона, маҳз бо кӯшишҳои шабонарӯзӣ ва аз худ гузаштанҳои Пешвои миллат ва дастгирии аҳолии кишвар пеши роҳи ин бемаънигию ваҳшониятҳо гирифта шуд. 


Агар аз рӯйи ҷуғрофия терроризмро тақсимбандӣ намоем, он ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин охири тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ, кимиёвию биологӣ тақсим менамоянд. 


Кишварҳое, ки аз дигар давлатҳо зиёдтар зарар дидаанд ин ИМА, Русия, Ҳиндустон, Исроил, Колумбия, Ироқ, Алжир, Покистон, Уганда ва Шри-Ланка мебошанд. 


Агар мо хоҳем, ки зуҳуроти номатлуби экстремизм ва терроризм пешгирӣ ва решакан карда шаванд, бояд мо пеш аз ҳама, моҳият, сабаб ва мақсадҳои содиршавии онҳоро дақиқан муайян намоем. 


Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои бевоситаи терроризм ва экстремизм аз байн бурда шуданд ва инак зиёда аз бист сол аст, ки мардуми кишвар ҳаёти амну осоишта ба сар мебаранд. 


Хулоса, имрӯз ҳар як шаҳрванди ватанамон дар назди насли имрӯзу фардои кишвар вазифадор аст, ки сулҳу осоиштагӣ ва истиқлолияти миллиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорад, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳад ва нагузорад, ки Ватани бо заҳмату машаққат обод гашта истодаамонро хоинони ватану миллат дубора ба лонаи терроризм ва экстремизм табдил диҳанд. 


Неъматов И.У. декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт